Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№93 (3573) 23.07.2016

Дар бораи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъин намудани Давлатзода П.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Давлатзода Парвиз ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 июли соли 2016, № 729