Дар бораи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин намудани Ализода Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ализода Назирмад ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 21 июли соли 2016, № 727