21 июли соли равон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ректори донишкада Раҷабзода Маҳмадулло иброз намуд, ки дар донишкада чор факултет –романию германӣ, забонҳои шарқ, филологияи рус ва филологияи тоҷик амал мекунад. Инчунин 13 кафедра аз рӯи 27 ихтисос фаъолият дорад. Дар донишкада 181 нафар омӯзгор кор мекунад, ки аз ин шумора 13 нафарашон доктори илм, профессор, 28 нафар номзади илм, дотсент, 20 нафар номзади илм мебошанд. Дар донишкада 2501 нафар донишҷӯ таҳсил дорад.
-Донишкадаро солҳои хониши 2015 – 2016- ум 320 нафар, (се нафар бо дипломи аъло) хатм карданд.
Фаъолияти робитаҳои хориҷии донишкада хуб ба роҳ монда шудааст. 19 нафар омӯзгорони мо аз хориҷи кишваранд, яъне ҳашт нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 5 нафар аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, 1нафар аз Ҷумҳурии Мисри Араб, 2 нафар аз кишвари Ҷопон, 1 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Бразилия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар донишкада ба донишҷӯён таълими забон медиҳанд.
Дар донишкада 205 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 137 нафарашон духтар ва 112 нафарашон писаронанд гуфт Раҷабзода Маҳмадулло.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»