Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки даромади пулии аҳолӣ давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 8190,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 фоиз зиёд мебошад.
-Ба ҳолати якуми майи соли 2016 музди меҳнати номиналӣ дар ҷумҳурӣ 917,5 сомониро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш 33,1 сомонӣ ё 3,7 фоиз афзудааст. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати инсондўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2011 музди меҳнати ҳадди ақал 5 маротиба ва андозаи музди меҳнати миёна низ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бештар аз ду маротиба зиёд шуда, афзоиши музди меҳнат ба ҳисоби миёна давоми солҳои 2011-2015-ум 14 фоизро ташкил медиҳад,-зикр кард номбурда.
Бино ба гуфти ў, нимсолаи якуми соли 2016 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 72645 нафар муроҷиат намуданд, ки 45859 нафари онҳоро ҳамчун корҷў ба қайд гирифта, ба 30507 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Аз оғози соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 416 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки дар он 4160 корхонаву муассиса иштирок намуда, ба корҷўён 44980 ҷойи кории холиро пешниҳод намудаанд. Дар натиҷа, 5478 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 3227 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Тағойзода Сумангул Саид ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирӣ давоми шаш моҳ аз ҷумҳурӣ 308676 нафар ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳочири меҳнатӣ сафар кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз кам шудааст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бошад, дар ин давра 160434 нафарро ташкил медиҳад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»