Дидгоҳ

Туркия, Эрдуғон ва подоши амалҳо

№94 (3574) 26.07.2016

6a00d8341d156d53ef01b8d205dd15970c-700wiАз соли гузашта Туркия бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст. Соли 2015 дар ин кишвар 20 ҳамлаи террористӣ рух дода, дар ҳафт моҳи соли равон шумораи амалҳои террористӣ ба 30 расид.

Нуқтаи олитарини ин раванд кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби як идда низомиёни ин кишвар маҳсуб мешавад, ки алъон дар сархати расонаҳо қарор дорад. Президенти Туркия Эрдуғон рӯҳонии муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро тарроҳи пасипардагии ин кӯшиши табаддулоти давлатӣ арзёбӣ карда, аз Амрико талаб намуд, ки ӯро ба Туркия супорад.

Сарвазири ин кишвар Биналӣ Йилдирим 19 июл дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки дар ҷараёни табаддулоти давлатӣ ошӯбгарон 208 корманди пулис, сарбоз ва сокини осоиштаро куштаанд. Тақрибан 1,5 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Бино бар иттилои охир, дар маҷмӯъ 290 нафар ҳалок шудаанд.Дар расонаҳои хориҷӣ як идда коршиносону сиёсатмадорон иброз намуданд, ки табаддулоти давлатӣ «маҳсул»-и Президенти Туркия ҷиҳати саркӯбии мухолифонаш буд ва рӯйхати соҳибмансабоне, ки бо ҷурм бояд муҷозот шаванд, пешакӣ таҳия шудааст.

«Бештар аз 7,5 ҳазор корманди пулис, низомӣ, судяҳо, прокурорҳо ва шаҳрвандони қаторӣ бо иттиҳоми даст дош­тан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ боздошт шудаанд. Дар маҷмӯъ, 10 ҳазор хизматчии давлатӣ аз курсиҳояшон маҳрум монданд, -навиштааст рӯзномаи «Ҳуррият». Дар ҳоле ки ин миқдор масъулини мақомот муҷозот шуданд, пас метавон хулоса кард, ки аркони давлатдорӣ дар Туркия батамом фалаҷ будааст. Эрдуғон бо сиёсати худ амалеро анҷом дод, ки шабеҳ ба марди шохи дарахти нишастаашро арракарда аст. Дар кулли ибтикор  «як бому ду ҳаво»-ро сармашқ қарор дода, дар натиҷа, бо пайомадҳои ногувор мувоҷеҳ гардид. Эрдуғон, замоне ки Сарвазири ин кишвар буд, дар заминаи назари нек доштанаш ба дунявият тавонист аз маҳбубияти мардум бархӯрдор шавад. Муносибати дилсӯзона ба мусалмонони олам, ки намунаи онро зимни баргузории форум дар шаҳри Давоси Швейтсария чанд сол пеш шоҳид будем, нуфузашро бамаротиб боло бурд. Дар ин ҳамоиш Эрдуғон бо Сарвазири Исроил вобаста ба масоили Фаластин баҳси тезутунд намуда, бо нишони эътироз толорро тарк намуд. Он айём мардуми Туркия Эрдуғонро дар фурудгоҳ чун қаҳрамон пешвоз гирифта, ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеомад, ки чанд муддат пас ба «шарофат»-и ӯ Туркия ба макони амалҳои террористӣ табдил ёфта, мамлакат ба умеди думбаи нася (манзурам шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо аст) аз шуши нақд ( 15 миллиард доллари ИМА аз ҳисоби сайёҳони рус ва даромад аз додугирифт бо ин кишвар дар назар аст) маҳрум мешавад. Тибқи хулосаи коршиносон, таҳримҳои Россия ва ноамниҳои ним соли гузашта ба иқтисоди Туркия, хоса бахшҳои туризм, фурӯши молҳои кишоварзиву боғдорӣ, паймонкориҳо дар соҳаи сох­тмон ва хизмати маиширо бо мушкил мувоҷеҳ кард. Аз ҷониби дигар, мавқеъгирӣ ва тасмимҳои Эрдуғон вобаста ба масоили Миср ва Сурия, ки аксаран аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур буда, бо нокомӣ анҷом ёфтанд, нуфузи ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб коҳиш дод. Вақте масъулини Иттиҳоди Аврупо мегуфтанд, ки Туркия шояд то соли 3000 –ум узви ин иттиҳод гардад, бисёриҳо ҷиддӣ қабул накарданд. Акнун тасмими Эрдуғон бобати аз нав ҷорӣ намудани ҳукми қатл роҳи Туркияро барои воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо батамом баст. Умуман, ҳоли ин мамлакат «корам аз гиря гузаштасту аз он механдам»-ро шабеҳ буда, узрхоҳии Эрдуғон аз Путин ва ба ҳабс гирифтани халабонҳои ҳавопаймое, ки моҳи сентябри соли гузашта тайёраи ҳарбии Россияро сарозер намуда буданд, кӯшише баҳри пешгирии пайомадҳои ногувори минбаъдаи ин раванд аст. Эътироф бояд кард, ки 12 соле, ки Эрдуғон Туркияро раҳбарӣ мекунад, иқтисодиёти ин кишвар ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардида, тибқи маълумоти мавҷуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 64 фоиз зиёд шудааст. Далелҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба хотири ба даст овардани манфиати зиёдтар шарикони тиҷоратиаш Амрико ва баъзе кишварҳои Аврупоро пушти по зада, ба ­Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Миср, Сурия ва Ироқ рӯ овард.

Гурезаҳое, ки ҷиҳати ба чунин рӯз расиданашон Эрдуғон низ «саҳм» дошт, дар Туркия «рӯзи хуш нишон надода», ба Аврупо «роҳнамоӣ» кард. «Иштиҳои қозгир»-и номбурда дар заминаи ироаи пешниҳодаш барои солона гирифтан аз 3 то 5 миллиард евро барои мусоидат ба гурезаҳои Сурияву Ироқ робитааш бо Аврупо, хоса Ҷумҳурии Федеративии Олмонро зери савол бурд. Ин омил боис шуд, ки моҳи июни соли равон Бундестаги Олмон «қатли ом» – и арманиҳо дар замони Ҷанги аввали ҷаҳонро эътироф кард. Коршиносон муътақиданд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо сиёсатҳои ғалат ва эҳсосии худ як кишвари босубот ва ободи ҷаҳони исломро ба чунин рӯзҳои сахт ва буҳрони азими сиёсиву иқтисодӣ овардааст. Ба ибораи дигар, мехост, ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад». Ин дафъа ҷонибдории мардум «ҷонашро харид», вале минбаъдро касе пешгӯйӣ карда наметавонад. Сарфи назар аз ин омил, мақомоти Туркия ба аъзои ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон  «назари нек» дошта, дар баробари иддае аз онҳоро «болонишин» намудан, нафарони дигарро бо вуҷуди дар гуноҳ «ғарқ будан» аз боздоштгоҳ озод менамоянд. Ниятҳои ба ном мухолифони Ҳукумат ба мисли аҳдофи пайравони «Ихвон-ул муслимин», ки аз барканории намояндаи он Муҳаммад Мурсӣ аз мансаби Президенти Миср  Эрдуғон «ба азо нишаста» то ҳанӯз «муътақид аст», ки «ӯ Президенти ғайриқонунӣ сарнагуншуда аст», хеле ғализ буд. Мехостанд чун солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳати аз байн рафтани эҳтироми байниҳамдигарӣ ва заволи қонуният дар ҷомеа асос гузошта, душманию паро­кандагии миллатро ба миён оранд. Хушбахтона, тадриҷан парда аз рӯи нақшаҳояш бардошта, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қонунӣ андешида шуд.

Мардуми тоҷик зарари чунин «гандумнамоёни ҷавфурӯш» — ро ба равон, қалб, кишвар, иқтисодиёт ва ғайра баръало эҳсос намудаву то кунун пайи табобати он ҷароҳатҳоанд. Ин аст, ки ин навбат онҳо аз чунин нафарон ва гурӯҳҳо ҷонибдорӣ накарданд ва нагузоштанд, ки ин кӯрдилон барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи хеш исломи нобро суиистифода ва доғдор созанд. Бегуфтугӯ, вокуниши мардуми тоҷик вобаста ба амалҳои нафарони фавқ дар доираи қонунгузорӣ сурат гирифта, мақомоти марбутаи кишвар низ тибқи талаботи қонунгузорӣ чораандешӣ намуданд. Биноан, чораандешиҳо вобаста ба масъалаи мавриди назар набояд боиси «нороҳатӣ» ва нигаронӣ»-и касе, гурӯҳе, парлумоне, созмоне ва ё давлате бошад. Мутаассифона, Туркия чунин нафаронро ба ҷойи он ки таври бояду шояд муҷозот кунад ва ё тибқи созишномаҳои мавриди амал қарордошта ба кишварашон истирдод намояд, аз ҳабси пешакӣ раҳо карда, «ба осиёб»-и террористону экстремистон «об рехт» ва шаҳди аъмолашро хеле барвақт чашид.

Мақомот ва мардуми ин кишвар бояд дарк намоянд, ки амалҳои террористиеро, ки вақтҳои охир дар Туркия ба раванди муттасил табдил ёфтаанд, маҳз пайвандону пайравони ҳаракатҳои террористие чун «Ихвон – ул-муслимин» ва ғайра содир менамоянд. Ин андеша назари инфиродии банда набуда, маншаъ аз суханони Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим гирифтааст. Номбурда чанде пеш дар робита ба амалҳои террористии дар ин кишвар рухдода изҳор намуда буд, ки « Пушти ҳамлаҳо ҳаракатҳои исломӣ меистанд». Ба ин андешаи нафари дуюми Туркия чизе илова намудан зарурат надорад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»