ё посух ба «Фоҳишагии сиёсӣ»-и Додоҷони Атовулло
Дар кӯҳистон ҳар гоҳе зоғи сиёҳ болои дарахтони даруни боғоти деҳа нишаста қарр-қарр мекунад, кампиракон онро пайки шуме меҳисобанду дасти дуо мебардоранд, ки Худованд хурду бузург, хешу бегонаро дар паноҳи хеш, дур аз ҳама офат, аз аъмоли бадкешу бадандеш нигоҳ дорад.
Собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷони Атовулло, ки чандин сол аст дур аз Ватан буда, як созмонеро низ «Ватандор» номидааст (созмонаш ғайри худаш аъзои дигаре надорад), сари чанд вақт дар сомонаҳои интернетӣ ва расонаҳои фармоишӣ пайдо шуда, мисли ҳамон зоғи шумхабар нисбати Ватану миллати худ бадбофию бадгӯйӣ мекунад. Дар китобхонаи марказии ҷумҳурӣ машғули ҷустуҷӯйи матлабе будам, ки чашмам ба мақолаи яке аз аввалин қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» – Муродуллоҳи Шерализода афтод, ки дар соли 1991 иншо шудааст. Хондам ва тасмим гирифтам, ки бори дигар ин мақоларо рӯйи нашр орам, то насли ҷавон бихонад ва бо чеҳраи аслии як нафаре шинос шавад, ки тӯли 22 сол тағйир наёфтааст. Чеҳрае ба зоҳир инсонӣ, ба ботин ҳайвонӣ ва ба андеша шайтонӣ.
Оқозодаи азиз Додоҷон! Бовар кунед, баъди посухи қаблӣ ба навиштаҳои муғризонаатон ба худ савганд ёд карда будам, ки дар ҷавоби дасисаю фитнагариҳои баъдии шумо хомӯшӣ ихтиёр хоҳам кард ва бо тоифае чун шумо, ки ба осонӣ дигаронро тардоману худро порсо мепиндоранд ва пайваста ҷавфурӯшиву гандумнамойӣ мекунанд, ҳаргиз cap ба cap нахоҳам шуд. Зеро медонистаму медонам, ки мурдориро ҳар қадар зиёдтар бикобӣ, яқин бӯйи баду гандидаи он муҳитро ба ҳамон андоза бештар мутааффин месозад. Ва ҳам медонистаму медонам, ки агар фоҳише фаҳше гуфту бадзабоне неше зад, агар савдоие ҷонибат санге андохту мори латхӯрдае ҳамлаат кард, гиламанд мабош, зеро ин тоифаро муқтазои табиат чунин аст. Аммо чӣ кунам, ки ҳикмати дигаре водорам месозад то савгандшиканӣ намоям ва дубора қалам ба даст бигирам: бадкешро бо санге бикӯб, ки сӯят андохтааст. Ба ибораи дигар: кулӯхандозро подош санг аст.
Додварзо, покизасиришту покдоман! Шунидаам ҳастанд зумрае, ки ҳамарӯза бо васвасаи шайтон аз китфи чап бо як ният аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатубраи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонор гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи хушу рӯҳи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад. Сад ҳайф, ки шумо ҳам дар ин ҷавонӣ ба чунин бемории ваҳим гирифтор шудаед ва кирми ҳасуду бадхоҳиву нотавонбинӣ вуҷудатонро ором намегузоранду онро ҳамвора арраву парма мекунанд.
Хуб, биёем сари мақсад. Шумо дуруст нигоштаед, ки банда корманди Институти таърихи ҳизб будам, сипас ёвари муншии аввал Қаҳҳор Маҳкамов шудам, нисбати Раиси ҷумҳур Раҳмон Набиев, ки аксарияти халқ баргузидааст, эҳтиром дорам ва ниҳоят чӯпонзодаам. Вале агар дақиқ бингарем, ҳадаф аз зикри ин ҳама ҳамон як ҷумла аст: «Баъд ӯ вакили халқ шуд». Ва ин воқеиятест, ки беш аз ду сол боз шуморо васвосӣ кардааст. Ва ин кордест, ки ба гӯшту нохунатон мерасад, хорест, ки пайваста ба дидагонатон мехалад, устухонест, ки дар гулӯятон дармонда. Ростӣ, дилам ба шумо месӯзад ва бовар кунед, агар ин ҳама гарду алами кушандаро дар арафаи интихобот тасаввур карда метавонистам, ҳатман ба нафъи шумо аз номзадии худ даст мекашидам ва шояд бо чунин иқдом ҳам шумо «фарзанди сарсупурдаву наҷиби миллатро» барои халқи азиз солиму бедард ҳифз мекардаму ҳам худро аз шарри шайтону дасисаҳои бепоён эмин медоштам. Вале чӣ илоҷ, ки ин ҳамаро дер фаҳмидам.
Фариштаи охирзамоно! Маълумдор, сокини хонаи ҳукумат будан, мошини хизматӣ доштан ва ҳамнишини «аҳли дарбор» шудани фарзанди чӯпоне ба шумо алам кардааст, сахт расидааст. Воз ҳам чӣ илоҷу чӣ ҷойи ҳасад. Ҳар кирову тақдираш ва нону насибаш фармудааст Худованд. Вале дар ҳамин ҷо бегумон дар маъракаи интихобот масҷид ба масҷид гаштану бо гардани каҷ «Ёри бекас Худо» гуфтанҳои шумо ба ёд меояд. Маълум мешавад, ки дарвоқеъ ҳам ёри бекас Худо будааст, зеро Худо ҳозиру ҳолдонҳо шоҳиданд, ки кадоми мо бекастарем — чӯпонбача ё оқозода. Зимнан ба иртиботи қиблагоҳи худ (равонашон шод бод) ҳаминро ҳам илова карданиам, ки банда аз аслу насаби худ, аз чӯпонзодагии худ, аз ин ки аз дастархони ҳалоли чӯпонӣ нон хӯрдааму бо нони пурзаҳмати чӯпонӣ устухонам шах шудааст, ҳамеша ифтихор доштаму дорам. Вале Худо кунад, ки шумо ҳам аз чунин ифтихороти шоистаи инсонҳои беолоиш бархӯрдор бошед!
Ҳақталошо! Чакидаҳои хомаи ҳақиқатбаёнатонро мехонаму ағлабан ба таҳрифи ҳақиқат дучор шуда, сахт тааҷҷуб мекунам. Дар «Фоҳишагии сиёсиятон» ҳам бори дигар ба торикии имон роҳ додаю навиштаед, ки «Дар парлумон низ рӯзе, ки барои Маҳкамов рӯзи сахттарин буд, ӯ ба даҳон об гирифта буд». Ба ҳамин иртибот аввалан ба иттилои шумои пинҳонпижӯҳи дафтари аъмоли банда расониданиам, ки дар ҳамон сессия ман аслан иштирок надоштам ва дар рухсатии меҳнатӣ, сари болини падари беморам будам. Инро метавонед бори дигар ҳам бо мададу дастгирии ниҳонпижуҳандагони худ тадқиқ намоед. Сониян, намедонам, баъди он ҳама хоиданҳои бешармонаву беинсофона имрӯз ба ҳимояю хайрхоҳии муҳтарам Қаҳҳор Маҳкамов камар бастанатон ба хотири чӣ бошад? Ва ё болоро обу поёнро сел бурд магар? Таваҷҷуҳ кунед ба навиштаҳои худатон дар ҳамон шуморае, ки «Фоҳишагии сиёсӣ»-атонро нашр кардаед: «Ҳоло шумо пушаймон хоҳед шуд»,- гуфта будааст Маҳкамов. «Бале, мо пушаймон шудем. Хеле сахт»— хулоса кардаед шумо. Боз чандин таълифоти дигаратонро намегӯед? Ба кадоме аз гуфтаву навиштаҳои шумо бовар кунем, ҷаноби ҳақиқатнигор? Ба қаблӣ ё кунунӣ? Маълум мешавад, ки худатон кафтари чандбома будаеду боз дигаронро маломат мекунед ва ба ибораи маъмулӣ «ҳам ғаррию ҳам фарангӣ» гоҳе ба наъл мезанеду гоҳе ба мех.
Ман метавонистам ин баҳси бароям дилбеҳузуркунандаро (зеро ман ба он чӣ ки шумо кайҳо хӯ гирифтаеду бисёр ба осонӣ анҷом медиҳед, ҳанӯз одат накардаам ва бинобар табиати фитрии худ ба гумон аст, ки одат ҳам карда тавонам) давом дода, дар чанд саҳифаи дигар боз чандин довариву додварзиҳои бебунёди шуморо барои хонандаи гиромӣ ошкор созам. Лекин гумонам ҳамин кофист. Хонандаи ҳушманду беғараз аз ҳамон чанд ҳарфи мухтасари боло ҳам хоҳад фаҳмид, ки ҳар сатри навиштаҳои шумо на аз кадом ҳадафҳои наҷиб, балки аз ғароизи шахсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ ва боз чандин бадқасдиҳои дигар маншаъ мегиранд ва ин ҷо ноҷавонмардие, пасттинатие, моҷароҷӯие, нотавонбиние, бадкешие, ғиромибозие… дар миён аст.
Ба ҳар ҳол чун дар хотимаи посухи қаблӣ ин ҷо ҳам ба шумо тавсия медиҳам, ки мабодо сари инсоф омада, аз таҳқиқи дафтари аъмоли банда сарфи назар накунед. Бикобед, амали пинҳонпижуҳандагии худро ба қаду бар вусъат диҳед, то бошад, ки айбҳое қобили мулоҳизаву сазовори таваҷҷуҳ пайдо кунеду билохира ба муродатон бирасед. Вале як нуктаро пешопеш бароятон мегӯям, ки ба ҷуз аз чанд сафсатае, ки аллакай на як бору ду бор рӯйи коғаз овардаед, ба гумон аст чизи баарзиштаре дарёфт карда тавонед. Ҳаминро ҳам шарофатмандона метавонам бигӯям, ки далелҳое аз қабили «даҳонро бо луқмаи ҳаром олуда сохт, ришва гирифт, бӯстонсаро бунёд кард, дар шароити камзаминиву безаминии дигарон на камтар аз як гектар замин дорад, ҷавонзанеро дар айёми гулшукуфти зиндагӣ паршикаста намуд» ва амсоли онро ҳаргиз пайдо нахоҳед кард. Худро беҳуда овора насозед. Ва ин мояи ифтихори ман аст. Ба шумо дар ин пешаи дӯстдошта ва бароятон пурифтихору бошарафона пирӯзиҳои навин таманно дорам. Вале як нуктаи дигарро ҳам илова карданиам, ки аз ин баъд дар бораи банда сад бори дигар бинвиседу ҳазор ёваи тоза эҷод кунед ҳам, дигар дар ҷавоби таълифоти шумо коғазу қаламро мурдор нахоҳам кард. Посухи ман ҳамин як байти шоир аст:
Шикваи ҳампешаи оҷиз надорад интиқом.
Душманам номард агар бошад, мурувват мекунам.
Аҳмади КОМРОН