Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Содиркунии амалҳои суистифодаи мансаб ва омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ мешаванд

№62-63 (3047-3048) 24.05.2013

DSC_1970

22 майи соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.

DSC_1787САЛИМЗОДА Шерхони Одина: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ин лоиҳа дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва такмил дода, ба он баъзе тағйирот ворид шудааст, ки қобили дастгирӣ мебошад.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабул ва амалӣ намудани он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунҳои амалкунанда тақозо намекунад.

Қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 24 апрели соли 2010 зикр намуда буд, ки бо назардошти оқибатҳои ногувори коррупсия Ҳукумати кишвар моҳи январи соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008-2012-ро қабул намуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди он муайян намуда буд.

Ҳамчунин зикр намуда буд, ки сатҳи имрӯзаи ҷиноятҳои коррупсионӣ водор менамояд дар самти мубориза бо коррупсия як зумра масъалаҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шаванд.

Яке аз он таҷдиди назар намудани масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдор мебошад, ки баъзан боиси сӯистеъмол аз мансаб ва коррупсия мегардад. Аз ҷумла пешниҳод намуданд, ки вазъи ҳуқуқии вакилони мақомоти намояндагӣ, судяҳо, прокурорҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳуқуқи дахлнопазирии онҳо ва мусоидати он ба коррупсия таклифҳо пешниҳод карда шаванд.

Таҳия ва қабули қонуни конститутсионии мазкур инчунин аз талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои «Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бармеояд. Дар ин ҳуҷҷатҳои муҳим омадааст: «Ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдори баъзе мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мавридҳои алоҳида боиси сӯистеъмоли мансаб ва омилҳои коррупсионӣ гардида истодаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки вазъи ҳуқуқии онҳо таҷдиди назар карда шаванд».

Дарвоқеъ, вазъи ҳуқуқии баъзе табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла ҳуқуқи дахолнопазирӣ доштани онҳо, боиси содир намудани сӯистеъмоли мансаб ва дигар қонуншиканиҳои коррупсионӣ гардида, бо фишангҳои таъсиррасонӣ ва мубориза бо коррупсия монеаҳои зиёд ба вуҷуд оварда истодаанд.

Мутобиқ ба асосҳои дар боло иброзгардида лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти мазкур аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 58, ки дахлнопазирии прокурор ва муфаттишро муқаррар менамояд, хориҷ карда мешавад.

Инчунин бо мақсади пешгирии дахолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ ба фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура ба моддаи 7 қонуни конститутсионии мазкур илова намудани қисмҳои 3 ва 4 пешбинӣ гардидааст.

Дар лоиҳаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар илова намудани қисми чорум ба моддаи 7 қонуни мазкур ибораи кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура омада буд. Дар лоиҳаи дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимашаванда калимаи «тафтишотии» хориҷ карда шудааст. Хоҳишмандам, он ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шавад, чунки муфаттиши прокуратура ба мафҳуми корманди прокурорӣ дохил намешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

DSC_1803Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 таҳти №1847 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таҷдиди назар намудани вазъи ҳуқуқии дахлнопазирии прокурор ва кормандони прокурории мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ кардани омилҳои ба вуҷуд овардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва пурра хориҷ намудани моддаи 58 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Прокурори генералӣ низ салоҳият дода мешавад, ки дар баробари директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати кормандони прокурории мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур инчунин пешбинӣ менамояд, ки дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурор ва кормандони прокурории мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир намудани онҳо дар вақти содир кардани ҷиноят имконпазир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Бо ҳамин роҳ ҳуқуқи дахлнопазирии прокурор ва кормандони прокурории мақомоти прокуратура дар мавриди ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноят даст доштани онҳо маҳдуд карда мешаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул даҳ таклиф ворид гардид, ки аз онҳо панҷ таклиф пурра, ду таклиф қисман қабул гардида, се таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 16 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович дода мешавад.

DSC_1816Азизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии номбурда ба меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2010 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои «Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 таҳти №431 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қабули лоиҳаи пешниҳодшуда, яъне илова ба қисми 3 моддаи 7 қонуни конститутсионии зикргардида, дар мувофиқа бо муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 36, 146, 147, 150, 168, 247 — 250), муайян мекунад, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба кирдори ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда нисбати прокуророн ва дигар кормандони прокурории мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ ва маъмурӣ оғоз намояд.

Ҳамзамон ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ салоҳият дода мешавад, ки нисбати прокуророн ва дигар кормандони прокурории мақомоти прокуратура, танҳо оид ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии характери коррупсионидошта парвандаи ҷиноятӣ ва маъмурӣ оғоз намояд, ки ин ба манфиати ҳалли объективона ва саривақтии масъалаҳо дар самти мазкур мебошад.

Иловаи қисми 4 ба моддаи 7 қонуни конститутсионӣ ҳуқуқи дахлнопазирии прокурор ва кормандони прокурории мақомоти прокуратураро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурор ва кормандони прокурории мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Лоиҳа ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонуни конститутсионӣ қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.

САЛИМЗОДА Шерхони Одина: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо назардошти пешрафти ҷомеа, саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Пеш аз ҳама, мақсади таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ин фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти мақомоти судӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мебошад.

Заминаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои «Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 тасдиқ шудааст, сарчашма мегиранд.

Ин санадҳо аз нав мавриди баррасӣ қарор додани ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони мақомоти намояндагӣ, судяҳо, прокурор ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамоянд, ки он дар мавридҳои алоҳида боиси сӯйистифодаи мансаб ва пайдошавии омилҳои коррупсионӣ мегардад.

Бо мақсади дар амал татбиқ кардани ин талабот бо лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда мешавад.

Мувофиқи ин тағйирот парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбати судяҳо танҳо аз ҷониби Прокурори генералӣ оғоз карда, онҳо аз тарафи Суди Олӣ баррасӣ карда мешаванд. Ба ҳамин монанд татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ ва ҳабси хонагӣ, гузаронидани дигар амалҳои тафтишотӣ нисбати судя, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор месозад, бо розигии Прокурори генералӣ ва иҷозати Суди Олӣ сурат мегиранд. Қисмҳои 8, 9, 10, 11 аз моддаи 9-уми қонуни мазкур хориҷ карда мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулияти судяҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз тарафи онҳо масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо низ ба талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мувофиқ кунонида мешаванд. Бинобар ин, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 119, ки асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судяҳоро танзим мекунад, хориҷ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабул ва амалӣ намудани он тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунҳои амалкунанда тақозо намекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо, Прокуратураи генералӣ ва олимони соҳаи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, такмил дода шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

DSC_1824Тӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди назар кардани дахлнопазирии судяҳо ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа барои додани хулоса ба кумитаҳо ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати мукаммалгардонии он ҳафт таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳа баррасӣ гардида, ҳамаи таклифҳо пурра ё қисман дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Хоҳишмандем, онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонуни конститутсионӣ қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бандишоев Милопар дода мешавад.

DSC_1828Милопар БАНДИШОЕВ: — Муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст, ҳаминро зикр карданиам, ки моддаи 31-уми қонуни мазкур дахлнопазирии кормандони Агентиро муқаррар накарда, масъалаи ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии кормандони мақомоти Агентиро пешбинӣ намудааст.

Бояд зикр намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории байналмилалии худро, ки аз моддаи 36 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба мубориза бар зидди коррупсия» бармеояд, иҷро намуда, дар низоми ҳуқуқии худ мақоми махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсияро таъсис дод.

Сипас, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати зидди коррупсионии давлат заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам оварда, бо мақсади амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қонунҳои дохилиро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонид.

Тибқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бояд ба мақомоти махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия бо мақсади самаранок иҷро намудани функсияҳои худ, бе таъсиррасонӣ аз ҷониби дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, мустақилият дода шавад.

Соли 2008 бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид.

Бинобар сабаби бартараф намудани ихтилоф ва боз ҳам дуруст ба роҳ мондани сиёсати зиддикоррупсионӣ зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун ба миён омад ва масъалаи мазкур соли 2009 дақиқан бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба қонуни зикршуда дохил карда шуд, ки он ба меъёрҳои стандартии санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгӯй буда, хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нест.

Дар амал татбиқ гардидани қонуни мазкур то ба имрӯз ягон монеа пеш наомадааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҳақиқат суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест, вале моддаи 35 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд салоҳият додааст, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи талаботи Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба мақомоти дахлдор аз рӯйи тобеият ирсол намояд.

Таҳлили маълумоти оморӣ собит намуд, ки дар давраи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ҳолатҳои содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз тарафи кормандони Агентӣ ошкор карда шуда, бевосита аз ҷониби директори Агентӣ, бидуни ягон истисно, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд, ки ба қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, қисми 11 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти Агентӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, аз тарафи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад».

Барои дастгирии ҳамаҷонибаатон қаблан сипосгузорам.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.

САЛИМЗОДА Шерхони Одина: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Таҳлили ҳолати содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби кормандони мақомоти намояндагӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ нишон медиҳад, ки ҳуқуқи дахлнопазирии онҳо дар мавридҳои алоҳида боиси сӯистифодаи мансаб ва пайдошавии омилҳои коррупсионӣ гашта, таъсири манфии худро ба раванди мубориза ба коррупсия, ки самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҳисобида шудааст, расонида истодааст.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои «Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардидааст, ки ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони мақомоти намояндагӣ, судяҳо, прокуророн ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷдиди назар карда, ба қонунгузории ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Бо мақсади иҷрои талаботи санадҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор муҳокима карда шуд.

Тибқи талаботи қисми 11 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди Агентӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд танҳо аз тарафи суд ва директори Агентӣ оғоз карда шуда, дигар мақомот ҳуқуқи оғоз ва тафтиши ин гуна парвандаҳоро надоранд.

Муқаррароти зикршуда хилофи талаботи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро тибқи Кодекси мазкур суд дигар мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ба ҳисоб намеравад ва ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятиро надорад. Бинобар ин, аз 1 апрели соли 2010 зиёда аз се сол боз ин ҳуқуқро танҳо директори Агентӣ ба амал мебарорад. Ин ҳолат ба талаботи умумиэътирофшудаи баррасии беғаразона ва холисонаи масъалаи мазкур мувофиқат намекунад.

Бинобар ин, пешниҳод карда шудааст, ки дар қисми 11 моддаи 31 қонуни зикршуда калимаи «суд» ба калимаи «Прокурори генералӣ» иваз карда, ҷумлаи дуюми он хориҷ карда шавад.

Бо ворид намудани тағйироти пешниҳодшуда ин мухолифат бардошта шуда, ҳуқуқи бартарии кормандони Агентӣ ҳангоми оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо пурра барҳам намехӯрад, зеро дар тағйирот доираи шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятиро нисбати кормандони Агентӣ пайдо мекунанд, хеле маҳдуд нишон дода шуда, ин ҳуқуқро танҳо Прокурори генералӣ ва директори Агентӣ ба амал бароварда метавонанд. Онҳо парвандаро оғоз намуда, тафтиши онро аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ ба зиммаи худи ҳамон Агентӣ месупоранд.

Мутобиқи қонуни амалкунанда, мақомоти прокуратура ҳуқуқи оғози парвандаҳои ҷиноятиро нисбати кормандони Агентӣ, ба истиснои ҷиноятҳои коррупсионӣ, бо дигар ҷиноятҳо дорад. Бо тағйироти воридшаванда минбаъд мақомоти прокуратура дар шахсияти Прокурори генералӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ низ нисбати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳуқуқи оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро пайдо мекунад.

Дар маҷмуъ, ворид намудани тағйироти зикршуда ҷиҳати пешгирии содиркунии амалҳои сӯистеъмоли мансаб ва дигар омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони Агентӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабул ва мавриди амал қарор додани он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунгузории ҷумҳурӣ талаб намекунад, хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ низ тақозо надорад.

Лоиҳаи қонунро барои баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 таҳти №1856 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таҷдиди назар намудани вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди нисбати онҳо оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои ба вуҷуд овардани ҳолатҳои коррупсионӣ пешбинӣ шудааст.

Тағйироти ба қонуни мазкур пешниҳодшуда, дар баробари директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин ба Прокурори генералӣ низ салоҳият медиҳад, ки парвандаи ҷиноятиро нисбати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд оғоз намояд.

Бо ҳамин роҳ ҳуқуқи дахлнопазирии кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ даст доштани онҳо маҳдуд карда мешаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 16 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсуддинович дода мешавад.

DSC_1845Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» пешниҳод мешавад.

Мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи қарори мазкур ин роҳ надодан ба андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя ва афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия мебошад.

Ҷумҳурии Финляндия яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфид байни давлатҳо ҳам дар шакли дутарафа ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст, ки барои инкишоф ёфтани ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ҳар ду давлат сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар давлатҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата баста шудаанд, гардиши савдои байниҳамдигарӣ ва сармоягузории мутақобила афзоиш меёбад.

Эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки густариши ин ҳамкориро дар соҳаи энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, хоҷагии қишлоқ ва туризм боз ҳам мустаҳкам намуда, ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат хоҳад намуд.

Муқаррароти созишномаи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия шудааст.

Бояд зикр кард, ки чунин Конвенсия (Созишнома) аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 25 давлати дунё баста шудааст, ки онҳо аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардидаанд.

Созишномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2012 таҳти №580 маъқул дониста, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Финляндия дар санаи 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки ба имзо расонида шудааст.

Мувофиқи тартиби амалкунанда Созишнома бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) гардад ва аз санаи мубодилаи тасдиқномаҳо эътибор пайдо кунад.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

DSC_1846Ашӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирони гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии   дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ  аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 майи соли 2013 таҳти № 1858 созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Мақсади асосии қабули ин созишнома рушди муносибатҳои иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия  бо роҳи бартараф намудани монеаҳои андозбандӣ, махсусан пешгирии андозбандии дукарата, мебошад.

Созишномаи зикргардида  мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи марҳилаҳои дахлдорро дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин дар шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул рӯзи 16 майи соли 2013 бо иштироки вакилони мутасаддии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди муҳокима қарор дода, аз тарафи онҳо ҷонибдорӣ шудааст.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо назардошти гуфтаҳои зикргардида, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи созишномаи пешниҳодгардида овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

DSC_1860Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Миралиев ва М.Шабозов барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 21 январи соли 2013 таҳти №1686 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмил додани меъёрҳои он ва бартараф намудани камбудиҳои техникии қонунгузорӣ, инчунин мутобиқ намудани он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин асос мукаммал гардонидани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳаи омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои зерин ба қонун пешниҳод гардидаанд: Аз ҷумла номи қонун бо ҳарфҳои калон навишта шуд. Дар моддаи 2-юми лоиҳа мафҳуми «барӯйхатгирӣ» пурра дарҷ гардид ва бо матни русии лоиҳа мувофиқ гардонида шуд. Барои пурра ва мукаммал гардонидани ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор дар моддаи 8 сархати нав-сархати ёздаҳ илова гардид.

Ҳамзамон матни якчанд қисмҳо ва сархатҳои қонуни амалкунанда ва номи боби 3 аз ҷиҳати услубии забон ва мутобиқати дохилӣ мавриди таҳрир қарор дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 22 таклифу дархост пешниҳод карданд.

Рӯзи 16 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 18-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул гардид ва 3-тоаш қабул нашуд. Таклифу дархостҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммал гардониданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Норов Қиёмиддин дода мешавад.

DSC_1866Қиёмиддин НОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони  гиромӣ!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» саривақтӣ мебошад. Шӯрои байниидоравии оморӣ дар  қонуни амалкунанда низ нишон дода шудааст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур овардани ин мафҳум, яъне Шӯрои байниидоравии оморӣ, ба такмили фаъолияти минбаъдаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор  мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон лоиҳаи қонун дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷиҳати такмили он таклифҳои судманд пешниҳод  гардиданд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хоҳиш дорам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ  кунед.

DSC_1884Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Чуноне маълум аст, фаъолияти оморӣ, пеш аз ҳама, аз рӯйи принсипҳои рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ ва эътимоднок будани омори расмӣ, холисона, шаффоф ва мувофиқатпазир будани он амалӣ карда мешавад. Ин тағйиру иловаҳо қонуни амалкунандаро боз ҳам такмил дода, ҷиҳати мутобиқати он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пурра мусоидат менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода шуда, ҷонибдорӣ ёфт ва пешниҳоди он саривақтӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

DSC_1892Насрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1853 аз 13 майи соли 2013 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мутобиқи талаботи қонуни мазкур, яъне моддаи 14, ки салоҳияти ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ ва моддаи 16, ки ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани бақайдгирандагонро муайян намудааст,  роҳбари ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатиро бо пешниҳоди роҳбари ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ роҳбари мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ҳамчунин бақайдгирандаи ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ аз тарафи роҳбари  ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ бо пешниҳоди роҳбари ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Бо қонуни муҳокимашаванда ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар назар дошта шуда, меъёрҳои зикргардида, яъне қисми 4 моддаи 14 ва ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 16 аз қонун хориҷ карда мешаванд. Ин тағйирот бо мақсади ба танзим даровардани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва мутобиқ намудани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 16 майи соли 2013 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаро баррасӣ намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи қонуни мазкурро пурра дастгирӣ ва ҷиҳати пешниҳоди лоиҳа ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам  онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабул шудани қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Хидирова Махфират Умаровна дода мешавад.

DSC_1906Махфират ХИДИРОВА: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Хидирова ва А.Фелалиев пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2012 таҳти №1625 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо мақсади такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйирот дар қисмҳои якум ва дуюм ин мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ яке аз мафҳумҳои асосие мебошанд, ки дар қонуни амалкунанда васеъ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, бо мақсади мушаххас намудани мафҳуми мазкур ба  моддаи 2 сархати нав «Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» илова  карда мешавад.

Инчунин ба қисми дуюми моддаи 3 сархати нав оид ба дастгирии фаъолияти инноватсионии субъектҳои илмӣ ва илмию техникӣ илова карда мешавад.

Тағйироти ба моддаи 6 пешбинишуда бо мақсади истифодаи дурусти мафҳумҳои «Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳо мебошад». Инчунин тағйироти мазкур имконият медиҳад, ки қонуни амалкунанда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳо» мутобиқ карда шавад.

Тағйирот ба моддаи 21 бо мақсади мутобиқ намудани номи модда ба матни он пешниҳод карда мешавад.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва ҳамзамон барои такмил додани он 25 таклифу пешниҳодот ирсол намуданд, ки аз онҳо 17- тоаш қабул, 6- тоаш қисман қабул гардида, 2- тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро, бо назардошти хулосаҳои пешниҳодшуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович дода мешавад.

DSC_1911Маҳмадшариф ҲАҚДОДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Сиёсати давлатӣ оид ба илму техника қисми таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки асоси ҳуқуқии онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ташкил медиҳад.

Мутобиқ намудани қонуни мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида мебошад.

Муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур, олимони шинохтаи соҳаҳои гуногуни илм бо дарки масъулияти баланд барои рушди ояндаи илму техника дар ҷумҳурӣ, ҳамгиройии фаъолияти илмию истеҳсолӣ ва самаранокии  тадқиқотҳои илмӣ ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ пешниҳод намудаанд, ки бешубҳа, барои рушди фаъолияти иннноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамгиройии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандони соҳаи илм дар системаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар  гардидааст, барои боз ҳам васеъ гардидани ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва инноватсия оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» саривақтӣ буда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  гардид.

РАИС: — Дар  бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти  китобдорӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Низом Қосим дода мешавад.

DSC_1917
Низом
ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!

Дар бист соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи китоб ва китобдорӣ кори зиёд анҷом дода шуд. Китобхонаҳои гуногун ба қадри имкон нигоҳ дошта шуданд, аксаран ободтару ғанитар гардиданд, баҳри таъмиру тармими онҳо, тарбияи мутахассисон, хариду таҷдиди китобҳои нодир ва нашри асарҳои арзандаи ҳамаи соҳаҳо заҳмату маблағи зиёд ба харҷ дода мешавад. Бунёди китобхонаи бузургтарини минтақа, бо таҷҳизоти навтарини соҳа таъмин намудани он, ҳамасола ҷудо шудани миллионҳо сомонӣ барои нашри адабиёти классикӣ ва муосир, китобҳои илмиву таълимӣ тадбирҳоеанд, ки ҳадафашон ба китоб — ин сарчашмаи донишу маънавиёт ҷалб намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли навраси кишвар ва чун инсонҳои бомаърифату огоҳ ба камол расонидани онҳост.

Маълум аст, ки рушди ягон бахши ҳаёти ҷамъиятӣ бе заминаи зарурии ҳуқуқӣ имкон надорад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» дар танзими масъалаҳои гуногуни ин соҳа нақши муҳим бозид. Дар айни ҳол барои инъикос ва танзими дигаргуниҳои соҳа дар баробари дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ қонунгузорӣ дар ин самт ба такмили пайваста ниёзманд аст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» бо ҳамин мақсад пешниҳод гардида, такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда, равонтар кардани забону баёни баъзе сархату қисмҳо ва мувофиқати меъёрҳои онро дар назар дорад.

Аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 1, 4, 14 ва 15-уми қонуни амалкунанда истилоҳу ифодаҳоро бо меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот» мутобиқ менамоянд.

Қисмҳои 1, 2, 5, 7 ва 16-уми лоиҳаи қонун тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шуда, ягонагии шакл ва риояи техникаи қонунэҷодкуниро таъмин мекунанд.

Ҳадафи сархатҳои шашуму ҳафтуми ба моддаи 1-уми қонуни амалкунанда пешниҳодшудаи лоиҳа низ такмили минбаъдаи он буда, дар онҳо мафҳумҳои дар фаъолияти китобхонаҳои мамлакатамон заруру муҳим – «фонди китобхона» ва «китобҳои нодир» шарҳу баён ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон босубот ба фазои технологияи замонавии иттилоотӣ ворид мегардад. Ҳукумати кишвар бо бунёди Китобхонаи ба шаклу маънӣ беназири миллӣ барои ин шароиту имкониятҳои бештару беҳтар муҳайё намуд. Вобаста ба ин, тавассути лоиҳаи мазкур як қатор иловаҳое пешниҳод шудаанд, ки барои ташкили китобхонаи электронӣ, таъмини дастрасии он ба муштариён, бехатарии техникӣ ва амнияти истифодаи он, истифодаи муздноки фонди электронӣ бо мақсади рушди техникиву технологии китобхона, ташкили маркази татбиқи технологияи нави китобдорӣ, ки дар тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ зарур аст, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа мавриди баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қарор гирифт. Бо мақсади беҳбуди он 62 таклифу пешниҳод расид, ки 42-тоаш корбаст шуд, панҷ таклиф қисман қабул гардид, пешниҳодҳои боқӣ мавриди қабул қарор нагирифтанд. Дар маҷлиси кумитаи масъул қарор карда шуд, ки лоиҳа барои баррасии вакилони муҳтарам ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, қабулаш аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Мо, муаллифони лоиҳаи қонун — Марҳабо Тухтасуновна Ҷабборова ва камина аз ҳамаи онҳое, ки дар такмилу тасҳеҳи он саҳм гузоштанд, ташаккур мекунем ва аз шумо хоҳишмандем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  Исматуллоев Дилшод  дода мешавад.

DSC_1924Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Барои тақвият бахшидан ва ба таҳаввулоти замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул кард.

Татбиқи ин барномаҳо имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат афзоиш ёфта, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳар чӣ бештар қонеъ гардонида шавад.

Дар навбати худ, ҳамаи ин дигаргуниҳо ва пешрафтҳои технологӣ талабот ба миён оварданд, ки ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Тағйиру иловаҳо тартиби ташкили китобхонаи электронӣ, таъмини дастрасии он ба муштариён, бехатарии техникӣ ва амнияти истифодаи он, истифодаи муздноки фонди электронӣ ва дигар паҳлуҳои кору ташкили марказҳои татбиқи технологияи нави китобдориро ба танзим медароранд. Ин тағйиру иловаҳо тақозои замон буда, ворид намудани онҳо ба қонуни амалкунанда заруранд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули  қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҳмадалиев Амирбек  Темурович дода мешавад.

DSC_1934Амирбек МАҲМАДАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи  соли 2013 таҳти № 1851 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи  экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Лоиҳаи қонуни  мазкур бо мақсади ба танзим даровардани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии марказии  ҳокимияти иҷроия ва мутобиқ намудани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

16 майи соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо назардошти хулосаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули Қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

DSC_1958Зиёратшо САЪДУЛЛО: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Санаи 27 июн барои халқи Тоҷикистон ҳамчун рамзи сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид. Ин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» моҳи ноябри соли 1998 қабул гардида, санаи 27 июн Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон карда шуд. Аз ҳамон сол ин рӯзро халқи Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ ҷашн мегирад. Бинобар ин, зарурияти аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», ки он дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида буд, ба миён омад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид  ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»- ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабул гаштани қонун Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон  НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ