Нишасти матбуотӣ

«Тоҷик Эйр» ба мусофирон туҳфа медиҳад

№ 26.07.2016

DSC_0538Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов 25-уми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз якуми августи соли равон ба 100 000 нафар мусофироне, ки аз хизматрасонии ин ширкати ҳавопаймоӣ истифода мебаранд, ба ифтихори 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ дода мешавад.

Ба гуфтаи Х.Раҳмонов ҶСК «Тоҷик Эйр» дар 6 моҳи соли равон 646 парвози мунтазами рафтуомадро анҷом ва 147 ҳазор мусофирро интиқол додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7400 нафар кам аст. Теъдоди парвозҳо бошад, 353 адад кам шудааст. Яъне, ширкат тавонист, ки дар нимсолаи аввал аз ҳисоби бештар бандкунии курсиҳо (ғунҷоиши тиҷоратӣ) 58 миллион сомонӣ хароҷоти изофиро пешгирӣ кунад.

- Яке аз дастовардҳои ширкат дар нимсолаи аввали соли равон ифтитоҳи маркази иттилоотӣ мебошад, — гуфт Х.Раҳимов. — Дар ин муддат лавозимоти дохили ҳавопаймо нав карда шуд. Оянда чопи маҷаллаи дохилиҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» низ дар назар аст.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ҶСК «Тоҷик Эйр» як қатор чораҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, ба пешниҳод шудааст, ки ҳангоми аз хизматрасонии ширкати «Тоҷик Эйр» истифода намудан ба кӯҳнавардон ба ҷойи 20 кило 30 кило бағоҷи бепул иҷозат дода мешавад. Чанд рӯз пеш як гурӯҳ кӯҳнавардони эронӣ иборат аз 14 нафар барои аз ин имтиёз бархурдор шудан муроҷат намуданд. Маълум шуд, ки ин имтиёз боиси боз ҳам бештар ҷалб шудани мусофирон мегаштааст, -гуфт Хайрулло Раҳимов.

Ҳоло дар ҶСК «Тоҷик Эйр» бобати имтиёз додан (арзонтар кардани чипта) ба мусофироне, ки бештар тавассути ҳавопаймои ин ширкат парвоз мекунанд, корҳои омодагӣ (барномасозӣ) рафта истодааст. Чанде пеш намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳиндустон ва Покистон оид ба ифтитоҳи хатсайрҳои транзитӣ ба самтҳои Франсияву Белгия тавассути Тоҷикистон бо роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мулоқот намуданд. Айни замон ҶСК «Тоҷик Эйр» ба самтҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут (Федератсияи Россия), Алмаато (Қазоқистон), Урумчӣ ва Пекин (Чин), Бишкек (Қирғизистон), Теҳрон (Эрон) ва Деҳлӣ (Ҳиндустон) парвозҳо анҷом дода истодааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли бору почта 428 тоннаро ташкил дод, ки 68 тонааш маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

С.Суннатӣ, «Садои мардум»  Суратгир А.ИСОЕВ

 

 

 

9.55 26.07.2016