Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфта, аз рӯи 26 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Зимни нишасти матбуотӣ, ки 27 июли соли равон баргузор гардид, ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода чунин иброз дошт:
- Соли 2017 аввалин хатмкунандагони донишкада ба истеҳсолот мераванд. Мо аввалин бор маҳсули заҳмати хешро дар истеҳсолот мебинем. Баҳои воқеиро ба хатмкунандагони мо на дар донишгоҳ, балки дар истеҳсолот медиҳанд. Санъати муҷассамавӣ — ороишӣ, ҳайкалтарошӣ, сафоли бадеӣ, бофандагии бадеӣ, таъмиргарии асарҳои санъати ороишӣ (рассом — реставратор), меъмории манзаравӣ, дизайн дар соҳаҳои гуногун аз шумули ихтисосҳое мебошанд, ки дар гузашта барои омӯзиши онҳо марказҳои таълимӣ, омӯзишгоҳи махсус вуҷуд надоштанд. Барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дастурҳои методӣ ва адабиёти таълимӣ лозиманд.
Донишкада аз соли аввали таъсисёбӣ ба ҷалби ҳавасмандони соҳаи рассомӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн муваффақ гардид.
Дар донишкада ду факултет — санъати тасвирӣ ва дизайн амал мекард. Аз соли 2014 факултети тайёрӣ ва такмили ихтисос низ амал мекунад, ки он аз шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ иборат мебошад.
Донишкада ба мутахассисони касбӣ ниёз дошта, соли ҷорӣ, бинобар зарурати кадрӣ, се нафар донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси санъатшиносӣ ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия ба таҷрибаомӯзӣ равона карда шуданд.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»