Дар нишасти матбуотие, ки 15 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун доир гардид, раиси шаҳр Билол Иброҳим гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ таваҷҷуҳи бештар ба бахши сохтмон ва ободонии шаҳр равона карда шуд.
- Дар нимсолаи аввали соли 2016 иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷойи 13 миллиону 744,7 ҳазор сомонӣ ба маблағи 43 миллиону 953 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 320 фоизи нақша мебошад. Қисми хароҷоти буҷет ба ҷойи 22 миллиону 7258 ҳазор сомонӣ 18 миллиону 350,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин 81 фоизи нақша аст. Сабаби асосии иҷро нагардидани қисми хароҷот ин маҳдуд намудани хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа мебошад, — изҳор дошт Билол Иброҳим.
Раиси шаҳр аз фаъолияти бонкдорӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки аз тарафи филиалҳои бонкҳо дар шаш моҳ дар маҷмӯъ ба андозаи 43 миллиону 058,9 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 181,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра аз тарафи филиалҳои бонкҳо ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён 1 миллиону 860 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд.
Аз ҳисоби хизмати коммуналӣ барои баровардани партовҳо, пардохти оби нӯшокӣ аз аҳолӣ ва корхонаҳо 41,9 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ғайриқаноатбахш мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 2 миллиону 844,2 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки 2 миллиону 300 ҳазор сомонии он барои сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаи таълимӣ барои 372 хонанда дар деҳаи Ҷавонӣ, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дараи Тутак, бинои маркази ҷавонон, шуъбаҳои маориф ва САҲШ ва корҳои таъмирии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ равона гардидааст.
Раиси шаҳр Билол Иброҳим иттилоъ дод, ки чанде пеш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо сабаби муносибати хунукназарона дар иҷрои вазифаҳояшон ваколати ду вакил қатъ карда шуд.
- Имрӯз фаъолияти вакилони ҷамоатҳои деҳот низ моро қаноатманд карда наметавонанд, — гуфт номбурда.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»