Муовини раиси шаҳри Ваҳдат Ятимзода Саид зимни нишасти матбуотӣ, ки 20 июли соли 2016 доир шуд, гуфт, ки дар шашмоҳаи якум қисми даромад 71 миллиону 676 ҳазор ва хароҷот 49 миллиону 988 ҳазор сомониро ташкил дод.
Тибқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016- 2017» дар ин давра 110 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ, 320 нафар ба касбомӯзӣ, 81 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ ва 39 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуданд.
- Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 159 миллиону 489 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 198 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони шаҳр то имрӯз 95 фоизи ғаллазори заминҳои обиро даравида, дар 3200 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, — афзуд Ятимзода Саид.
Тибқи маълумоти муовини раиси ноҳия, баҳори соли равон дар мавзеи Канаск дар 500 гектар картошка кишт карда шудааст, ки айни замон гул кардааст ва умед аст аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ ба 103 миллиону 664 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ятимзода Саид дар поёни нишаст ба саволҳои хабарнигорон оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳоти ба номи Б. Бурунов ва «Гулистон», таъмири роҳҳои маҳаллӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, пардохти саривақтии маоши омӯзгорон посухҳои мушаххас дод.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»