25 июли соли равон роҳбарият ва масъулони Бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории нишасти матбуотӣ фаъолияти онро дар нимсолаи аввал бозгӯйӣ намуданд. Аз суханони раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода маълум шуд, ки сатҳи таваррум дар давраи мавриди назар 3,1 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи асосии тағйирёбии сатҳи нархҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба амал омада, 1,4 фоизро ташкил намуд, ки асосан ба таъсири фишорҳои қурбӣ ва омилҳои мавсимӣ рабт дорад. Дар кишвар 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият доранд. Дар муқоиса бо оғози соли ҷорӣ шумораи бонкҳо 1 адад зиёд ва ташкилотҳои маблағгузории хурд 12 адад кам гардид.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум шуд, ки дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи якуми соли равон 19,6 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ҳамрадиф бо ин, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 15,7 фоиз ва 2,7 фоиз зиёд шуда, ба 17,0 млрд. сомонӣ ва 2,6 млрд. сомонӣ баробар шуданд.
Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ то 30 июни соли ҷорӣ 9,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 фоиз афзудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 17,3 фоиз ва 31,2 фоиз афзуда, мутаносибан 59,9 ва 40,1 фоизи бақияи умумии пасандозҳоро ташкил дод.
Ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо 10,9 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз кам мебошад. Сарфи назар аз ин омил, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат (зиёда аз як сол) тамоюли болоравӣ дорад. Зимни гурӯҳбандии қарзҳои пешниҳодшуда зикр гардид, ки онҳо ба бахшҳои саноат — 35,7 фоиз, савдои хориҷӣ — 18,8, сохтмон — 6,3, истеъмолӣ — 11,4, кишоварзӣ — 11,8, нақлиёт — 7,7, миёнаравии молиявӣ — 2,0, хизматрасонӣ — 4,0 ва дигар соҳаҳо 2,3 фоиз рост меояд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 56,3 фоизаш барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин давра миқдори кортҳои пардохтии аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот баровардашуда ба 1,56 млн. адад баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 26,7 фоиз зиёд мебошад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»