23 майи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, пеш аз ҳама аҳли толор ва мардуми ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз мулоқоти имрӯза таҳлили корҳои барои татбиқи сиёсати ҷавонон то ҳол анҷомёфта ва муайян намудани вазифаҳои оянда ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро «неруи бузурги бунёдкору созанда» номида, изҳори сарфарозӣ намуд, ки беш аз 5 миллион нафар ё худ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 30- сола ташкил медиҳанд.
Тавре зикр гардид, барои таълиму тарбияи шоистаи насли навраси кишвар, ки дарвоқеъ ояндаи давлату миллат вобаста ба онҳо аст, аз соли 2001 то 2012-ум 1500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 интернат бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароити муосир сохта, ба истифода дода шудааст, ки маблағи умумии масрафшуда 2,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Сарвари давлат, пешравиҳои зиёд, ҳамчунин дар соҳаи таҳсилоти олӣ ба назар мерасад. Тавре зикр гардид, ҳоло дар 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 156 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи 300 ихтисос таҳсили илм мекунанд. Барои муқоиса хотиррасон гардид, ки дар солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯйи 82 ихтисос мутахассис омода карда мешуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳар сол садҳо нафар донишҷӯёни тоҷик бо квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва квотаҳои ҷудонамудаи давлатҳои дӯст барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки раванди интихоб ва фиристодани донишҷӯён ба хориҷи кишвар таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад, то ки дар хориҷа асосан ҷавонон аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ-техникии соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, сохтмону меъморӣ, геология, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳои барои Тоҷикистон бисёр зарур омода карда шаванд.
Бо ишора ба болоравии саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки 40 фоизи кормандони корҳои идории давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар робита ба ҳалли масоили манзил барои оилаҳои ҷавон зикр гардид, ки тайи солҳои охир ба 1 миллиону 240 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки беш аз 870 ҳазори он оилаҳои ҷавон мебошанд. Тавре зикр гардид, шумораи зиёди дигар оилаҳои ҷавон дар биноҳои баландошёна соҳиби хона шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои мусоидати бештар ба ҳалли мушкилоти манзилии оилаҳои ҷавон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюлҳои номатлуби даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ ва гумроҳ шуда, ба мазҳабу равияҳои бегонаю иртиҷоии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, насли ҷавону ояндасози кишварро ба ҳушёрию зиракӣ, пайравӣ аз мазҳаби ростини ҳанафӣ, оини таҳаммулпазирӣ ва дур будан аз ифротгаройӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оилаи солимро аз омилҳои муҳими ташкили ҷомеаи демократӣ номида, аз тамоюли афзоиши вайроншавии оилаҳои ҷавон дар солҳои охир изҳори нигаронӣ кард.
Тавре зикр гардид, соли 2011 дар миқёси кишвар 94 ҳазору 600 ақди никоҳ баста шуда, 6800-тои он бекор карда шудааст. Дар соли 2012-ум 97 ҳазору 800 ақди никоҳ баста шуда, 7600 оилаи ҷавон вайрон шудааст.
Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон насли калонсолро ба хуб омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва муқаддас нигоҳ доштани оини хонадорӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастрасии озоду бемонеаи ҷавонон ба телефонҳои мобилӣ, интернет ва дигар дастовардҳои илму техника изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон аз истифодаи бесарусомон ва аз ҳад зиёди онҳо, ки ба саломатии инсон, хусусан ҷавонону наврасон зиёни калон дорад, арзи нигаронӣ намуд. Бо нигаронӣ таъкид гардид, ки шумораи телефонҳои мобилии истифодашаванда ба беш аз 10 миллион адад расидааст ва ин дар сурате, ки аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 8 миллион нафар аст.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавону ояндасози кишварро ба масъулияти баланди ватандорӣ, соҳибӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат, ваҳдату ягонагӣ, ифтихору сарфарозӣ аз ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ва ҷаҳду талоши доимӣ барои рушду тараққиёти Ватани азизи худ ҳидоят намуд.
Сипас миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонон маҳфили доманадори пурсишу посух сурат гирифт, ки зимни он ҷавонон аз ҷумла ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созандагию бунёдкорӣ, ғамхории доимӣ ба насли наврас ва заминагузорӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
www.prezident.tj