Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони воломақоми Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд

№62-63 (3047-3048) 24.05.2013

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2013 як зумра иштирокдорони воломақоми Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушдро ба ҳузур пазируфт.

м 

Дар мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ масоили ҳамкорӣ бо ин бонки соҳибнуфузи олам баррасӣ шуд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазиройии самимии Тоҷикистон ва ташкили хуби ин ҳамойиш арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он ба рушди минбаъдаи ҳамкории судбахш, аз ҷумла барои инкишофи Тоҷикистони меҳмоннавоз низ манфиати афзун меоварад.

  ***

Зимни суҳбати пурмуҳтаво бо вазири молияи мамлакати Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф  роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муҳокима шуд.

Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф паёми Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдуазизро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки роҳбарияти олии ин кишвар ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дорад.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ба наздикӣ миёни ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя ба имзо расида, ба рушди бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ мегузорад.

 ***

Дар вохӯрӣ бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умар Захирва масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ барои ҷалби сармоя ба татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли неруи барқ ва бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвари дӯсту ҳамсоя сурат гирифт.

***

Зимни суҳбат бо муовини Сарвазир, вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал -Шамолӣ масоили ҳамкории ду кишвар, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Як зумра санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари давлатии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бояд ба имзо расанд, ба мувофиқа расид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ва натиҷаҳои умедбахши он ба рушди бесобиқаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судовар такони ҷиддӣ мебахшад.

Робитаҳои Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва хазинаҳои кувайтии рушд дорои дурнамои хуб номида шуд.

***

Дар вохӯрӣ бо вазири молияи Бангладеш Абулмаол Мухит доир ба ташкил ва густариши ҳамкории судбахш миёни ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Абулмаол Мухит бо таваҷҷуҳи хоса ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ ва алюминий ба ташкили ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Бангладеш изҳори ҳавасмандӣ кард.

***

Зимни мулоқоти самимӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия Алӣ Бобоҷон муносиботи дӯстию бародарӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Туркия дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Алӣ Бобоҷон салому паёми Президент ва Сарвазири Туркияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, аз рушди бонизоми ҳамкории Туркия бо кишвари мо арзи хушнудӣ кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи панҷ соли охир гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркия 90 фоиз афзудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи босамари санадҳои зиёди миёни Тоҷикистону Туркия имзошуда ба густариши бештари робитаҳои судбахш боис мегардад.

 www.prezident.tj