ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҷавононе, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Рашт дар мактабҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вохӯрӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрат Лоиқова ва ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ҷамила Исломова суханронӣ карда, аз хусуси расидан ба қадри ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ чанд тан аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Рашт қадрдонӣ гаштанд. Ба ҳамаи донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ ба таълим фарогирифташуда аз ҷониби масъулини ноҳия кӯмакҳои пулӣ расонида шуд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон