16 августи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар робита ба рӯзномаи ҷаласа Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Аъзои Шӯро масъалаҳои рӯзномаро – «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Латифов У. Б.», «Дар бораи лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», «Дар бораи Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ» баррасӣ карда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Тибқи ин қарорҳо масъалаҳои зикршуда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ