Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи оқилонаи замин таъкид кардааст: «Баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.»
Кишоварзони ноҳияи Рашт, ки солҳои пеш ҳам барои оқилона истифода бурдани замину об саъю талош мекарданд, баъди дастури навбатии Пешвои миллат бештар масъулият ҳис мекунанд. Пўшида нест, ки дар навоҳии кўҳистони кишвар заминҳои тахту ҳамвор хеле кам аст. Аз ин рў, лозим меояд, ки мутахассисони соҳа барои ҳалли масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.
Ҳангоми сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти «Қалъанак» бо кишоварзон атрофи масъалаи киштукор суҳбат кардам ва онҳо дар ибтидо рағбат надоштанд.
-Аз ҳамин гапзаниҳо магар суде ҳаст? — бо овози ғазаболуд сухани маро бурид деҳқони миёнсоле. — Шумо аз ду сар суханҳои гуфтаи моро дар рўзномаатон чоп намекунед.
-Албатта чоп мекунем, — посух гуфтам ба ў. — Ба шарте ки ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ робита дошта бошад.
-Чаро робита надоштааст? Қариб як сол аст, ки мо шикоят мекунем, ҳеҷ не, ки масъала ҳал гардад. Барои ба истифода додани як гектар замин дар соҳили Сурхоб на кам аз як миллион сомонӣ лозим аст. Ин ба гуфтан осон. Дар ин ҷо на кам аз 100 гектар замин аст. Имсол об намерасад. Боз хавфи шуста бурдани қисми ин заминҳо ба миён омадааст.
Баъди ин суҳбати сарироҳӣ ба омўхтани масъала машғул шудам.
Маълум шуд, ки канали Қалъанак, ки дар масофаи 6-7 километр тўл кашидааст, ҳанўз соли 1940 сохта шудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар беш аз 20 гектар замини соҳили Сурхоб ғалла кишт мешуд ва деҳқонон ҳосили ба даст овардаашонро барои аскарони сурх мефиристоданд. Соли 1953 Вазорати оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ зарурати васеъ намудани заминҳои киштро дар ин мавзеъ ба ҳисоб гирифта, сохтмони канали навро шурўъ карданд. Мардуми маҳал дар сохтмони канал фаъолона ширкат варзиданд ва бо усули ҳашар ба сохтмончиён кумак намуданд. Ҳамон сол каналро аз нав сохта, ба истифода доданд. Азбаски яке аз кормандони идораи оби ноҳия Идрисов Эшонҷон дар бунёди ин канал саҳми сазовор гузошта буд, каналро мардуми таҳҷоӣ бо номи «канали Эшонҷон» ёдоварӣ мекарданд.
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта масоҳати заминҳои киштбоб дар ин мавзеъ ба 70-80 гектар расонда шуд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминҳои ин мавзеъ хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуданд. Солҳои 2013-2015 барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳаҳои боғпарварӣ ва картошкапарварӣ кишоварзони деҳоти «Қалъанак» дар заминҳои мазкур 25 гектар боғи нав бунёд намуданд. Беш аз 35 гектар замин барои кишти картошка ва 20 гектар барои кишти алафҳои бисёрсола истифода мешуд.
6-8 августи соли 2015, баъди 63 соли бунёди канали мазкур дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи дарёи Сурхоб маҷрои он тағйир хўрд ва канали Қалъанакро дар ду ҷой, яке дар масофаи 220 метр ва дигар ба масофаи 50 метр вайрон кард. Хавфи зери об мондани роҳи мошингарди Душанбе — Лахш ба миён омад.
Аз суҳбат бо сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Рашт Аъзамҷон Маҳмадов маълум шуд, ки дар ин бора аз 8 августи соли 2015 бо имзои масъулини соҳа санад тартиб дода, онро муовини раиси ноҳия Каримҷон Маллаев тасдиқ намудааст. Нусхаи санади мазкур бо маълумотномаи корҳои барқарорқарорсозӣ фаврӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Роҳбарони ноҳия умед доштанд, ки бо дастгирии Агентӣ канал мисли солҳои пешин заминҳои соҳили Сурхобро сероб мегардонад.
- Моҳи апрели соли равон лоиҳакашҳо аз Агентӣ омада вазъиятро омўхтанд, маблағро ҳисобу китоб карданд, умед дорем, ки то охирҳои сол масъала ҳалли худро меёбад, — гуфт дар хатми суҳбат Аъзамҷон Маҳмадов.
Дуруст аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи имконоти хеш бо кумак ва дастгирии сокинони деҳоти мазкур 50 метри харобгардидаи каналро дубора барқарор намуд, аммо қисмати асосӣ то имрўз валангор аст.
Аз сабаби набудани имконияти барқароркунии канал ва тағйир додани маҷрои дарё қисме аз заминҳои киштро дарё ба коми худ фурў бурд.
- Агар ин харобӣ сари вақт бартараф карда мешуд, маблағ хеле кам масраф мегардид. Он вақт тақрибан 230 ҳазор сомонӣ лозим буд, имрўз бошад, бо хароҷоти 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ метавонем онро дубора барқарор кунем, — мегўяд сарзироатчии шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт М. Ҷомидов.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои пешгирии харобкориҳои дарё тамоми имконоти хешро истифода мебарад, аммо барои пурра бартараф намудани он имконияташ кифоя нест.
Чуноне бузургони мо гуфтаанд, «як даст садо надорад», хуб мебуд, ки Агентии беҳдошти замин дар ин кори хайр Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро дастгирӣ менамуд ва боғҳои сарсабзу заминҳои киштро аз нестшавӣ наҷот медоданд. Ва ба ин васила дар иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сазовор мегузоштанд.
Диловари МИРЗО, Садои мардум