Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи меҳнати софдилона тайи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дигаргуниҳои бунёдӣ ва ҷиддӣ дар бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия имрўз ба назар мерасанд. Дар ин муддат корҳои ободонӣ вусъат гирифт. Соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа тараққӣ кард.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ноҳияи аграрӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои бузурге, ки дар назди аҳли заҳмат меистад, тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ мебошад. Солҳои аввали Истиқлолият ин бахши муҳими хоҷагии халқ дар вазъияти бениҳоят мураккаб дучор шуда буд. Бо сабабҳои гуногун ҳосилнокии зироатҳо паст рафт, ҳолати мелиоративии заминҳо бад, саршумори чорвои ҷамъиятӣ коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти соҳа кам гардид. Ҳамаи ин ба зисту зиндагии мардум таъсири манфӣ расонд.
Баракат ва шарофати Истиқлолият буд, ки барои ислоҳи вазъият аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Ислоҳоти соҳа шурўъ ва шакли нави хоҷагидорӣ ҷорӣ гардид. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 2811 адад гузашт. Солҳои охир истеҳсоли ғалла, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, мева ва дигар маҳсулот 5,6 баробар афзуд, боғу токпарварӣ ривоҷ ёфт.
Дар 25 сол оилаи занбўри асал ба 1848 ва истеҳсоли асал ба 25,1 тонна расонида шуд.
Ҳоло дар ноҳия 21 хоҷагии деҳқонии чорводорӣ амал мекунад, ки аз ин 8 адад хоҷагии деҳқонии чорвои калон ва 13 адад хоҷагии чорвои майда мебошад. Инчунин, фермаи ширию молии ҶДММ «Баракати Ҷомӣ» фаъолият менамояд, ки самти асосии фаъолияташ парвариши чорвои хушзот мебошад ва ба фонди шабакаи ягонаи зотпарварии ҷумҳурӣ дохил карда шудааст.
Маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар 25 соли Истиқлолият беш аз 5,4 баробар зиёд шудааст. Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия солҳои охир бе мадади сармоягузор фаъолият намуда истодаанд. Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳия 1052 гектар боғи нав бунёд ва 36 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд.
Дар тўли 25 сол дар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ «Сафо», ҶДММ «Навобод», ҶДММ «Баракати Ҷомӣ», ҶДММ «Беҳрўзи Мурод», ҶДММ «Файзи Ҷомӣ» сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади рушди қолинбофии дастӣ дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Алӣ» коргоҳи «Гулвард» таъсис ёфт, ки дар он 70 нафар зану духтар бо кор фаро гирифта шудаанд. Дар маркази ноҳия низ бо таъмини 15 ҷойи корӣ коргоҳи «Ҳафт авранг» фаъолият дорад. Ҳамчунин, даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурўши молҳои ниёзи мардум бунёд гардиданд, ки имрўз ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодаанд.
Бо вуҷуди буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳон тамоюли мусбати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ дошта шуд. Соли 2015-ум ҳаҷми Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991-ум 5,2 маротиба афзуда, рушди ҳарсолаи он 11,6 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 4,8 , кишоварзӣ — 4,2, ҳаҷми гардиши савдо 3,6 баробар ва ҳаҷми буҷети маҳаллӣ 220,6 фоиз зиёд гардид.
Мақсади асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, пеш аз ҳама, пешбурди сиёсати андозу буҷет, сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молиявӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Аз ин ҷост, ки ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тайи даҳ соли охир мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан хароҷоти иҷтимоӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Буҷети маҳаллии ноҳия, ки соли 1991-ум 420,8 ҳазор сомониро ташкил медод, дар соли 2015-ум 19608,5 ҳазор сомонӣ тасдиқ шудааст, ки 46,6 маротиба зиёд аст.
Аз соли 1991 то соли 2016 аз ҳисоби сарчашмаҳо беш аз 32 иншооти таълимии нав барои 6136 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар назди 24 муассисаи таълимӣ сохтмони 59 синфхонаи иловагӣ барои 1365 ҷойи нишаст ба анҷом расида, як бинои боғчаи бачагона азнавсозӣ шуд ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид.
Ҳоло дар ноҳия 63 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи томактабӣ, як литсей-интернат барои бачагони болаёқат фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1647 омўзгор ба таълиму тарбия машғуланд, ки 695 нафарашон зан мебошанд. Агар музди меҳнати омўзгорон соли 1991 ба ҳисоби миёна 8,80 сомонӣ бошад, ҳоло ба 1396 сомонӣ расидааст.
Буҷети соҳаи тандурустӣ, ки соли 1991-ум 130,4 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2015 ба 9768,2 ҳазор сомонӣ расид, яъне 73 маротиба зиёд шудааст.
Дар солҳои охир 18 бунгоҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Биноҳои беморхонаи марказӣ, таваллудхона азнавсозӣ шуда, маркази бемориҳои сил ва шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо биноҳои нав ва таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии варзишгарон ва рушди оммавигардонии варзиш дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ даҳҳо толори варзишӣ ба истифода дода шуданд. Дар варзишгоҳи марказӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як толори варзишии нав сохта шуд.
Дар соҳаи фарҳанг низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Ҳоло як китобхонаи марказӣ, як кохи фарҳангӣ, як хонаи маданияти типи шаҳрӣ, се хонаи маданият дар деҳот, ҳафт клуб, ду ансамбли тарона ва рақс ва ғайра дар хизмати мардум қарор доранд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, №АП-681 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» тадбирҳои амалӣ андешида шуд.
Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани ин маърака комиссияи ноҳиявӣ таъсис ёфт, тибқи қоидаҳои гузаронидани мусобиқа ғолибони марҳилаи якум — маҳаллаи беҳтарин, деҳаи беҳтарин, хонаи намунавӣ ва оилаи намунавӣ ва даври дуюм миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар ноҳия аз 11 иншооти гуногуни ҷашнӣ то имрўз сохтмони 7 ададаш ба анҷом расид. Аз ҳисоби иншооти мавриди истифода қароргирифта 54 ҷойи нави кории доимӣ фароҳам шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №810 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015-2019» қабул ва моҳи феврали соли 2016 «Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ гардид.
Итминон дорем, ки бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боз ҳам ободу зебо хоҳад гашт.
Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон