Соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

Об ҳаёт аст

№64 (3049) 28.05.2013

Оё мо онро дуруст истифода мебарем ва шукргузорем?

Об барои хаёт

 Мо, лаҳзае, ки ташнагӣ ғолиб омад,  пиёлаи оби роҳатбахшро нӯши ҷон мекунем ва Худоро шукр мегӯем, ки ин неъмати бузургу асосиро барои мо арзонӣ додааст. Субҳидам кори мо аз истифодаи об сар мешавад, давоми рӯз ва то орамидан аз он истифода мекунем.  Ҳамин тавр, ду-се, даҳ- бист, сад- ҳазор ва қариб ҳашт миллион аҳолии Тоҷикистон  истифодабарандагони оби ҷонбахши кишварем. Дар  ин миён касе шукр мекунад, нафари дигаре онро фаромӯш месозад, сеюмӣ обро ифлос менамояду парво надорад.

Баъзеҳо ба об ҳар гуна ифлосиҳоро мепартоянд ва мехоҳанд об партовҳои онҳоро аз назди хонаашон дур барад. Аммо  намеандешанд, ки он ба дари ҳавлии инсони дигаре меравад ва ӯ низ мехоҳад оби тозаро истифода барад. Худамон мехоҳем оби менӯшидагиамон тоза бошаду онро ифлос карда, сӯйи дигарон равона мекунем. Магар ин аз рӯйи инсоф аст?

Вақте мо наврас будем, калонҳоямон доимо насиҳат мекарданд, ки обро ифлос накунем, ба ҷӯйҳо оби даҳон наандозем, ки убол аст. Ниёгони хирадмандамон дар ашъори хеш ба аҳамияти об ва муносибат бо ин неъмати Худо ишораҳо доранд, чунончӣ:

Қатраи обе, ки тани мардум аст,

Дар дили он қатра ҷаҳоне гум аст.

(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

 

Ба сурат одамӣ шуд қатраи об,

Ки чил рӯзаш қарор андар раҳим монд.

(Саъдии Шерозӣ)

 

Об унсури муқаддас будааст,

Ҳини мурдан қатрааш  бас будааст.

Он ки қадрашро надонад  дар ҳаёт,

Бандаи ноҷинсу нокас будааст.

(Лоиқ Шералӣ)

Дар ҳаёти ҳаррӯза обро истифода бурда, мо ба вай одат кардаем ва онро табиӣ мешуморему боре тафаккур намекунем, ки об чӣ қадар муъҷизаи бузург аст.

«Оби ошомиданӣ яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти инсон, олами ҳайвоноту наботот мебошад. Тахминан 65 фоизи вазни инсонро об ташкил медиҳад. Дар як шабонарӯз меъёри физиологии оби истеъмолкардаи ҳар як инсон ба 2,5-4 литр баробар аст.  Мо тамоми рӯз мунтазам аз об истифода мебарем…»(Аз китоби Сайдалӣ Тоҳиров, «Обнома», Душанбе, «Ирфон» 2010).

Худоро шукр, мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки оби фаровону зулол ва роҳатбахш дорад, аммо тасаввур намекунем, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз нарасидани об чӣ қадар одамон азият мекашанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион нафар одамон, ки аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, талаф ёфта, зиёда аз се миллион одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар кишвари мо низ, ки дар миқёси ҷаҳонӣ бо захираҳои фаровони оби тозаи ошомиданӣ маъруф аст, ин нишондиҳандаҳо боиси ташвиши ҷиддианд ва ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалношудаи таъминоти аҳолӣ бо оби ба дараҷаи лозима поки ошомиданӣ боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва гидрологияи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии  «Нурофар» Мадамон Замонов «Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000  пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо  на ин ки Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту ба минтақаи Осиёи Миёна хисороти зиёд оварданаш  мумкин аст, бо об таъмин мекунад».

Яке аз манбаъҳои бузурги захираи об дар кишвари мо кӯли Сарез мебошад. 27 – 29 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию техникии «Кӯли Сарез: 100 соли мавҷудият, роҳҳои ҳалли мушкилоти истифодаи захираҳои оби он» баргузор гардида буд. Ин ҳамоиши бонуфуз тавсия дод, ки оби Сарез ба сифати оби покизаи экологӣ ва бо мақсади гидроэнергетикӣ истифода шавад. Дар ин робита, зимни суҳбат бо мо сардори шуъбаи илмӣ-техникии  Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии  Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» Муқим Нормуҳаммадов чунин иброз намуд: «Аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2008 истифодаи оби аз нигоҳи экологӣ тозаи ошомидании Сарез тавассути лӯлаи 600- километра ройгон ба ҳамсоягони наздик пешниҳод шуда буд, ки то ба ҳол ба ин пешниҳод вокуниши мусбате баён нашудааст. Аммо чуноне воситаҳои ахбори омма хабар медиҳанд (ASIA – Plus, № 41 (728)/ 30 майи соли 2012) се давлати ҳамсоя – Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон доир ба аз ҷумҳуриамон тавассути Афғонистон ба Эрон додани об ва дар бадали он гирифтани нафт гуфтугӯ доир намуданд. Лоиҳаи ин кор 27 – 28 моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Теҳрон дар нишасти комиссияи байниҳукуматии тоҷикию эронӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ муҳокима шудааст».

Дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти об дар миқёси ҷаҳон ва минтақа саҳми кишвари мо хеле бузург аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқоту ҷамъомадҳои сатҳи олӣ борҳо иброз намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳалли мусолиматомези мушкилоти об аст.  Инак, Сарвари давлати мо чанде пеш зимни сафар ба Шоҳигарии Таиланд ин нуктаро бори дигар такрор сохт. Вай  зимни суханронӣ дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» 19 майи соли 2013 дар ин кишвар баргузор шуд, ҳалли масъалаҳои амниятии вобаста ба обро дар ин минтақаи Осиёи Марказӣ бо омилҳои зерин вобаста донист:

«1. Тақсимоти нобаробари захираҳои об дар ҳудуди минтақа.

2.Дурнамои эҳтимолии кам шудани захираҳои об дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бар асари таъсири раванди тағйирёбии иқлим.

3.Афзоиши истеъмоли об бинобар зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисод.

4. Бештар такрор ёфтани офатҳои табиии марбут бо об ва идомаи раванди нобудшавии баҳри Арал.

5.Ҳамкории ғайрикофии кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ».

Президенти кишвар вобаста ба ин таъкид намуд, ки сарфи назар  ба он, ки захираҳои зиёд ва асосии обии минтақа дар қаламрави ду кишвари болооб – Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд, вале зиёда аз 85 фоизи онҳо дар кишварҳои поёноб истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳам баъзе ҳамсоякишварҳои мо ба ҷойи шукргузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманду тақвияти муносибатҳои дӯстона, бо ҳар баҳона масъаларо мушкил мегардонанд.

Вале, бо вуҷуди саддгузориҳо ва эҷоди мушкилот аз ҷониби баъзе ҳамсояҳо, Ҳукумати кишвар дар роҳи пешгирифтаи хеш, ки ба манфиати на танҳо мардуми тоҷик, балки халқҳои минтақа ва ҷаҳон аст, устуворона пеш меравад. Тавре маълум аст, бо иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст ва кишвари мо дар ин бобат чорабиниҳои зиёдеро  амалӣ мегардонад. Аз ҷумла рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мегардад. Ҳоло ба ин ҳамоиши бузург дар кишвар тайёрии ҳамаҷониба меравад.

Дар ин робита, тавре аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд: «Дар доираи омодагиҳо ба  ин чорабинии муҳиму бонуфуз Котиботи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҳамкорӣ  бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам як қатор корҳоро анҷом дод. Аз ҷумла логотипи конфронс, Консепсияи баргузории ин чорабинӣ бо дарбаргирии теъдоди ширкаткунандагони конфронс, натиҷаҳои интизорӣ, макони баргузории он  ва ғайра таҳия ва омода гардид. Вобаста ба нақшаи иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №664 аз 21 ноябри соли 2012 Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи конфронс созмон ёфт. Аз ҷониби ҳайати котибот рӯйхати иштирокчиёни эҳтимолии конфронс, ки ба он сиёсатмадорони машҳур, олимону мумайизон, роҳбарону мутахассисони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки ба масъалаҳои об машғуланд, шомиланд, тартиб дода шуд.

Аввалин маълумотномаҳо ба иштирокчиёни маросими ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (шаҳри Париж, 11 феврали соли 2013) — чорабинии махсуси таҳти унвони «Роҳҳои тақвияти саъю талошҳо барои идома додани мубоҳиса ва ҳамкориҳо оид ба об», ки дар шаҳри            Ню-Йорк 22 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, фиристода шуд. Ҳамчунин тариқи почтаи электронӣ ба беш аз 1000 нишонӣ чунин маълумотномаҳо интиқол дода шуданд.

Котиботи конфронс барномаи техникии веб-сайти расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (www.hlicwc.org)-ро таҳия кард, ки он  мунтазам бо хабару маълумотномаҳои нав пурра карда мешавад.

Дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об  аллакай ду машварати Гурӯҳи кории ҳукуматӣ баргузор гардид. Корҳои дигари ташкилӣ, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс, идома дорад.»

Баргузории ин чорабинии бонуфуз  ва дигар тадбирҳо имкон медиҳанд, ки атрофи амалияи ҳамкорӣ ва ҳамшарикии самарабахш дар ҳалли масъалаҳои об, ҳамчунин дарёфти ҷавобҳо ба масъалаҳои ҷойдошта мубодилаи афкор сурат гирад ва андешаю хулосаҳои ширкаткунандагони он боиси дарёфти ҳалли мушкилоти муҳими ҳаёт гардад.

 Бурҳониддини  К., «Садои мардум»