Дар шаҳри Кӯлоб конференсияи V11 ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Вакилон зимни баррасии маърӯзаи ҳисоботии муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Исмоил Иброҳимов ба сухан баромада, оид ба бурду бохти фаъолияти ташкилот дар давраи интихоботӣ, нокифоя будани кор дар самти тарбияи ҷавонон, сабабҳои воридшавии онҳо ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз изҳори андеша карданд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ Қурбон Сафаров гуфт, ки имрӯзҳо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар фаъолияти хешро бештар ба самти варзишу сайёҳӣ равона кардааст ва масъалаи кор ба ҷавонон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов дар баробари натиҷагирӣ намудани фаъолияти давраи интихоботии ташкилот, арз намуд, ки раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов аз соли 1987 инҷониб ташкилоти мазкурро сарварӣ мекунад. Мавсуф бо вакилон оид ба масъалаи интихоби раиси нави Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб изҳори андеша намуд. Вакилон дар посух якдилона иброз доштанд, ки имрӯз мисли ин марди рӯзгордида мо номзади сазовору арзанда надорем ва хоҳиш мекунем, ки номзадии ӯ ба овоз монда шавад. Ҳамин тариқ Мирзо Бекматови 93 сола, барои 5 соли дигар ё худ маротибаи ҳафтум раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб интихоб гардид.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»