Дар доираи нақшаи омодагиҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан 15-уми август бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи истироҳатию фароғатии «Муборак» мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими Истиқлолият» баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Нигора Ҳайдарзода дар бораи нақши Истиқлолият дар пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар андешаҳои худро баён кард. Ӯ Истиқлолияти мамлакатро волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ карда, нақши занону бонувони мамлакатро дар таъмини ин неъмати бебаҳо муассир баҳогузорӣ кард.
Бонувони собиқадор, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр Зуҳро Шодиева ва Фотима Шарифова, омӯзгор Маҳбуба Сангинова, табиб Зулайхо Солиева ва дигарон низ дар ин робита андешаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷом мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Барно Ашрафова ба иштироккунандагон туҳфаҳои хотиравӣ ва як нусхагӣ маҷаллаи «Ноҳид» -нашрияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро, ки рӯзгору корномаи 86 нафар занони баруманди шаҳри Истаравшанро инъикос кардааст, тақдим намуд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»