24 августи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред! Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур дорад.
Бо назардошти моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Вакилони муҳтарам!
Дар кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шариф, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
РАИС: — Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст.
Роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб — Носири Хусрав пайваст шуд ва қатораҳо аз ин роҳ ҳаракат намуданд.
Дар ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Ба истифода аз фурсати муносиб аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо ин дастоварди бузург табрик намуда, ба Тоҷикистони азиз пешравиҳо орзу менамоям.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод мешавад:
Раиси Комиссия:
Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15.
Аъзои Комиссия:
Сабурзода Мирзодавлат — вакил аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир, №33;
Содиқова Насиба Нуруллоевна — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Оид ба номзадҳо чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз мемонам.
Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд. Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод мешавад:
Раиси Котибот:
Азимзода Толибхон Ситамурод — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон, №29.
Аъзои Котибот:
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ — вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 14;
Ашӯрова Гулбаҳор Сангиллоевна - вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Оид ба номзадҳои мазкур чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз мемонам.
Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд.
Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:
Роҳбари Гурӯҳ:
Абдуназар Хисрав — вакил аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №21.
Аъзои Гурӯҳ:
Рӯзадор Муҳаббатшо — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ, №40;
Достизода Миралӣ — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Оид ба номзадҳои мазкур чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз мемонам.
Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд.
Қарор қабул шуд.
Аз вакилоне, ки ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо, Котибот ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод карда мешавад.
Мутобиқи банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Рафти кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва радиои «Садоееи Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.
2. Маводи кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.
3.Маводи кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
РАИС: — Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд.
Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи иҷлосия, ки як масъала — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро дар бар мегирифт, ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи рӯзномаи иҷлосия – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода мешавад.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД:
- Муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принсипи инсондӯстӣ дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , пешниҳод намудаанд.
Лоиҳаи қонуни ба шумо пешниҳодшуда аз 22 модда иборат буда, меъёрҳои он ба танзими ҳуқуқии масъалаҳо оид ба озод кардан ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагон, озод кардан аз адои ҷазоҳои ҷиноятии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда ва озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бахшида шудаанд.
Дар лоиҳаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намуда, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё баррасии судҳо қарор доранд ва ё бо ҳукми суд ҷазоро адо менамоянд, низ пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур занон, ноболиғон, мардони аз 55 – сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва аз адои дигар ҷазоҳо озод карда мешаванд.
Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Дар лоиҳаи қонун, инчунин аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд, низ пешбинӣ гардидааст.
Шахсоне, ки бори аввал барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум гардиданд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.
Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Мувофиқи моддаи 5 лоиҳаи қонун маҳкумшудагоне, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодии онҳо то ду сол боқӣ мондааст, ба истиснои якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнин аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Ҳолатҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд дар моддаи 6 лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаи 7 лоиҳаи қонун ҳолатҳои кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии шахсоне, ки таҳти амали қонун дар қисмати озодшавӣ қарор намегиранд, дарҷ шудааст.
Мутобиқи ин муқаррарот муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз ду як ҳисса кам карда мешавад.
Ҳамчунин, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, аз се як ҳисса ва муҳлати ҷазои маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз чор як ҳисса кам карда мешавад.
Тавре аз меъёрҳои зикргардида бармеояд, аз ин санади авф доираи васеи шахсони ҷиноятсодиркарда бархӯрдор мегарданд.
Дар баробари ин, лоиҳаи қонун маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо асосан нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, дахл доранд. Дар моддаҳои 8,9 лоиҳаи қонун доираи шахсоне, ки нисбати онҳо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» оид ба кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазо ва озод намудан аз адои боқимондаи ҷазо татбиқ карда намешавад, муайян карда шудааст. Инҳо шахсоне мебошанд, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба муқобили сулҳу амнияти инсониро содир кардаанд ё маҳкум карда шудаанд.
Ба ғайр аз ин, ба ин гурӯҳ шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳкум шудаанд, қаблан мувофиқи қонунҳо «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир кардаанд ва шахсоне, ки дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва махсусан хавфнок ҷиноят содир кардаанд, дохил мешаванд.
Вакилони гиромӣ!
Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ғамхории хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонуни мазкур ба масъалаи авфи гуноҳи ин гурӯҳи маҳбусон диққати махсус дода шудааст.
Бояд зикр кард, ки татбиқи қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад. Шахсони мувофиқи қонуни мазкур авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
Яке аз хусусиятҳои хоси лоиҳаи ин қонун аз он иборат аст, ки тибқи талаботи моддаи 12-и он муқаррарот нисбати шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон татбиқ карда мешавад.
Ин муқаррарот тибқи дастур ва ҳидояти Ҷаноби Олӣ барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдор дар мавриди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» равона карда шудааст.
Лоиҳаи қонун ваколатҳои мақомоти давлатиро оид ба тартиби татбиқи санади авф, муҳлати иҷро ва мавриди амал қарор додани онро ба танзим даровардааст.
Ҳамин тавр, мувофиқи маълумоти пешакӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати зиёда аз 12000 (дувоздаҳ ҳазор) гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.
Вакилони муҳтарам!
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
(Давомаш дар шумораи оянда)
Н. Солеҳов, А. Мӯсоев, Б. Каримзода, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев