Барқияҳо ба «Садои мардум»

Арзи миннатдорӣ

№64 (3049) 28.05.2013

Мо, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳоти «Ватан»- и ноҳияи Фархор, дар арафаи таҷлили Иди Ғалаба аз Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳияи Фархор Қурбонбой Каримов табрикоту кӯмакҳои молиявии арзанда гирифтем. Аз шумо, аҳли рӯзномаи «Садои мардум», эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки арзи сипос ва дуову дуруди моро ба фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари оқилу нексиришт, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нашрияатон расонед.

Хоҳони саодати шумоем.

Бо арзи эҳтиром иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Искандаров Абдуалим, Давлатов Азим, Ашӯров Абдураҳмон, Қувватов Нусратулло ва Қурбонов Ҳикматулло

***

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳринав аз номи 17  нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 13 нафар шахсони айёми ҳарбу зарб дар ақибгоҳ барои таъмини  ғалаба бар фашизми гитлерӣ зарбдорона меҳнаткардагон, барои  ба ифтихори 68- солагии Рӯзи Ғалаба расонидани кӯмаки моддӣ -  орду биринҷ ва шакар ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии хешро изҳор месозад.

Ин мадад нишонаи олии қадрдонии хизматҳои арзандаи собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои набард буда, дар дили ҳар яке  ҳисси ифтихору шараф ва қаноатмандии бепоён аз ин амали хайри кормандони Агентиро  бо сарварии муҳтарам Н. А. Ахмедов ҷой намуд.

Ин рафтори наҷиб аз хотири мо ҳеҷ фаромӯш нахоҳад шуд.

 Ҳақ таъоло бар дари Ҷаннат навишт,

Ҷои мардони сахӣ бошад биҳишт.

Музаффар ДАДАБОЕВ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳринав