Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим бо соҳибкорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум рушди соҳибкорӣ аст. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти ин соҳа эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони ВМКБ 24 бизнес — нақшаҳои самти истеҳсолӣ таҳия шуда, барои ба феҳристи ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷалби сармоягузорӣ дохил кардан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Боз шаш лоиҳаи ба самти истеҳсолӣ рабтдошта дар арафаи баррасӣ мебошанд. Феълан дар феҳристи лоиҳаҳо оид ба ҷалби сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти вилоят 38 лоиҳа мавҷуд аст.
Ҳоло дар вилоят ба маблағи 13,44 млн доллари ИМА шаш лоиҳа татбиқ мешавад. Амалӣ гардонидани ду лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Хоруғ низ идома дорад. Гуфтан бамаврид аст, ки то охири соли 2012-ум 11 лоиҳа ба маблағи 118 миллион доллари ИМА амалӣ гардидааст.
Рақамҳои мавҷуда далели возеҳи онанд, ки дар вилоят саноат яке аз шохаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Соли 2012 дар вилоят ба маблағи 53828,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар маркази вилоят сехи дӯзандагӣ, дар ноҳияи Рӯшон сехи истеҳсоли маҳсулот аз пластика, бастубанди оби нӯшокӣ, коркарди аввалияи пашм, се сехи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дар ноҳияи Мурғоб сехи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Давоми соли гузашта корҳои сохтмонӣ дар 200 иншоот идома дошт ва аз ин миқдор 80 иншооти дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Имсол ба маблағи 270 миллион сомонӣ бунёди 86 иншоот идома дорад. Дар иҷрои ҳамаи ин амалҳо ҳиссаи соҳибкорон кам нест, зеро маҳз бо ибтикори онҳо дар вилоят 900 ҷойи нави кор таъсис шуд.
Ба хотири ҷалби сармоягузории хориҷию дохилӣ ба иқтисодиёти вилоят бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Ишкошим ташкил карда шуд, ки дорои 200 гектар замин мебошад. Тибқи нақша дар 150 гектар майдон биноҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Имрӯз, ки ҳадаф аз таъсиси он ҷалби сармоя мебошад, бори гарони бо маводи ғизоӣ, сохтмон, сӯзишворӣ, доруворӣ таъмин кардани мардум, бунёди иншооти манзилӣ, биноҳои маъмурии идораву муассисаҳо, ошхона, тарабхона ва боз даҳҳо намуди хизматрасонӣ бар дӯши соҳибкорон аст.
Хулоса, ҳиссаи соҳибкорон дар ободию бунёдкории шаҳру навоҳии вилоят кам нест. Давоми соли 2012 дар шаҳри Хоруғ 30, Рӯшон 21, Ванҷ 19, Ишкошим 18, Шуғнон 15, Роштқалъа, Мурғоб ва Дарвоз 11-тоӣ иншоот бо маблағгузории соҳибкорон таъмиру бунёд гардиданд.
Баробари пешравиҳои назаррас доштан фаъолияти соҳибкорон дар вилоят беҳбудӣ низ мехоҳад, зеро аз 288 шахси ҳуқуқӣ, ки дар қайди Раёсати андоз ҳастанд, соли 2012 танҳо 124-тоаш фаъолият дошт. На ҳама корхонаҳо аз қайди мақомоти андоз гузашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташонро ба ҳисоби оморӣ пешкаш менамоянд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолоти вилоят ба шумор рафта, соли 2012 беш аз 443 миллион сомонӣ ё худ 89,2 фоизи маҳсулоти умумии вилоят дар ин соҳа истеҳсол шуда бошад ҳам, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ангуштшуморанд. Маҳсулоти асосии истеҳсолгардида бе коркард монда, аксаран вайрон ё сифаташ паст мегардад. Боқимонда чун ашёи хом бо нархи ночиз берун аз вилоят фурӯхта мешавад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла маишӣ, дар ВМКБ зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона, ба рушду сифат кам эътибор медиҳанд. Сифати хизматрасонӣ, ҳолати санитарии аксар иншооти хизматрасонӣ, бавижа ҳаммом, ошхонаҳо ва сартарошхонаҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Аз 587 нуқтаи хизматрасонии маишӣ танҳо 328-тоаш ба қайди нозироти андоз гирифта шудааст.
Тавлиди бозорҳои наздимарзӣ ба соҳибкорони ВМКБ шароит фароҳам овардааст, ки равобити тиҷоратии вилоят васеъ гашта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи мардум ва нархҳои нисбатан арзон саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, дар фаъолияти ин бозорҳо камбудию норасоии зиёд ҷой дорад. Қабл аз ҳама, имрӯз ин бозорҳо ба ташкили инфрасохтор ниёз доранд. Нуқтаҳои хӯроки умумӣ дар бозорҳои наздимарзӣ фаъолият доранд, лекин сифати зарурии хизматрасонӣ таъмин нашудааст. Соҳибкорон дар ин бозорҳо гарчанде солҳо боз фаъолият дошта бошанд ҳам, ба хотири беҳбудӣ ба сатҳу сифати хизматрасонӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон ба вилоят дар се соли охир тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Тайи ин муддат дар вилоят 21 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият пардохт. Аз ҳисоби ин ширкатҳо бо дастгирии Хазинаи Оғохон Ассотсиатсияи сайёҳони «ПЕКТАК» ташкил ёфт, ки он 21 аъзо дорад. Дар тӯли чор сол тавассути онҳо 2918 нафар сайёҳ вориди вилоят гардид. Ба хотири тайёр намудани мутахассисон дар курсҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон 185 нафар туроператорҳо ва роҳбаладон таҳсил намуданд.
Ба хотири тавассути гузаргоҳҳои Қизиларт ва Кулма зиёд намудани воридоти сайёҳони хориҷӣ шартномаҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой вуҷуд дошта бошад ҳам, то ҳанӯз дар ин самт масъалаи ташкили хатсайрҳои туристӣ қаноатбахш нест.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди ҳар як кор саводи касбӣ аст. Дар вохӯрии раиси вилоят бо соҳибкорон, ки дар шаҳри Хоруғ рӯйи кор омад, ҳамин чиз бармало буд. Дар суханронии раиси вилоят фаъолияти соҳибкорон амиқ таҳлил карда шуд, аммо худи онҳо аз рафъи мушкилоти пешбурди корҳояшон камташаббусӣ зоҳир намуда, бидуни се-чор нафар дигарон сухане нагуфтанд ва таклифи ҷолибе барои соҳа пешниҳод накарданд.
Ба гуфти сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Хурсанд Вафобеков, ҳастанд соҳибкороне, ки ба маънои аслии шуғлашон, иҷрои он вазифаи азиме, ки дар наздашон истодааст, сарфаҳм мераванд ва аз ин лиҳоз хеле заҳмат мекашанд ва дониши касбиашонро баланд мебардоранд. Ҳамзамон на ҳама соҳибкорон ин масъулияти баландеро, ки бар дӯш доранд, комилан ҳис мекунанд. Эшон танҳо ба хариду фурӯш машғуланд.
Соҳибкорӣ бояд дар ВМКБ рушд ёбад, зеро беҳбудии рӯзгори мардум, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба он вобаста аст.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»