Сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара

№114 (3594) 03.09.2016

DSC_530031 августи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Барои бунёди ин маҷмааи дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта буд. Он аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дӯзандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар аст. Дар сурати пурра фаъол гардидан зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар коргоҳҳои алоҳидаи ин маҷмааи нассоҷӣ, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст, навтарин ­технологияи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ширкатҳои шуҳратманду ҷаҳонии ШМА, Италия, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин васлу насб шудааст.

Бояд гуфт, ки дар навбати аввали корҳои истеҳсолии маҷмаа беш аз 15 ҳазор тонна нахи пахта коркард шуда, зиёда аз 600 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

То имрӯз барои татбиқи лоиҳаи сохт­мони корхона 600 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои истеҳсолӣ дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд. Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат, дар айни замон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақша беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хом дар якчанд ноҳияи дигари вилояти Хатлон бунёди корхонаҳои пахтатозакунӣ дар назар дошта шудааст. Дар айни замон барои фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ашёи хом, яъне пахтаи коркардшуда аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа дастрас карда мешавад. Муҳимияти ба кор даровардани маҷмааи нассоҷӣ боз дар он аст, ки дар заминаи он фаъолияти чанд коргоҳу корхонаи дигари соҳа вусъати тоза гирифта, парвариши пахта ривоҷ меёбад ва аз ин ҳисоб боз ҳазорҳо нафар шаҳрванди мамлакат бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо сифати корҳои сохт­мони маҷмаа, таҷҳизоту технология ва раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури мардуми ҷамъомада ва аҳли заҳмати корхона суханронӣ намуданд. Тавре таъкид шуд, рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо ба таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои саноатӣ, муҳайёсозии даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав ва афзоиши Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Дар маркази ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самар СН» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Юё» мебошанд.

Барои бунёди ин иншооти муосир наздик ба 100 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якум бо шароити машқу тамрин ва толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гӯштин, каратэ, ва гимнастика шинос шуданд.

Дар ошёнаи дуюм толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷойи нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон омода гардидааст.

Дар ошёнаҳои сеюму чорум утоқҳои меҳмонони олимақом, доварон, нуқтаи ёрии тиббӣ, толори хурд ва дигар марказҳои фароғатӣ ҷойгир шудаанд.

Идораҳои маъмурӣ, ҷойи либосовезӣ, қаҳвахона, хонаҳои қабули меҳмонон, нуқтаи ташхиси маводи допингӣ аз ҷумлаи имконоти дигари муосири ин маҷмааи варзишӣ мебошад.

Дар ин ҷо, ҳамчунин барои шореҳони варзиш утоқҳои махсус бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз сохта шудааст.

31 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи муосири «Дарё-2015» санги асос гузоштанд.

Бинои ин меҳмонхонаи муҳташам аз 11 ошёна иборат хоҳад буд ва он дар масоҳати 0,3 гектар бунёд мегардад.

Дар ин муҷтамеъ 304 ҳуҷраи барҳаво, 3 маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, 6 тарабхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом сохта шуда, дар боми бино тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир мешавад.

Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарё -2015» мебошад. Муҳлати сохтмон ду сол муайян гардид.

Масоҳати умумии муҷтамеи меҳмонхона, ки аз аквапарк, майдони футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзи калони шиноварӣ, боғи кӯдакона ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд, 4,2 гектарро ташкил медиҳад.

Баъди ба истифода додани он 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи бунёди меҳмонхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба таъмини сифати кор дар вақти бунёди сохтмон ҳидоят карданд.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Зикр шуд, ки иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешаванд.

Тибқи лоиҳа дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён ва як хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосии донишгоҳ, ки 9 ошёнаро дар бар мегирад, дар зарфи қариб ду сол бо сифати баланд сохта, ба истифода дода мешавад.

Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳо ҷойгир гардида, ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо ҳазор ҷойи нишаст бунёд хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шаванд.

Дар навбати аввал иншооти донишгоҳ барои 4 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар шаш соли таҳсил пешбинӣ гардидааст.

www.president.tj