Якуми сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуд ва бо харҷи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 — ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5-ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигоҳдории 650 ҳазор китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони куллиён», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самар СН» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқи Кӯлоб» бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ иҷро кардаанд.
Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факултет ва 20 кафедра аз рӯи ихтисосҳои педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устод, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 2615 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ин ҷо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин ҷо аз рӯи 30 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассис тайёр карда мешавад. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯён ба тадқиқоти илмӣ машғул мешаванд.
Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфтааст. Барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гурӯҳ ҷавондухтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва ба шогирдон таҷрибаашонро меомӯзанд. Дар коргоҳи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Таъсиси гурӯҳи зудамали таъмири технологияи компютерӣ бо ду мошини сабукрав аз навовариҳои бахши таълим дар Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
Зимни боздид аз донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва дигар қисмҳои иморати донишгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир карданд.
Донишҷӯён ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошу ғамхориҳо изҳор сипос намуданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва суханронӣ карданд.
www.president.tj