Китобиёт

25 соли музаффариятҳо

№ 03.09.2016

 Fayzi-Istiqlol-OblojkaБахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашриёти «Маориф» китоберо бо номи «Файзи истиқлол – 25» аз чоп баровард. Китоби мазкур хонандаро бо дастовардҳои Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ  бозгӯ мекунад.

Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги Авруосиё» Эмсал Коч дар пешгуфтори китоб навиштааст: «Ман аз соли 1994  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунам ва шоҳиди онам, ки сол то сол дастоварду комёбиҳои мамлакат афзун гардида, Тоҷикистон рушд ёфта, дар самти нашъунамо қадамҳои устувор гузошта истодааст. Агар шахсе 10-15 сол пеш меҳмони шаҳри Душанбе шуда бошаду имрӯз боз ба пойтахти Тоҷикистон ояд, гумон мекунад, ки ба шаҳри тамоман наву дигаре омадааст. Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз», иморати 22-ошёнаи хуштарҳи «Душанбе-плаза», беморхонаи бисёрсоҳавӣ, меҳмонхонаҳо, иморатҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу гимназияҳо, гулгашту хиёбонҳои дилкушо ва ғайра ба ҳусни пойтахт ҳусни тоза зам намудаанд».

Муовини якуми раиси Ҳизби халқии-демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода андешаҳояшро дар китоб баён намуда, таъкид кардааст, ки бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» марҳилаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шурӯъ шуд. Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ҷомеаи мо ба марҳилаи нави рушди худ қадам гузошт, ки он бо номи давраи созандагию бунёдкорӣ ёд мешавад. Яъне, Тоҷикистон марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро  паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид.

- Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки дар замони шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем. Бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ намоем. Чандин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти мо дар соҳаи об ва амнияти минтақа аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуданд. Иди миллии мо Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалӣ гирифт» – навиштааст С. Фаттоҳзода.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳаёт Одинаев андешаҳояшро дар бобати самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ иброз дошта, чунин нигоштааст: «Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ ва неруи гидроэнергетикӣ аст. Тибқи пешгӯйиҳои мутахассисон дар қаъри замини Тоҷикистон 113,1 миллион тонна нефт, 863 миллиард метри кубӣ газ ва 36 миллион тонна конденсати  газӣ ошкор шудаанд. Мушкилоти асосии мо дар ин соҳа чуқурии нисбатан зиёди ҷойгиршавии ашёи хом ва набудани сармоягузории стратегӣ ба ҳисоб меравад».

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Амонулло Салимов таъкид намудааст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаи боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии мамлакат маҳсуб ёфта, ба он таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Шароити хоку иқлими ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки дар ҳолати дар асоси илму технологияи навин ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда Тоҷикистон метавонад зиёда аз 1 миллион тонна меваҳои шаҳдбор истеҳсол намуда, талаботи бозори дохилиро таъмин намояд ва иқтидори содиротии кишварро баланд бардорад.

Умуман, китоби «Файзи истиқлол-25» фарогири дастовардҳои ҳама сохторҳо дар давраи Истиқлолият мебошад. Муаллифон ба таври мухтасар ва воқеъбинона бурду бохти 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистонро таҳлил намудаанд. Тавре аз навиштаҳои онҳо бармеояд, комёбиҳои чоряк асри сипаришуда хеле зиёданд. Метавон гуфт, ки китоби «Файзи истиқлол-25» қатрае аз  баҳри бекарони музаффариятҳои даврони Истиқлолият мебошад.

Китоб бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги Авруосиё» нашр гардидааст.

С. Аминиён, «Садои мардум»