Ҳамкорӣ

Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ҷавобгӯйи талабот нест

№ 03.09.2016

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Туркманистони бетараф: таърих, дастовардҳо ва дурнамои рушд» конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки 25-сол пеш ҷумҳуриҳои бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пайи ҳам истиқлолияти худро эълон намуданд. Аз ҷумла, Туркманистон низ 27-уми октябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҳамаи кишварҳо душвор буд. Зеро робитаҳои заифшударо бо ҷумҳуриҳои бародарӣ барқарор кардану ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав бо кишварҳои хориҷии дур кори осон набуд. Бо вуҷуди ин, ҳар як ҷумҳурӣ роҳи  мустақили тараққиётро пеш гирифта, ба натиҷаҳои мусбат ноил гашт. Туркманистон сиёсати бетарафиро интихоб намуд.

Тавре Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Отаев иброз дошт, алҳол Туркманистон бо 140 мамлакат робитаи дипломатӣ дорад. Туркманистон ба истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ ноил гашта, имрӯз дар қатори нефту газ ба хориҷа неруи барқ ва маҳсулоти озуқаворӣ низ содир мекунад. Дар баробари ин, Туркманистон дорои шабакаҳои бузурги роҳҳои оҳану автомобилӣ ва баҳрӣ  буда, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтааст.

Туркманистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Тоҷикистон робитаи ҳасана дошт. Роҳбарияти ду кишвари дӯсту бародар ҳар сол бо ҳамдигар мулоқот мекунанд. Комиссияи байниҳукуматии Туркманистону Тоҷикистон фаъол аст. Дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии ду кишвари дӯст 42 миллион долларро ташкил дод.

- Ин рақам ҷавобгӯйи имкониятҳои мавҷуда нест. Мо бояд  роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳоро ёфта, ба боз ҳам бештар шудани ҳаҷми додугирифт ноил гардем, — гуфт Чорӣ Отаев.

Директори Пажуҳишгоҳи банақшагирии стратегӣ ва рушди иқтисодии Туркманистон Муҳаммадгелдӣ Отаев дар маърӯзаи худ ёдрас шуд, ки суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Туркманистон то соли 2002-ум  10 фоизро ташкил медод. Бинобар ин Туркманистон ба қатори кишварҳои зудрушдёбандаи ҷаҳон дохил мешавад. Дар мамлакат сиёсати фаъоли ҷалби сармоягузорӣ амал мекунад. Аз рӯи ҷалби сармоягузорӣ Туркманистон миёни 10 кишвари муваффақи ҷаҳон ҷой гирифтааст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Туркманистон кишвари содиркунандаи газу нефти хом ба ҳисоб мерафт. Ҳоло ин кишвар ба хориҷа маҳсулоти тайёри пахтагин, равғани растанӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра содир мекунад.

- Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Ашқобод конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Долони нави иқтисодӣ» баргузор мегардад, — гуфт М. Отаев. – Ифтитоҳи долони мазкур яке аз бахшҳои эҳёи «Роҳи абрешим» хоҳад гашт.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидумар Раҷабов нақши Туркманистонро дар музокироти сулҳи Тоҷикистон муҳим шумурда, таъкид намуд, ки он яке аз тӯлонитарин давраҳои музокирот ба шумор меравад. Ин музокирот қариб 8 моҳ тӯл кашид. Иштирокчиёни он Эъломияи Ашқободро қабул намуданд, ки ҳуҷҷати мазкур дар роҳи  расидан ба сулҳу ваҳдат нақши муҳим бозид.

Доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷамуҳаммад Умаров яке аз сабабҳои пешрафти иқтисодиёти Туркманистонро ба саноатикунонии он марбут дониста гуфт:

- Туркманистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда шурӯъ намуд. Дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат истеҳсоли либос, пойафзол, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон ба роҳ монда шуд. Корхонаҳои сементбарории вилоятҳои Балкан ва Лебап (Лаби об) як миллион тоннагӣ семент истеҳсол мекунанд, ки барои эҳтиёҷоти дохилӣ басанда аст. Тайи солҳои 2007-2014 ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар Туркманистон 3,5 маротиба афзуд. Туркманистон соле зиёда аз 1 миллион тонна пахта истеҳсол менамояд. Дар ҳама шаҳрҳои калони мамлакат корхонаҳои нассоҷӣ мавҷуданд. Соҳаи кишоварзӣ пурра механиконида шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Туркманистон майдони боғу токзор хеле васеъ гардид.

- Ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон соле ба 70-80  миллион доллар мерасад, ки ин ҷавобгӯйи талабот нест, — гуфт Х. Умаров. — Дар шароити кунунӣ ин рақам бояд аз 200 миллион доллар кам набошад. Зеро захираҳои истифоданашуда зиёданд. Масалан, Туркманистон аз Италия мармари сафед мехарад, ки харҷи роҳи он хеле гарон аст. Ҳол он ки дар Тоҷикистон захираи мармари сафед фаровон буда, хароҷоти ба Туркманистон бурдани он хеле арзон меафтад. Илова бар ин аз кишвари мо ба Туркманистон меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмева содирот намудан мумкин аст. Дар навбати худ аз Туркманистон метавон бо нархи арзон ба Тоҷикистон сӯзишворӣ ворид намуд.

Ҳамчунин, мо метавонем дар бахши туризм ҳамкорӣ намоем. Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Ашқобод низ зарур аст, зеро то ҳол шаҳрвандони ду кишвари дӯст барои ба мамолики ҳамдигар рафтан тавассути дигар кишварҳо сафар мекунанд.

Раиси Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Туркманистон Д. Куллаков нақши роҳбарони Тоҷикистону Туркманистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дар ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику туркман таъкид карда, зикр намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ бо ифтитоҳи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон –Тоҷикистон боз ҳам бештар таҳким хоҳанд ёфт.

 С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»