Истифодаи дурусти неруи корӣ дар ҷомеа на танҳо барои тавсеаи созандагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муҳим аст, балки оромию субот дар кишвар низ ба ин масъала робитаи қавӣ дорад. Дар ноҳияи Рашт тайи солҳои охир баҳри фаро гирифтани шаҳрвандон бо касбу кор дар доираи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт Олимхуҷа Ширинов зимни суҳбат иброз дошт, ки аз аввали соли ҷорӣ дар шуъбаи агентӣ 861 нафар ҳамчун корҷӯй номнавис шудааст. Қисме аз онҳо ба касбомӯзӣ мароқ доштанд. Инро ба инобат гирифта, 161 нафарро барои касбомӯзӣ дар филиали давлатии «Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергари барқию газӣ, барқчӣ ва дӯзандагӣ роҳхат додем.
Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Абдураззоқ Саломов гуфт, ки солҳои охир соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия хуб рушд дорад. Тайи ду-се соли охир дар натиҷаи дарёфти тухмии хушсифати картошка соҳа даромади хуб медиҳад, ки боиси ҳавасмандии картошкапарварон гардидааст. Аммо на ҳама бо фурӯши маҳсулот даромади қаноаткунанда ба даст оварда метавонанд, зеро қисмати асосии маблағ барои хариди тухмӣ, шудгори замин, нуриҳои минералӣ, ҷамъоварии ҳосил ва ҳифзи картошка аз ҳашароти зараррасон масраф мегардад.
Замоне меваи Рашт на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бозорҳои дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Боғдорон аз ҳисоби фурӯши мева шароити беҳтаринро барои аҳли оила муҳайё мекарданд. Имрӯз низ тибқи дастури Сарвари давлат масоҳати боғҳо дар минтақа хеле афзудааст. Ба ноҳия навъҳои нави дарахтони ҳосилдиҳанда оварда шуд. Ҳосил хуб аст, вале аз сабаби набудани сардхонаҳо нигоҳдории меваи тару тоза ғайриимкон аст.
Имрӯз дар навоҳии минтақаи Рашт чорводорӣ низ хеле ривоҷ ёфтааст. Даврони шӯравӣ тибқи қонунҳои амалкунанда сокинони кишвар ҳуқуқ надоштанд, ки саршумори чорворо аз меъёри муқарраргардида зиёд намоянд. Имрӯз давлат барои чорводорон шароит фароҳам овардааст, ки дар доираи имконот саршумори чорворо зиёд намоянд.
Эътироф бояд кард, ки таъмини мардуми ноҳия бо ҷойи кор танҳо дар бахшҳои кишоварзию чорводорӣ ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҳалли ин масъаларо дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле возеҳ баён намудааст:
«…зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад».
Ташкил намудани корхонаҳои коркарди меваву сабзавот ва маҳсулоти чорво ноҳияи Раштро ба минтақаи агросаноатӣ табдил дода, ба ин васила ҷойҳои зиёди корӣ ташкил мешавад.
Ҳар сол дар ноҳия 50-60 тонна пашми хушсифат аз сабаби набудани корхона партофта мешавад. Ҳамрадиф бо ин, чорводорон наметавонанд пӯсти чорвои хешро ба фурӯш бароранд. Дар даврони шӯравӣ дар ноҳия корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ фаъолият дошт. Корхона имрӯз низ вуҷуд дорад, вале мақсаднок истифода намешавад. Биноан, ташкил намудани корхонаи коркарди пӯст ва пашм барои сокинони минтақа хеле судманд аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо соҳибкорони ватанӣ ҳамкории зич дорад. Онҳо дар корҳои ободонии ноҳия саҳми назаррас гузошта метавонанд, аммо бо сабаби надоштани сармоя ва мавҷудияти мушкилот дар дастрас намудани қарз имконияти бунёди чунин корхонаҳоро надоранд.
Боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик ин мушкилот ҳалли худро пайдо менамояд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»