Хабарнигорамон бо раиси ноҳияи Лахш Зоҳирзода Умед Тоҳир дар атрофи дастовардҳои сокинони ноҳия дар тӯли 25 соли сипаригардида мусоҳиб шуд.
- Таҳлил ва омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Лахш дастовардҳои назаррас кам нестанд, — ба суҳбат оғоз намуд Зоҳирзода Умед Тоҳир ва илова кард: — Агар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия соли 1998-ум 15 миллиону 125 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, 1 январи соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ 255 млн. 971,8 ҳазор сомониро ташкил намуд. Соли 1996 ҳаҷми умумии маблағгузориҳо аз Буҷети давлатӣ 236 ҳазору 898 сомонӣ муайян гардида бошад, соли 2015-ум 32 миллиону 953 ҳазору 234 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1996-ум 32 миллиону 716 ҳазору 336 сомонӣ зиёд аст.
Сарвари давлат зимни ҳар ташриф ба ноҳия бо ҳиммати баланди худ чанд мушкили ҷойдоштаро осон карданд, ки садоқату дилгармии сокинони ноҳияро нисбат ба ояндаи неки Тоҷикистони азиз боз ҳам фузунтар гардонд. Аз ҷумла Сарвари давлат моҳи октябри соли 2008 дар қатори дигар ноҳияҳои водии Рашт ба ноҳияи Лахш ташриф оварда, сокинони ноҳияи моро низ сазовори лутфу дастгириҳои худ гардонида, соҳаҳои хоҷагии халқро бо 9 автобус, 12 трактор, 5 автомашинаи ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияро бо 90 компютер таъмин карданд. Ин иқдоми Пешвои миллат ба осон гардонидани мушкилоти то ин дам ҷойдоштаи сокинони ноҳия ва боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мусоидат намуд. Ғайр аз ин, Сарвари мамлакат бо мақсади тақвияти раванди корҳои ободонию созандагии ноҳия, аз он ҷумла таҷдиду азнавсозии маркази ноҳия бо назардошти бунёди иншооти инфрасохтории он, бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин, пулҳо ва сохтмону таҷдиди роҳҳо дастур дода, пешниҳодҳо намуданд. Аз ин ҷост, ки то имрӯз тавассути маблағгузориҳо аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ корҳои ободонию азнавсозӣ ба сомон расонида шуданд.
Солҳои 1997 — 2012 дар ноҳияи Лахш 451 иншооти муҳим сохта ва таъмиру барқарор шудааст, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Аз ҷумла 40 адад пул сохта ё таъмир гардида, 21 муассисаи таълимии нав бунёд, 76 бинои таъмирталаби муассисаҳои таълимӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд. 35 деҳаи ноҳия соҳиби хатҳои оби нӯшокӣ гардиданд. Инчунин, 22 муассисаи табобатӣ ва бунгоҳи тиббӣ низ сохта ё аз нав барқарор карда шуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ барои 5200 ҷойи нишаст дар ноҳия имконияти ба таври васеъ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ пайдо гардид. Инчунин, сохтмони муассисаи таълимии нави замонавӣ дар деҳаи навбунёди Чоргули деҳоти «Муксу» ба маблағи 2 миллиону 474 ҳазору 301 сомонӣ ба итмом расид, ки айни замон мавриди истифода қарор дорад.
Ҳамин тариқ, аз аввали сол дар ноҳия 50 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд аз тарафи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон лоиҳаи «Сохтмони иншооти обёрии деҳаи Қарасой ва Қашоти деҳоти «Қашот» дастгирӣ ёфт. Айни замон лоиҳаи мазкур бо маблағи 114756 (яксаду чордаҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳу шаш) доллари амрикоӣ ( 655 ҳазор сомонӣ) зина ба зина амалӣ гашта истодааст ва дар арафаи анҷомёбист.
Ба изофа аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ таъмири роҳи мошингарди маркази ноҳия ба маблағи 2 млн. 950 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид. Маблағи умумии ҷалби сармоягузории хориҷию дохилӣ дар ноҳия 5 миллиону 593 ҳазору 210 сомониро дар соли 2015 ва дар шаш моҳи соли 2016-ум 2 миллиону 792 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Картошкапарварӣ ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолоти ноҳия аз соли 1997 давра ба давра эҳё гардид. Истеҳсоли солонаи он дар соли 2015 ба 86783 тонна расонида шуд. Меҳнаткашони ноҳия бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар солҳои 2016-2018 то ба 100 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка мақсад доранд.
Соҳаи маорифи ноҳия дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Тайи ин солҳо ёздаҳ муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Яъне, агар шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991-ум 48 ададро ташкил медод, ҳоло ба 61 расидааст.
Шумораи умумии омӯзгорон 1105 нафарро ташкил медиҳад, ки 372 нафараш зан мебошанд.
Бо мақсади бо кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ таъмин намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия имрӯзҳо 1143 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил намуда истодаанд, ки зиёда аз 500 нафарашон мутахассисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ мебошанд. Дар айни замон 155 нафар писару духтар тибқи квотаҳои президентӣ, аз он ҷумла дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 107 нафар (56 духтар) ва дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон — 48 нафар, таҳсил мекунанд. Дар соли 2015 тибқи Квотаи президентӣ 27 нафар ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нафар, ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил гардиданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 261 нафар писару духтар тибқи Квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намудаанд.
Соҳаи тандурустӣ низ дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ хеле пеш рафт. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат мо соҳиби беморхонаи наву замонавӣ гардидем. Дар ин муддат тибқи Квотаи президентӣ 15 нафар ҷавони ноҳия соҳиби ихтисосҳои гуногуни тиббӣ гардида, сол то сол таъминоти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос беҳтар гашта истодаанд.
Варзишгарони ноҳия мунтазам дар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда истодаанд. Аз соли 2006 дар ноҳия мусобиқаи кушоди чумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоиза ба хотираи гиромидошти устоди варзиш Асо Муҳиддинов баргузор мегардад. Варзишгарони ноҳия Фирӯз Ғиёсов ва Шодмон Пиримшоев ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба самбо ва кикбоксинг мебошанд. Шумораи иншооти варзишӣ имрӯз дар ноҳия ба 59 адад — 10 толори варзишӣ ва 48 майдончаи варзишӣ расидааст.
Дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи сайёҳӣ аз нав эҳё гардид. Аз соли 2000 ба Лахш шумораи зиёди сайёҳон, махсусан кӯҳнавардон ворид шуда истодаанд. Ҳар сол барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки дар ноҳия ҷойгир аст, зиёда аз 150 нафар сайёҳу кӯҳнавард аз 20 давлати дунё ташриф меоранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ то соли 2020 дар ноҳия ҳар сол экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, барои рушди туризми дохилӣ мавзеи Тандиқул обод карда шуд, ки ҳар сол барои тамошо, истироҳат ва табобат ба ин ҷо зиёда аз 1000 нафар ташриф меоранд. Аз тарафи масъулини соҳаи туризми ноҳия хатсайри туристӣ ба ин мавзеъ омода гардидааст. Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни халқҳои ноҳия имрӯз ду осорхона фаъолият намуда истодааст, ки аз таърихи қадимаи ноҳияи Лахш шаҳодат медиҳанд.
Саҳми занону духтарон низ дар рушду нумӯи ҷомеа назаррас аст. Имрӯз дар соҳаи маориф 372 нафар, тандурустӣ — 321, фарҳанг — 52, соҳаи коммуналӣ — 18 нафар зан кору фаъолият намуда истодаанд. Ба 5 муассисаи томактабии ноҳия бонувон роҳбарӣ менамоянд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 таҳти №150 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол» боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази ноҳия, бинои нави маъмурӣ барои бахши фарҳанг ва сохторҳои зертобеи он бунёд гардиданд.
Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ансамбли тарона ва рақси «Садои Лахш» дар рангину сермазмун гардонидани ҳаёти фарҳангии ноҳия саҳми назаррас дорад.
- Ҳамин тариқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовор пешвоз гирифта, чорабиниҳои ин ҷашни пуршукӯҳро дар сатҳи баланд баргузор намояд, — гуфт дар хотима Зоҳирзода Умед Тоҳир.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»