Муассисаи нашрияи «Ирфон» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ маҷмӯаи ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Ҳабиб Сулаймониро зери унвони «1- е аз 1000» аз чоп баровард, ки барои дӯстдорони шеъри воло дар арафаи ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон туҳфаи арзандаест.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ба китоби мазкур сарсухан навиштааст, ки дар он омадааст:
«Ҳабиб Сулаймонӣ табъи хоси шоирӣ дорад. Муҳтавои шеъри ӯ асрори олами ҳастист, силки андешаҳои ӯ дар қолаби шеър басо содаю самимӣ ва бо обу ранг, нигоҳи тоза қаламдод шудааст. Дар навиштаҳои Ҳабиб Сулаймонӣ хештаншиносию одамият, меҳру сафо, ишқу умед, оҳангҳои зиндагӣ мақоми муайяне доранд… Ба шоири ширинкалом Ҳабиб Сулаймонӣ, ки ба назм чун эҷодкори асил рӯ овардааст, барору «сӯзу дарди шоҳона» орзу мекунам». Шоистаи таъкид аст, ки шеърҳои Ҳабиб Сулаймонӣ оҳангу рангу бори тарона доранд, онҳоро метавон ба осонӣ оҳангҳои дилчасп баст ва замзама кард. Ҳунармандони номвари кишвар бар ашъори ӯ оҳанг бастаанд, ки ниҳоят фораму гуворо ба гӯш мерасанд. Меҳри Ватан дар ашъори Ҳабиб Сулаймонӣ мақоми хосе дорад. Шеърҳои «Тоҷикистон», «Ҳамҷони кишварам», «Шукри тоҷик», «Қадри Ватан», «Тоҷикам», «Диёри ҷону тан», «Зинда бош, эй халқи ман», «Нигаҳбони туям» ифодагари садоқат ва самимияти фарзандонаи шоиранд, ки дар вуҷуди ҳар як хонанда эҳсоси ифтихор аз меҳанро бештар менамоянд.
Силсилашеърҳои «Модари ягонаи ман» — ро, ки фарогири шеъру ғазалу рубоиву дубайтиҳои сершуморест, метавон яке аз модарномаҳои адабиёти муосири тоҷик донист, зеро аз нигоҳи мукаммалӣ ва доираи васеи тасвирот ба ин баҳо муносиб аст.
Бовар дорем, ин маҷмӯаи шоири ширинсухан Ҳабиб Сулаймонӣ писанди хонандагони хушзавқу нозуктабъ хоҳад гардид.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»