Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
Бузургтарин неъмат ва падидае, ки инсониятро аз олами нобудии (адами) маънавӣ ба сафҳаи ҳастии фарҳангӣ кашид, озодии фикр ва ирода аст. Маҳз мавҷудияти чунин озодӣ ва эҳсоси соҳибихтиёрӣ баъдан истиқлолияти ҳуқуқӣ ва ҳастии ӯро ҳамчун махлуқи бошуур дар масири таърих таъмин намуд.
Истиқлолияти давлатӣ рукни муҳим ва зинаи олии таъмини ҳамин истиқлолияти фикрӣ ва эҳсоси озодии иродаи ҳар инсон аст, ки дар паҳнои вижагиҳои мансубияти забонӣ, этникӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии иттиҳоди одамон бо мақсади зиндагии осоиштаи якҷоя ва амнияти дастаҷамъӣ, дастрасӣ ба саодати ҳамагонӣ, неъмат дар асоси созиши умум давлатро ҳамчун навъи хосаи иттиҳоди сиёсии мардум эълон кард.
Бо вуҷуди роҳи ноҳамвори давлатдорӣ ва сатҳи печидаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар масири таърих то имрӯз Истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии халқу миллатҳост. Аз ин нуқтаи назар, барои ҳар шахси озодихоҳ, худшинос, комилҳуқуқ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрӯзу фардои худро дар мизони хирад, дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандон доро аст, неъмате бузург, гиромӣ ва муқаддастар аз Истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад. Барои миллати соҳибтаърихи тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди одии таърихӣ, балки мояи ифтихор, шукргузории бемисл ва илҳомбахши масъулияти беандоза назди гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш аст.
Истиқлолияти давлатӣ ва навъҳои соҳибихтиёрӣ. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба инсонҳои дар асоси махсусиятҳои этникӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ муттаҳидшуда имкон фароҳам меорад, ки дар паҳнои ирода озодона дар қолаби ҳуқуқҳои эътирофшуда саодат ва оромии будан ва рушди маънавию моддии худро таъмин созанд. Аз назари мутахассисони илми ҳуқуқ ва давлатшиносон Истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсии иттиҳоди одамони озод аст, ки дар дохил ва хориҷ сиёсати мустақили молӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро амалӣ менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлат мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумӣ буда, усулан ба се навъ тақсим мешавад: соҳибихтиёрии халқӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ.
Соҳибихтиёрии халқӣ ба усули идораи халқӣ такя менамояд, ки дар он манбаи ҳокимияти сиёсиро халқ — шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд. Нуктаи муҳим ва калидии соҳибихтиёрии халқӣ интихоботи озод, мавҷудият ва рушди парламентаризм маҳсуб мегардад. Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат ҷиҳати мустақиман, бе дахолати беруна, муттаҳид шуда, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Дастрасии ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ин се навъи соҳибихтиёрӣ дар маҷмӯъ халқу миллатҳоро ба Истиқлолияти давлатӣ мерасонад.
Мушкилиҳои ибтидои истиқлолиятхоҳии тоҷикон. Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани мазмун ва муҳтавои табиати давлатдориаш бо омилҳои мухталифи дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва моҷароҳои зиёди сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ кашид. Мардум дар заминаи фурӯравии як низоми идора аз дороиҳои зиёди маънавӣ, моддӣ ва арзишҳои бунёдии худ то ҷое маҳрум гашта, ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуд, ки ин ҳолат халқро ба парокандагӣ, миллатро ба ҳолати нестшавӣ ва давлатро ба завол кашида, аз боло то ба поён фаъолияти мақомоти давлатиро фалаҷ кард.
Вазъ то он дараҷа мураккаб гашт, ки кам нафаре пайдо мешуд зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, истиқолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст чун боду ҳаво зарур буд. Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз ин мушкилоти ҷиддиро ба дӯши роҳбари ҷавон — Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Таърих бо ҳаводиси рӯзгор ва вақт ҳамчун устоди бузург нишон доданд, ки ӯ ин бори амонатро ҷавонмардона дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои халқ то нуқтаи зарурӣ расонд.
Пешвои миллат ва ҳифзи давлат. Мушкилию музаффариятҳо, ғаму дастовардҳо дар роҳи ноҳамвори касби Истиқлолият ва ҳимояи Ватани азизамон фарзанди асили миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша ҳамроҳи халқ ва дардошнои миллат буда, дили соф ва нияти нек дошт, ба симои сиёсӣ ва пешвои воқеии халқ табдил дод. Пешвои муҳтарами миллат рисолати таърихии худро дар кори таъмини ваҳдат, ҳимояи Истиқлолият ва рушди Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зина ба зина пеш бурд.
Роҳбари ҷавони ҳамагӣ чиҳилсола бо халқи пароканда дар рӯ ба рӯи вазифаҳои бузурги таърихӣ бо фурсатҳои хеле кӯтоҳи таърихӣ қарор дошт. Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ ва эҳёи қонунии вазифаҳои идораи давлат, муайян намудани роҳи таърихии давлат барои ояндаи наздику дур, муаррифии кишвар ба ҷомеаи ҷаҳон, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷае буданд, ки бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳалли худро меёфтанд.
Масъалаи ҳастии халқи соҳибдавлат бевосита ба мазмуну муҳтаво ва дурустии ҳалли ин мушкилиҳо вобастагӣ дошт. Имрӯз, агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки ин як даврони имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки корҳои муайяни давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро ва рушди ҳокимияти намояндагиро ба сӯи парламентаризми касбӣ таъмин намуд.
Ин ғалабаи бузурги халқ, ба назари мо, ба се омили асосӣ вобастагӣ дошт: якум, омили объективӣ марбут ба қаҳрамониҳои бемисл, созандагӣ ва офаридаҳои ниёгон, ки ҳастӣ ва эътирофи халқи моро дар масири таърих таъмин сохта, эҳсоси будан ва худшиносии миллати соҳибдавлатро барои насли имрӯз ҳифз намуда буданд; дуюм, омили субъективӣ, ки ба ду зеромил тақсим мегардад: а) дар лаҳзаи барои халқ муҳим ва тақдирсоз интихоби дурусти роҳбар, яъне нақши Сессияи ХVI Шӯрои Олӣ, б) саҳми роҳбар ва Пешвои ҳақиқии миллат, ки дард ва иллатҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро сари вақт дар партави манфиатҳои воқеии халқ дарк намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо фидокорона мубориза бурда тавонист; сеюм, омили ақлонист, ки дар дарки дурусти ду омили болоӣ ва қонунияти рушд дар муаррифии роҳи дурусти таърихии давлат тавассути ифодаи иродаи халқ ба самти таҷрибаи неки ҷаҳонӣ — давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ таҷассум ёфтааст, ки ҷавҳар ва хатти марказии онро райъпурсии умумихалқӣ, интихоботи озод ва рушди парламентаризм ташкил медиҳад.
Дар байни се омили асосӣ, албатта, саҳми Пешвои миллат, лидери сиёсӣ дар ташаккули давлат, ҳифзи Истиқлолият ва ваҳдати Тоҷикистон нақши марказиро бозид. Зеро ҳодисаҳои таърихӣ ва дастовардҳои сиёсии халқ дар давоми 25 соли Истиқлолият гувоҳӣ ба он медиҳанд, ки дар саргаҳи ин се дастоварди бузурги таърихии халқ Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон меистод. Ҳар қадар ки мо аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ дур шавем, ба ҳамон андоза бештару хубтар эҳсос мекунем, ки вакилони мардумӣ он замон дар интихоби худ хато накарда, нуқтаи ибтидои даврони навро расман гузоштаанд.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва дастрасӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ. Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ бо роҳбари наваш дар назди худ ва мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, роҳи ояндаи давлатдориро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ эълон намуд. Иҷлосия ҷиҳати ислоҳ ва эҳёи фаъолияти самараноки мақомоти олии намояндагӣ — Шӯрои Олӣ ва мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо фаъолияти сохторҳои давлатиро дар муддати кӯтоҳ роҳандозӣ кард.
Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибати давлат бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирифт, аз рӯзҳои аввал соҳибихтиёрии халқро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ мекард. Роҳбари ҷавон ҳаққи табиии халқро ба идораи давлат эҳтиром гузошта, ҳанӯз 31 — уми декабри соли 1992 дар изҳороти худ роҷеъ ба масъалаи роҳи ояндаи давлатдории тоҷикон таъкид намуда буд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем.». Дар ин фикри олӣ якчанд ҳикмат нуҳуфта буд. Якум ин, ки роҳбар ба ҳаққи худмуайянкунии халқ эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ кард. Дувум, ҳамчун демократи асил иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайваст. Сеюм, хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунии халқ тарҳрезӣ намуд, ки охирӣ роҳ сӯи парламентаризми касбиро тавсеа дод.
Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурӯҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурӯҳи чорум барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд, ки ҳамагӣ садои бунёди давлати нави тоҷиконро аз минбари парлумони кишвар ба ҷаҳон паҳн намуда, ба дили мардуми мотамзада умед оварданд.
Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Раванди мазкур на танҳо аз назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки давлат то ҳанӯз рамзҳо ва аломатҳои муҳими қонунии ифодакунандаи худро пайдо накарда буд. Ин рамзҳо ва ин аломатҳоро давлат таҳти роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон касб кард.
Бо дастур ва ҳидояти бевоситаи Роҳбари давлат Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро ба муҳокимаи умумихалқӣ баровард. Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ворид шуд. Аз ин хотир, Роҳбари давлат лоиҳаро халқӣ номид: «Ин лоиҳаи Конститутсия боз барои он халқӣ аст, ки онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд. Аз ин рӯ, эҷодгари он худи мардум аст.». Конститутсияи мардумӣ ба кишвари мо тағйироти бунёдиву нодири ҳуқуқиро дар фазои идорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид сохт, ки бешубҳа дар саргаҳи он ғояҳо ва андешаҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон ва орзую омоли мардуми Тоҷикистон истода буд.
Ҳамин тавр дар паҳнои соҳибихтиёрии халқи Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё қабул гардида, панҷ маротиба интихоботи даврии парлумонӣ ҷиҳати таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015), панҷ маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1991, 1994, 1999, 2006, 2013) бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон баргузор шуда, низоми қонунгузорӣ бо се райъпурсии умумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди табиати ҳуқуқии мардум паси сар кард ва талаботи моддаи 6 Конститутсия, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст, воқеан пиёда ва соҳибихтиёрии халқ дар Тоҷикистон амалан татбиқ гашт.
Ҷиҳати расидан ба соҳибихтиёрии миллӣ, дар баробари қадршиносӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон қабул намудани қонуни забон, тавассути қонунҳои миллӣ роҳандозӣ намудани ислоҳоти иҷтимоӣ ва эъмори урфу одатҳои неки ниёгон, силсилаи корҳои тарғиботию созандагӣ бо мақсади шинохт ва эътирофи рукнҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии миллати соҳибдавлат оғоз шуданд. Ҷашнҳои байналмилалии шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, аз қабили Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба ҳайси Қаҳрамони Тоҷикистон гиромӣ доштани хотираи фарзандони сарсупурдаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, эҳё намудани номҳои қадимаи минтақаҳо, таҷлили солҷашнҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба рӯйхати арзишҳо ва чорабиниҳои байналмилалии ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумлаи иқдомоти фарҳангие буданд, ки на танҳо ҳастии фарҳангӣ, этникӣ ва таърихии миллатро ба ҷомеаи башарӣ муаррифӣ мекарданд, инчунин ҳаққи таърихии миллати соҳибтаърихи тоҷикро ба давлату давлатдорӣ собит сохта, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии миллатро омода намуданд. Хатти марказии ин сиёсати Пешвои миллатро ҳастии маънавии миллати соҳибдавлат ташкил медод, ки дар пасманзари он ҳуқуқи худмуайянкунии сиёсии миллат — соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон меистод.
Соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ шароит фароҳам овард, ки соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва дорои миллати соҳибтаърихи фарҳангӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Натиҷаи чунин эътироф ва шинохт буд, ки ҳар сол Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё табодули молӣ дошта, то имрӯз беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонида, узви 51 ташкилоти байналмилалӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гашта, бо 128 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 7 санади меъёрии ҳуқуқии байналхалқии хусусияти умумидошта ва бештар аз 600 созишномаи байналмилалиро имзо гузошта, 7 пешниҳоди Пешвои ӯ дар масъалаҳои об ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷониби СММ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шудаанд. Ин ҳама на танҳо далели пазируфта шудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки зиёдтар аз он гувоҳии рушди Истиқлолияти давлатӣ дар дохил ва арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбанд.
Истиқлолият ва парламентаризм. Дигар аз нуктаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар ифодаи иродаи халқ дар ташкили ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ расидан ба ин навъи соҳибихтиёриро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқӣ муайян кардааст. Рункҳои муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд интихоботи озод, волоияти қонун ва парлумони касбист. Дар замони муосир бе мусоидати парламент, яъне мақоми намояндагӣ ва қонунбарор, рушд ва нумӯи кишвари соҳибистиқол ғайриимкон аст.
Сазовор ба қайд аст, ки парламентаризм ва эҳтироми ҳаққи халқ дар ташкили шаклҳои идора барои миллати мо бегона нест, зеро тоҷикон ҳанӯз аз аҳди бостон эҳтиром ва арҷгузорӣ ба афкори умумро тарғиб намуда, эътирофи ҳаққи халқро дар идораи намудҳои мухталифи ҳамзистӣ дар шаклҳои муайян амалӣ карда, ба саҳнаи давлатдории бостон ва асрҳои миёна навъҳои гуногуни ҳамзистии осоиштаро ворид намуда, ба ҷаҳониён таҷрибаи идоракунии ҷамоавӣ ва мақоми намояндагиро дар шакли Ҳанҷамана (анҷуман), Шӯрои ашрофон ва коҳинон ва қабули фикри умумро дар шакли қабули қишрҳои мухталифи ҷомеа ва халқ ва додрасии умум (мазолим) ба мерос гузоштааст, ки худ гувоҳи аз қадим бо фаъолияти парламентаризм ошно будани миллати мост.
Аз ин ҷост, ки шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин рукни давлатдории мо, яъне парламенти кишвар, тайи шаш даъвати худ, ҳам дар шакли ғайрикасбӣ дар солҳои 1990-2000 ва ҳам ба сифати парлумони касбӣ аз соли 2000 то ба имрӯз, бо таҷрибаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ифодаи дурусти иродаи халқ дар рафти ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ, ваҳдати миллӣ, бунёд ва тавсеаи шоҳроҳи ҳуқуқии давлати демократӣ нақши таърихии худро иҷро карда истодааст. То имрӯз Парламенти Тоҷикистон ду давраи рушди худро паси сар намуд. Якум, давраи «парлумони даъватӣ» ё «ғайрикасбӣ», ки аз даъвати дувоздаҳуми замони шӯравӣ, яъне аз соли 1990 оғоз ёфта, то 25 феврали соли 1995 идома намуд, ки қабули аввалин ҳуҷҷатҳои расмии Истиқлолияти кишвар ба фаъолияти ҳамин парламент марбут мебошад. Пешвои миллати мо, ки депутати ҳамин парлумон буд, аз моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии онро ба уҳда гирифта, ба пуррагӣ фаъолияти парлумонро ба самти дастрасӣ ба ваҳдат, таъмини Истиқлолият ва рушду тавсеаи унсурҳои демократии ҷомеа ҳидоят дошт. Аз ин хотир, сарфи назар аз он ки ин даъвати парлумон қабл аз эълони Истиқлолият оғоз шуда, шакли фаъолияташ ғайрикасбӣ буд, нақши он дар баробари таҳияи заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дар расидан ба ваҳдати миллӣ ва раванди шаклгирии давлатдории навини тоҷикон ниҳоят бузург ва таърихӣ аст.
Солҳои 1995-2000 — ум даъвати якуми парламенти ғайрикасбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷараён дошт, ки бо қабули 79 қонуни мукаммал, 5 қонуни конститутсионӣ ва 9 кодекс дар заминаи Конститутсияи нав таҳкурсии меъёрии низоми ҳуқуқии кишварро таҳия кард.
Аз соли 2000-ум парламентаризми Тоҷикистон ба зинаи нав — ба давраи «парлумони касбӣ» гузашта, дар доираи 4 даъват 484 ҷаласа баргузор намуда, 292 қонуни мукаммал, 14 кодекс, 10 қонуни конститутсионӣ қабул ва зиёда аз 300 созишномаи байналмилалиро ҷонибдорӣ намуда, ба таҳким ва рушди Тоҷикистони демократӣ ва иҷтимоӣ мусоидати комил намуда истодааст. Парлумони касбии кишвар дар симои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳайси намояндагӣ аз халқи Тоҷикистон тайи ин муддат дар 26 ҷаласаи якҷояи худ дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва тақвияти соҳибистиқлолии мамлакат дар дохил ва арсаи байналмилалӣ корҳои муайянро ба анҷом расонд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагӣ аз халқ ва ифодаи иродаи мардум, инчунин дар дифоъ аз манфиатҳои имрӯзу фардои шаҳрвандон, қабули санадҳои ҳуқуқӣ, таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократию дунявии тоҷикон нақши бузургу тақирсоз бозида истодааст.
Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки парлумони кишвар тайи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад. Имрӯз ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи кишвар, 15 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс, 15 қонуни авф, 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда, 26 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 4 санади ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои Авруосиё, 778 шартнома, конвенсия ва созишномаи байналмилалӣ, 367 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат қомат афрохтааст. Дар ин муддат 3 кодекс ва зиёда аз 110 санади меъёрии ҳуқуқӣ вазифаҳои даврии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудаанд.
Парламентаризм ва ҳуқуқи миллӣ. Яке аз омилҳои муҳими ҳимояи Истиқлолияти кишвари тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллӣ аст.Таҳияи ҳуқуқи миллӣ бо қабули қонунҳои миллӣ яке аз дастовардҳои нодири Роҳбари давлати тоҷикон ва парлумони касбии кишвар аст, ки ба низоми ҳуқуқии мо рӯҳи тоза бахшид. Таҳия, баррасии умумихалқӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» як сафҳаи нав дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумони касбии кишвар буд. Қонунҳои мазкур дар асл оғози ислоҳоти бузурги ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии кишварро масъалагузорӣ карданд, ки дар пасманзари он шароити арзандаи зиндагии мардум, баланд бардоштани сифати насли ояндаи донишманд, созанда, эҷодгар ва ободкори кишвар истодаанд.
Қонунҳои даврони ибтидои соҳибихтиёрии Тоҷикистон танҳо қонун ба маънои маҳдуд набуда, дар онҳо ҳикмати кишвардорӣ, ҳувияти соҳибихтиёрии халқ, шакли идораи давлат, табиати ҳуқуқэҷодкунии миллати созанда, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, роҳи таърихӣ ва ҳуқуқии рушди давлат, ҷомеа ва халқ ба сӯи зиндагии арзанда ва шоиста нуҳуфтаанд. Аз ин дидгоҳ фаъолияти парлумон дар асл танҳо фаъолияти қонунгузорӣ ба маънои маҳдуд набуда, ҳадафи он озодӣ ва саодати халқ, соҳибихтиёрии давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст, ки бо усули ифодаи расмии иродаи мардум дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад.
Парламентаризми тоҷик дар даврони Истиқлолият дар баробари истифодаи таҷрибаи неки кишварҳои пешрафтаи дунё мутобиқ ба талаботи воқеии рушд, даъватҳои таърихӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар шароити таҳдиди буҳронҳо ва ҷаҳонишавии манфиатҳо роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ бо манфиатҳои миллӣ таҳия намуд, ки дар партави он ҳастии миллати соҳибтамаддун ва табиати халқи соҳибдавлат ҳифз гардидаанд. Роҳи таърихии рушди парламентаризм дар кишвар ва мазмуни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии он гувоҳанд, ки давлати тозаистиқлоли мо тавассути парлумони касбӣ дар асоси дастовардҳои навини арзишҳои башарӣ ба сӯи давлати табиатан миллӣ, шаклан ҷумҳуриявӣ ва усулан демократӣ рӯ овардааст, ки дар паҳнои он арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафҳои неки халқи тоҷик ба ҳам омадаанд.
Шукурҷон ЗУҲУРОВ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон