Тантанаҳои фарҳангии марказӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии рӯзи нуҳуми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар оғоз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқолияти давлатӣ табрик гуфта, тазаккур доданд, ки неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо Истиқлолият мебошад. Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат зикр доштанд, ки дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.
Барномаи театришудаи ҷашнӣ иборат аз суруду тарона ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
www. president. tj