Вақте дар бораи зани тоҷик гап мезанем, пеш аз ҳама, симои онҳое пеши назар ҷилвагар мегардад, ки дар ҷабҳаи гуногуни ҳаёти кишвар нақши бориз гузоштаанд.
Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ куҳантарин махзани илму маърифат дар минтақаи Кӯлоб буда, дар тарбияи кадрҳо саҳми босазо дорад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонувон имкони фатҳи қуллаҳои баландро фароҳам овард. Маҳз Истиқлолият буд, ки имрӯз бонуи тоҷик дар хориҷи кишвар кору фаъолият намуда, духтарони зиёде пайи таҳсил ва ба даст овардани касбу ихтисосҳое мебошанд, ки ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷаҳон ва рақобатпазирии бозори меҳнатанд.
Шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз бонувони тоҷик имкон доранд дар ҷараёни баррасӣ ва қабули қонунҳои муҳими идораи давлатӣ ширкат намоянд. Дар ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои занон дар ҳама бахш фазои ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии занону модарон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа чораҳои мушаххас андешид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии он», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва дигар санадҳои муҳим, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул гардиданд, ба ин мақсад равона шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи СММ оид ба мақоми зан гардид, ки нишонаи талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар масъалаи муаррифӣ намудани занон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Айни ҳол дар донишгоҳ аз ҳисоби занҳо 155 нафар ба ҳайси муаллиму ассистент ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд, ки 16 нафарашон унвони илмӣ доранд. Аз ҷумла, 1 нафар доктори илм, 8 нафар дотсент ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар баробари ин, 3 нафар гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон буда, 21 нафар дар шуъбаи аспирантура ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Барои тақвият бахшидани заминаи илмии донишгоҳ дар бахши магистратура 32 нафар донишҷӯдухтар таҳсил мекунанд, ки омӯзгорони пуртаҷриба ба онҳо дарс медиҳанд.
Ҳамрадиф бо ин, 2 нафар дар вазифаҳои ноиби ректор, 3 нафар декани факултет ва 15 нафар ба ҳайси мудири кафедраҳои донишгоҳ ва шуъбаҳо фаъолият доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни 70-солагии донишгоҳ як зумра бонувон бо мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардиданд.
Дар донишгоҳ кам нестанд донишҷӯдухтароне, ки бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ , ҷумҳуриявӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Раёсати донишгоҳ минбаъд низ барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Д. Сайдаҳмадова, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ