Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дар ҳамоише, ки 27 августи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, аз зиёд будани теъдоди номзад ва докторони илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2015 дар шӯроҳои диссертатсионии кишвар рисолаи илмӣ дифоъ кардаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла, гуфтааст, ки соли сипаришуда дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ шудааст, ки «сари ин масъала фикр бояд кард».
Ба гумони ғолиб, ин ҷо манзури Д. Медведев на бадгумонӣ дар салоҳиятнокии унвонҷӯҳои Тоҷикистон, балки бештар шакку шубҳаи ӯ нисбат ба фаъолияти «ВАК»-и Россия мебошад.
Матлаби мазкур кирои ҷавоб гуфтан ҳам намекард, агар онро расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили «Радиои озодӣ» (1 сентябри соли 2016) ва «Азия плюс» (2 сентябри соли 2016) нашр намекарданд, зиёда аз ин, агар дар пахши иттилоотии «Радиои озодӣ» якчанд саҳву хато намерафт.
Аввалан, ин иттилоъ ва рақамҳо нав нестанд ва 4-уми сентябри соли 2015 дар Академияи илмҳо аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Россия — директори Департаменти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ Инесса Алексеевна Шишканова ва ҷонишини ӯ Сергей Иванович Пахомов садо дода буданд. Аммо шигифтовар он аст, ки хабарнигорони «Радиои озодӣ» аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол иттилоъ надоранд.
Аз ин рӯ, бамаврид аст зикр намоем, ки Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 таҳти №255 таъсис ёфта, Низомномаи он 17 июни соли 2015 таҳти №504 тасдиқ шудааст. Дар ин маврид ҳам аз расонаҳои иттилоотии расмӣ ва ҳам аз сомонаи интернетии муассиса (www.vak.tj) иттилои муфассал гирифтан мумкин аст. Айни ҳол, КОА дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 воқеъ буда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ба қонунҳои ҷорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, якчанд асноди меъёрии ҳуқуқиро дар мувофиқа бо вазорату кумитаҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Ҳамчунин, барои ҳамкории муфид бо расонаҳои иттилоотӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо омодааст.
Аз ҳама таассуфовар ва нигаронкунанда он аст, ки дар матлаби интишорнамудаи «Радиои озодӣ» зери унвони «Тааҷҷуби Медведев аз шумораи номзадҳои илм дар Тоҷикистон» (www.ozodi.org, 2 сентябри соли 2016) академик, собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов (банда ба ӯ эҳтиром дорам) бар замми беиттилоии хеш дар бораи КОА «…мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем» гуфтааст. Акнун маълум мешавад, ки чаро дар давраи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будани муҳтарам Мамадшо Илолов дар бунёдгузории ин рукни муҳими Истиқлолияти давлатӣ ибтикору иқдом амалӣ нашудааст.
Дар идомаи суҳбат академик Мамадшо Илолов ба хабарнигори «Радиои озодӣ» ҳамчун шахси ватанпараст ба Д. Медведев эрод мегирад, ки ӯ «… бояд дар бораи донишгоҳҳои Россия гап занад. Чӣ кор дорад ба кишвари мо?» Ҳамчунин, муаллиф ба таъсиси «ВАК» бо назари шубҳа нигоҳ карда, нигоштааст: «Бо таъсиси ВАК дар Тоҷикистон «…..риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд».
Муҳтарам М. Илолов гумонҳои хабарнигорро тақвият бахшида, чунин иброз медорад: «Воқеан, чунин хавф вуҷуд дорад. Ин хавф воқеӣ аст». Дар иртибот ба ин гуфтаҳои ӯ посух чунин аст: Муҳтарам Мамадшо Илолов, бояд хотирҷамъ бошед, дар таъсиси ВАК-и миллӣ айни ҳол ҳеҷ гуна хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад, зеро КОА ҳуҷҷат ва механизмҳоеро таҳия ва коркард намудааст, ки «хатару эҳтимолияти хариду фурӯши дараҷаҳо ва унвонҳоро» ҳатман аз байн мебарад. Зимни фаъолият КОА ҳаргиз иҷозат нахоҳад дод, ки рисолаҳои илмии дур аз ҷанбаи илмӣ, ихтирооту кашфиёти хому бебунёд иншошуда ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, аз шӯроҳои ташхис гузаранд. Таъсиси «ВАК»-и миллӣ ҳаргиз маънои ба осонӣ «доктор PhD» шуданро надорад.
Аз сӯйи дигар, тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи шадид бурда мешавад.
Зиёда аз ин, ба иттилои муҳтарам Мамадшо Илолов расониданием, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҳамсоякишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яку якбора ва пурра аз ҳамкорӣ бо ВАК- и Федератсияи Россия даст кашиданӣ нест ва бо пурра таҳия ва қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва оғози фаъолият марҳила ба марҳила ин равандро амалӣ хоҳад кард.
Муҳтарам М. Илолов дар идомаи мусоҳиба, аз як тараф, ба фаъолияти КОА-и миллӣ, ки як ниҳоди мустақили назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, изҳори нобоварӣ мекунад. Вале, аз тарафи дигар, номбурда пешниҳод дорад, ки салоҳияти додани унвонҳои илмӣ ба донишгоҳҳо дода шавад. Мантиқ куҷост? Аз муҳтарам академик пурсида мешавад, ки магар ба донишгоҳҳо додани ин салоҳият ба қавли худашон «хавфи воқеӣ»-ро зиёд намекунад?!
Ба таваҷҷуҳи академики муҳтарам М. Илолов мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ин ҳам бо сабабҳои гуногун таъсиси ин ниҳоди басо муҳим дар омода сохтани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ мебошад, хеле ба таъхир афтод. Агар ба маслиҳати шумо амал карда, «боз 5 — 6, ҳатто10 сол» даст болои даст гузошта, сабр намоем, ҳеҷ гоҳ аз дастнигарӣ ва вобастагии бегонагон халосӣ нахоҳем ёфт.
Ба ҷойи чунин маслиҳату машваратҳои бебунёду шиоргунаву ғайриватанхоҳона хеле хуб мешуд, ки донишмандони дилсӯз ба ояндаи илми мамлакат дар кори пурсамари КОА бедареғ ҳамкорӣ менамуданд.
Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон