Роҳро ба шоҳраги инсон монанд мекунанд, ки воқеан дуруст аст, зеро ҳамон гунае, ки бе гардиши хун дар рагҳо пойдории ҳаёти инсон ғайриимкон аст, набудани роҳҳо ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштани онҳо низ мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайи бунёду азнавсозии роҳҳо тадбири зиёдеро амалӣ кард. Дар натиҷа, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишвари воҳид мубаддал гардид. Воқеан, бунёду азнавсозии садҳо километр роҳ, сохтмони нақбу пулҳои азим, ки мушкилоти мардумро бартараф карда, боиси беҳтар шудани вазъи иқтисодии шаҳрвандон гардид, дастоварди бузург барои кишвар аст. Аммо, ҳанӯз ҳам дар ин самт баъзе камбудиҳо мушоҳида мегарданд, ки аз бепарвоии масъулини соҳа, хусусан дар ноҳияҳо, гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар ноҳияи Айнӣ чунин бемасъулиятиро мушоҳида кардан мумкин аст. Роҳе, ки деҳаҳои Ҳайронбед, Махшевад, Тӯда, Дижик, Нарвад, Саратоқ ва мавзеи сайёҳии Искандаркӯли афсонавиро ба шоҳроҳи Душанбе-Чанок мепайвандад, ба ин мисол шуда метавонад. Баробари ҷудо шудан аз шоҳроҳ азобу машаққати сокинону меҳмонон шурӯъ мешавад. Ҳар қадаре ки аз шоҳроҳ дур шудан гирем, ҳамон қадар вайрониҳои роҳ зиёдтар мешавад.
Масъалаи дигаре, ки муддати зиёд боиси ташвиши аҳолӣ гардидааст, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани пули мошингузари шаҳраки Зарафшон-2 мебошад. Аз рӯи мушоҳидаҳо зиёда аз ду сол аст, ки касе ин камбудиро бартараф накардааст. Болои пул бо варақаҳои оҳанӣ пӯшонида шудааст, ки қисм-қисми он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Варақаҳои оҳанӣ ҷудо шуда, сӯрохии калонеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳар лаҳза имкони афтидани одамон ва ё фурӯ рафтани чархи автомобилҳо вуҷуд дорад. Мутаассифона, ин ҳолат чанд сол боз вуҷуд дораду касеро парвои оқибати фоҷиабори он нест. Чаро масъулин намехоҳанд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ пайдо кунанд?
Сардори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербуттаев зимни суҳбат гуфт, ки норасоии маблағ сабаби асосии сари вақт бартараф накардани камбудиҳо мебошад. Ба андешаи ӯ, сабаби дигари корношоям гардидани пул аз меъёр зиёд бор гирифтани автомобилҳо мебошад. Номбурда изҳор дошт, ки аз болои ин пул пайваста мошинҳои гаронвазн масолеҳи сохтмонӣ мекашонанд.
Ғайр аз ин, дар чанд ҷойи роҳ то Искандаркӯл солҳои гуногун сел фаромада, асфалтро хароб кардааст. Масъулин ба ҷойи он ки хоку санги селовардаро аз роҳ бартараф намоянд, танҳо бо ҳамвор кардани болои он, ки мошин гузашта тавонад, иктифо мекунанд. Дар натиҷа, селҳои пай дар пайи ҳарсола сангу хокро ба болои ҳамдигар зам карда, як роҳи душворгузарро ба вуҷуд овардааст. Сангҳои рӯи роҳ, ки аз кӯҳ фаромадаанд, низ пурра тоза карда намешаванд ва танҳо барои гузаштани як мошин роҳ кушода шудаасту халос. Чунин ҳолатро дар роҳи Искандаркӯл мардуми маҳаллӣ зиёда аз даҳ сол аст, ки шоҳиданд.
Доир ба ҳолати роҳҳо Садриқул Шербуттаев гуфт, ки аз сабаби камбуди маблағ муассиса наметавонад таъмири пурраи роҳҳоро амалӣ гардонад. Зеро барои 327,1 км роҳ дар як сол 400 ҳазор сомонӣ ва барои нигоҳдории роҳи Искандаркӯл 31 570 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ҳол он ки роҳи Искандаркӯл аз роҳи Душанбе–Бӯстон 23,3 км масофа дорад. Роҳҳое, ки аз ин ҷо ба деҳаҳо ҷудо мешаванд, ҳолати нисбатан хубтар доранд. Зеро аҳолӣ гоҳ-гоҳ ба ҳашар баромада, онҳоро тоза менамоянд ва ё бо киро кардани техникаҳои роҳтозакунӣ онро васеъ менамоянд. Аммо роҳи асосии маҳаллӣ, ки деҳаҳои дараи Искандаркӯлро ба шоҳроҳ ва маркази ноҳия мепайвандад, мисле ки соҳиб надошта бошад. Зеро, ҳамон гунае ки зикр кардем, асфалти он зери хоку санг мондааст ва мардум бо ташвиши зиёд болои сангу хоки ҷамъшуда ҳаракат мекунанд.
Сабаби дар чунин ҳолат қарор доштани роҳҳоро С. Шербуттаев дар баробари нокифоя будани маблағгузорӣ аз камии шумораи кормандон ва музди маош мебинад. Бино ба гуфти ӯ, айни замон кормандони нигоҳдории роҳ ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегиранд, ки ин барои зиндагӣ кифоя нест.
Сабаби дигари дар ин ҳолат қарор доштани роҳҳоро номбурда дар кӯҳистон будани минтақа медонад. Ӯ мегӯяд, ки баҳори имсола ба аксари деҳаҳо сел омада, ба хоҷагии халқ, аз ҷумла роҳҳо, зарари калон расонд. Баъзан барои ислоҳи зараре, ки сел ворид мекунад, маблағи барои фаъолияти яксолаи Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» ҷудошуда намерасад.
Искандаркӯл яке аз ҷойҳои таърихӣ ва тамошобобе мебошад, ки ҳар сол теъдодои зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои тамошову истироҳат ба он ҷо мераванд. Табиати зебову нотакрори он, бешубҳа, дили ҳар сайёҳро, ки бори аввал меояд, тасхир менамояд ва водор ба сафарҳои дигар мекунад. Аммо, таъмирталаб будани роҳҳо садди ташрифи такрории сайёҳон мегардад. Шуҳрат Неъматуллоев, ки дар Искандаркӯл ба сайёҳон хизмат мерасонад, мегӯяд, ки аксари онҳо аз вазъи бади роҳ шикоят мекунанд:
- Солҳои охир сатҳи хизматрасонӣ ва шароит барои будубоши сайёҳон беҳтар шудааст ва онҳо қаноатманданд. Ва зимни суҳбат зебоиҳои диёри моро махсус қайд мекунанд, аммо аз вазъи нохуби роҳҳо шикоят менамоянд, — изҳор дошт номбурда.
Сайёҳӣ аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт аст, аз ин ҷост, ки барои рушди он ҳама давлатҳо ҷидду ҷаҳд менамоянд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар он захираҳои туристӣ мавҷуд аст, бояд барои ташкили инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ кӯшиш намояд. Аз ҷумла, роҳҳо ба чунин мавзеъ бояд дар ҳолати хуб қарор дошта бошанд. Роҳҳои солҳо таъмирнадидаи дараи Искандаркӯл, бешубҳа, садди рушди туризм дар ин минтақа мегардад. Аз ин сабаб, масъулинро мебояд, ки дар доираи имконият ақаллан сангу хоки дар натиҷаи селҳои солҳои гуногун фаромадаро аз ин роҳ пурра тоза намоянд. Ғайр аз ин, Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Айниро мебояд, ки фаъолияти кормандони маҳаллиашро хуб ба роҳ монад, зеро роҳ қитъа-қитъа ба кормандони алоҳида тақсим шудааст, аммо фаъолияти хуби онҳо қариб ки ба назар намерасад.
Чанд сол пештар Гулмаҳмад ном шахсе нигоҳдории роҳи дараи Искандаркӯлро ба уҳда доштааст. Номбурдаро мардум пайваста бо асбобҳои роҳсозияш медидаанд. Ӯ ҳамеша регу шағал ва сангу сангрезаҳои роҳро тоза мекардааст. Имрӯз бошад, бино ба гуфти Садриқул Шербуттаев, 31 километр роҳи Искандаркӯл ба се нафар-як устои роҳ ва 2 корманд вобаста шудааст. Аммо, фаъолияти онҳо ғайриқаноатбахш аст, зеро роҳҳо аз сангпораҳо пур шудааст ва шояд муддати дароз онро касе тоза накарда бошад?!
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»