Боби 7 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вақти истироҳат» (моддаҳои 82-119) ном дошта, муносибатҳоро вобаста ба намудҳои вақти истироҳат, рухсатии меҳнатӣ ва масъалаҳои вобаста ба он танзим менамояд. Дар атрофи ин масъала хабарнигорамон бо муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ мусоҳиб шуд.
- Кадом ҳолат ба корманд дар вақти корӣ танаффус дода мешавад?
- Моддаи 83 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки давоми рӯзи (басти) корӣ ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори бастҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соати оғози кор дода шавад.
Дар корҳое, ки аз рӯи шароити истеҳсолот додани танаффус имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироҳат ва хӯрокхӯрии корманд шароит муҳайё намояд.Номгӯйи чунин корҳо дар шартномаи коллективӣ (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон) муайян гашта, ҷойи истироҳат ва хӯрокхӯрӣ аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад. Танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ ба вақти корӣ дохил намегардад ва барои онҳо музд дода намешавад. Давомнокии танаффус набояд аз ду соат зиёд бошад.
- Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб кардани кормандон мумкин аст?
- Қонунгузории меҳнат корро дар рӯзҳои истироҳат манъ намудааст. Ҳолатҳои истисноии ҷалби кормандонро ба кор моддаи 87 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки он бо мувофиқаи намояндагони кормандон, яъне иттифоқи касаба бо пеш омадани ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад: барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаи истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибати онҳо; ҳалокат ва нобудшавии молу мулк; иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад ва ғайра.
Дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, аз қабили барои хизматрасонии аҳолӣ зарур, корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.
Ҷалби кормандон дар рӯзҳои истироҳат бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
Кор дар рӯзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рӯзи дигари истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи на камтар аз андозаи дукаратаи музди меҳнат пардохт карда мешавад.
Бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ гузаронидан мумкин аст, ки ин тартибро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Корманд кай ҳуқуқи ба рухсатӣ баромадан дорад ва муҳлати он чанд рӯз аст?
- Рухсатӣ вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ озод буда, аз он бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд.
Дар асоси моддаи 92 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон ҳуқуқ доранд, ки новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат, ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад ва ба кормандон ҳатмӣ дода мешавад.
Ҳамчунин, корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рӯзи тақвимӣ зиёд намояд.
Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти вазифаҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл муқаррар карда шавад:
- ба кормандони ташкилотҳои илмӣ — аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар китобхонаҳо — аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандон — омӯзгорони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ — аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ — аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ — аз 28 то 42 рӯзи тақвимӣ;
- ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тарбияи кӯдакони то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонаи кӯдакон — 42 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал — 28 рӯзи тақвимӣ;
- ба варзишгарон — на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба рӯзноманигорон — на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони синни то ҳаждаҳ, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълими истеҳсолӣ) қабул шудаанд, — 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони маъюби гурӯҳҳои I ва II- 42, гурӯҳи III- 35 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд — на камтар аз 28 рӯзи тақвимӣ.
Ба мардони корманд мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадан ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.
Корфармо ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми пешниҳоди рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва шартномаи коллективӣ ба корманд иловапулӣ (кумакпулӣ) пардохт намояд ва бо мусоидати иттифоқи касаба аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва иттифоқи касаба ба санатория ва курорт барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ роҳхати табобатӣ гирад.
Моддаи 114 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот рухсатии иҷтимоӣ дода мешавад. Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгӯй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.
Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ ва барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн намегардад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.
- Тартиби аз рухсатии меҳнатӣ бозхонд намудан ва додани рухсатии бемуздро қонунгузорӣ чӣ тавр муқаррар намудааст?
- Мувофиқи қисми 1 моддаи III Кодекси мазкур рухсатии меҳнатиро дар мувофиқа бо корманду корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин, ки як қисми он набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар бошад. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси меҳнат илова гардад.
Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.
Дар асоси моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабҳои дода шудани чунин рухсатиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
Ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, ки бо розигии корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Дар ҳолати мазкур музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад ва он аз андозаи музди меҳнати якмоҳаи корманд кам буда наметавонад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»