Суҳбати мо бо раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия дар замони Истиқлолият сурат гирифт.
- Накҳати хуши Истиқлол машоми ҳар хонаводаи ноҳияро муаттар сохтааст. Самараи ин неъмати бебаҳои зиндагиро дар ҳар кӯча ва шаҳрак мушоҳида мекунед. Ба таври мисол деҳаи Истиқлолро мегирем, — гуфт Рустам Ҷӯразода ва афзуд:
- Дар ин деҳа, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба чунин ном соҳиб гардидааст, намояндагони ду миллати ба ҳам дӯсту бародар — тоҷикону ӯзбекон зиндагӣ карда, анъанаҳои деринаи дӯстии безаволи мутафаккирони бузурги Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро идома медиҳанд.
Деҳаи мазкур дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» баргузор гардид, ширкат варзида, дар байни 55 деҳаи ноҳия соҳиби мақоми аввал шуд. Деҳаи мазкур, ки пештар Иторчӣ ном дошт, тобеи деҳоти «Муҷун» буда, наздик ба шаш ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Пешаи асосии мардуми он кишоварзист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2009 Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи таълимии дуошёнаи зебою замонавии деҳа, ки бо заҳмату ҳиммати сокинони он қомат афрохт, ширкат варзида, пешниҳод намуд, ки мактаб «Ваҳдат» номгузорӣ шавад.
- Бигузор он баёнгари ваҳдату якпорчагии мардуми деҳаву ноҳия бошад, — гуфт Пешвои миллат.
Баъди сафари Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо нуқтаи маишӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳр қомат афрохт. Роҳи байни деҳоти «Муҷун»-и ноҳияи Деваштич ва «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан низ таъмиру таҷдид гардид.
Имрӯзҳо дар деҳаи Истиқлол як маркази саломатии ҷавобгӯ ба талаботи муосир бо роҳи ҳашар бунёд гардида истодааст, ки арзиши умумиаш 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо сабаби афзудани шумораи хонандагон дар деҳа ба тариқи ҳашар муассисаи таълимии наве қомат афрохта истодааст, ки маблағи лоиҳавиаш 2 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои нави таълимгоҳ, ки барои 220 хонанда пешбинӣ шудааст, аз 9 синфхона иборат аст.
Кори хоҷагиҳои деҳқонии деҳа, ки пас аз таҷдиди сохтори кишоварзӣ шумораи онҳо имрӯз наздик ба 500 ададро ташкил медиҳад, низ хуб ба роҳ монда шудааст.
Рӯзе, ки деҳаи Истиқлол дар миёни деҳоти ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд, раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба деҳа омада, ғолибиятро эълон карда, кору амали шахсони ободкори деҳа — раиси хоҷагии деҳқонии «Мустақил» Ҷамшед Назиров, раиси хоҷагии деҳқонии «Иторчӣ» Ҳаққул Пиримқулов, фаъолони деҳа Алиқул Эшматов, Дилором Бойбобоева ва дигаронро махсус ба забон оварда, изҳори сипос намуд. Он рӯз кӯчаи асосии деҳа идгоҳро мемонд. Гурӯҳи калони бонувони ҳунарманд самараи дастони пурэъҷози худро, ба монанди сӯзанию тоқию ҷома, қолину тарҳҳои гуногуни либосҳо ба тамошо гузошта буданд. Суруду таронаҳои бонувони хушзавқ бисёр шуниданию хотирмон буд. Дар ин рӯзи муборак бо ибтикори соҳибкорони деҳа Ҳасанбой Турсунбоев ва Алиқул Қӯқандов як осиёби барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки рӯзе 8 тонна орд истеҳсол менамояд.
Мардуми деҳа бо меҳнату заҳмати созандаю бунёдкоронаи хеш собит намуданианд, ки деҳаашон сазовори номи баланди Истиқлол аст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»