Ёвон босуръат рушд мекунад

№121 (3601) 24.09.2016

DSC_0231Ноҳияи Ёвон дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» баргузор гардид, беҳтарин дониста шуд. Дар робита ба ин, раиси ноҳия Амирбеки Темур иброз дошт, ки баробари заҳмати ҳалоли мардум маҳз ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз тараққӣ карда, ба дастовардҳои истеҳсолӣ ноил гардад.

Фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият имкон дод, ки соҳибкорӣ дар ноҳия рушд ёбаду соҳибкорони маҳаллию хориҷӣ маблағҳои худро дар ҳама соҳа, қабл аз ҳама, дар бахшҳои кишоварзию саноату хизмат­расонӣ ба гардиш дароранд. Ба бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ даст зананд. Ҳангоми сафари хизматӣ ба ноҳия боварӣ ҳосил намудем, ки соҳибкорон аз ғамхорию дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуду сарфарозанд ва пешравии кори худро ба таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат вобаста медонанд.

Маҳз натиҷаи чунин кӯшиши аҳли заҳмат аст, ки имрӯз ноҳия ҳатто барои ғанӣ гардидани буҷети вилояту ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ менамояд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети ноҳия ба ҷойи 48 миллиону 483, 3 ҳазор сомонии нақша 50 миллиону 725,7 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ин баробари 104,6 фоиз аст. Ба таври дигар гӯем, ин рақам нисбат ба нақша 2 миллиону 242,4 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 896,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Зиёд гардидани қисми даромади буҷет имкон дод, ки қисми хароҷоти он низ барои соҳаҳои зарурӣ зиёд карда шавад. Дар шаш моҳи сипаришуда қисми хароҷоти буҷет 32 миллиону 526,2 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, барои соҳаи маориф 19 миллиону 317,7 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 7 миллиону 381 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 1 миллиону 672,8 ҳазор сомонӣ, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 710 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.

Дар робита ба дастовардҳои истеҳсолӣ бояд зикр кард, ки дар ҳафтмоҳаи аввали соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия ба маблағи 316,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки 226,6 миллион сомониаш аз ҳисоби соҳаи растанипарварӣ ва 93 миллион сомониаш аз ҳисоби соҳаи чорвопарварӣ мебошад. Нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли равон 2700 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳама бахши хоҷагидорӣ 2306,3 тонна гӯшт, 16276,1 тонна шир, 3 миллиону 689343дона тухм, 28 тонна пилла, 193,4 тонна пашм ва 27 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.

Як самти муҳими фаъолияти хоҷагидории ноҳия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №701 «Дар бораи ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ» барқарор намудани комплексҳои соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар Комплекси ширию молии ҶСП «Баракати Ёвон» 1226 сар чорвои зоти шведӣ парвариш ёфта истодааст.

Ҳоло дар ноҳия 112017 сар паранда парвариш меёбад, ки 111945 сари он ба ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии беҳамто» мансуб аст.

Дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ҷамъ ба маблағи 376 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Соли равон дар ноҳия ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Чжунгтсай Моҳирсемент» бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол бо 800 ҷойи корӣ, дар заминаи корхонаи мазкур сохта ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 миллион метри квадратӣ дар як сол, навбати дуюми фабрикаи ҶДММ «Ваҳдат» оид ба истеҳсоли либосҳои бачагона бо 200 ҷойи корӣ ва истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» бо иқтидори истеҳсолии 10 ҳазор дона гаҷкартон дар як шабонарӯз бо 150 ҷойи корӣ пешбинӣ гардид. То имрӯз се адади он — Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачии «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», Корхонаи коркарди пахтаи «Сзинян Инхай Хуанфантсюй» ва коргоҳи рангу бори риштаи ҶДММ «Ваҳдат» бо иқтидори рангу бори 2400 тонна ришта ба фаъолият шурӯъ ­намуданд. Илова бар ин, дар арафаи ҷашни 19 — солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳраки «Ҳаёти Нав»-и ноҳия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 4500 тонна гандум дар як сол ба истифода дода шуд.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, ки 22 апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст, ба рафти корҳои сохтмонии иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия вусъати тоза бахшид. Корҳои сохт­монӣ дар Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Чжунгтсай Моҳирсемент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна семент дар як сол ва 850 ҷойи корӣ ба итмом расид.

Ҳамчунин, натиҷаи таъкидҳои Сарвари давлат буд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия корхонаҳои нави ҶДММ «Криолит» бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд.

Корхонаи ҶДММ «Криолит» дар як сол иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат ва 75 ҳазор тонна гачи сохтмониро дорад.

Сохтмончиёни ноҳия дар ҳафт моҳи соли 2016 пурсамар фаъолият намуда, 260 миллиону 502,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармояи асосиро аз худ намуданд. Дар ин муддат 45 иншооти фароғатӣ, фарҳангӣ, маишӣ, хизматрасониву тандурустӣ ва ғайраҳо бунёд ва ба истифода дода шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам дар шаҳраки Ёвон бинои хуштарҳи замонавии сеошёнаи «Терминал», мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, маркази фароғатӣ-тандурустӣ барои 56 ҷойи корӣ ва чанд иншооти дигар ба истифода дода шуданд. Ҳоло корҳои сохт­монӣ дар 4 бинои истиқоматии 5-ошёна, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57, кохи фарҳанг, бинои нави нозироти андоз ва даҳҳо иншооти дигар дар арафаи ­анҷомёбӣ қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ҳар чӣ бештар ба шуғл фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ пайвас­та чораандешӣ мекунад. Дар ҳафтмоҳаи соли равон шаҳрвандони зиёде ҷиҳати дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» тавассути баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 1527 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

Тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ҳамкории хуб бо соҳибкорон имкон доданд, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ солҳои охир ба таври хеле назаррас зиёд гардад. Агар чанд сол қабл он наздики 500 миллион сомонӣ бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда аз 1 миллиард сомонӣ бештар буд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин рақам 1,5 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҳисоби рушди саноат ва афзун гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имкон дорад, ки ин нишондиҳанда то охири соли ҷорӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расонида шавад. Ҳаминро қайд бояд кард, ки дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия саҳми соҳибкорон беш аз 80 дарсадро ташкил менамояд.

Чанде қабл дар озмуни вилоятии «Сайри харбуза», ки дар шаҳри Кӯлоб барпо гардид, кишоварзони ноҳия дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба гирифтани ҷойи аввал ноил гардиданд, ки ин ҳам аз пешравии бахши кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Давлат СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»