Мо- кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баромади рӯзноманигор Додоҷони Атовуллоро тариқи телевизиони К+ тамошо намуда, фикрҳои ғаразноку беасосро нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунидем. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё ровӣ аз осмони ҳафтум фаромадаасту аз вазъи орому зиндагии осудаи сокинони ҷумҳуриамон бехабар аст.
Додоҷони Атовулло беибо мегӯяд, ки ҳар рӯз дар Тоҷикистон кӯдакон аз гуруснагӣ мемиранд. Оё ӯ худ ҳар рӯз дар Тоҷикистон аст? Агар ин қадар миллатдӯсту ватандӯст бошад, чаро дар рӯзҳои барои Тоҷикистон вазнину мушкил фирор кард? Чаро аз номи сокинони Тоҷикистон аз беруни кишвар истода сухан мегӯяд? Дигарон ба ивази ҷони хеш Ватанро аз вартаи ҳалокат раҳонданду ӯ аз дур онро соҳибӣ кардан мехоҳад? Бо кадом дидаву рӯй? Ин «говҷигар» ҳатто заҳраи дар замони осоишта ва гулгулшукуфии имрӯзаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанро надорад. Он ҳама суханони пур аз буҳтону туҳмату дурӯғу фитнааш аз пушти пардаанд.
Садҳо маротиба шукри Худо мекунем, ки ба туфайли Сарвари кордону ғамхорамон Эмомалӣ Раҳмон харобаҳои ҷанг обод гардиданд. Сиёсати созандаву хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ҳазорҳо кӯдакони бепарастор соҳиби хонаву дар, таълиму тарбияи хуб, соҳиби майдонҳои варзишӣ, телевизиону компютерҳои замонавӣ гардиданд. Мактабҳои махсус барои кӯдакони нобино, барои шахсони имконияташон маҳдуд ва бепарастор таъсис дода шуданд.
Бо дастгирии Роҳбари давлат садҳо гектар замин ба одамон тақсим карда шуд, то халқ ризқу рӯзиашро ёфта хӯрад, садҳо гектар замин аз нав шодоб ва сабзу хуррам гардид.
Додоҷони Атовулло ҳангоме ба ҳангома даст зад, ки дар кишвар ба маъракаи хеле муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти ҷумҳурӣ омодагӣ рафта истодааст.
Мо, омӯзгорон, медонем, ки суханони Додоҷони Атовулло нисбати Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон беш аз сафсатаву буҳтоне нест.
Гувоҳ ва исботи андешаи мо Тоҷикистони гулгулшукуфону соҳибистиқлол, мардуми сарбаланду ифтихорманди он мебошанд, ки зери партави сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон ҳаёт ба сар мебаранд.
Сиёсати пешгирифтаи ӯ дар оини давлату давлатдорӣ боиси эътирофи ҷаҳониён гашт ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз пешвоёни сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин, агар даъвои мусулмонӣ дошта бошед, фаромӯш накунед, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори 500 нафар аз беҳтарин фарзандони воқеан мусулмон ва саҳмдори инкишофи олами ислом пазируфтаанд. Додоҷони Атовулло бо баромадҳои муғризонааш на танҳо сиёсатмадориро ҳаром кард, балки ҳамчун рӯзноманигор исбот кард, ки шахси ноқобилу ноуҳдабарост. Суханеро ба забони ноби тоҷикӣ бурро ва баҷо гуфта наметавонад ва обруйи суханварони тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ коста гардонид. Мебоист пеш аз гузоришҳояш ба Тоҷикистон омада, рафтору одоб ва ҳунари суханвариро аз собиқ ҳамватанонаш меомӯхт. Дар ин маврид шояд даст аз ҳадафҳои ғаразнок ва фармоишии ҷаҳони террору ифрот бармедошт.
Мо- кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гузоришҳо, баромадҳо ва назари муғризонаи Додоҷони Атовуллоро сахт маҳкум менамоем. Мо тарафдору ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву босуботи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем. Дар тӯли 21 сол донишкадаи мо, ки зодаи истиқлолият аст, ба муваффақияту пешравиҳои зиёде ноил гардид ва мо ҳеҷ ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани чунин дастовардҳоро надорем. Дар маъракаи дарпешистода мо пайраву пайгири ҳамин сиёсат хоҳем буд.
Ҳайати устодону кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент