Дар замони шӯравӣ як зумра шоиру нависандагоне фаъолият доштанд, ки бо асарҳои пурқиммати хеш соҳиби иззату эҳтироми умум гашта буданд. Устод Сотим Улуғзода аз зумраи ҳамин гуна қаламкашон маҳсуб меёфт, ки фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ, баъдан рӯзноманигорӣ оғоз карда, ҳамчун нависандаи тавоно ба камол расид. Солҳои душвори 1941 -1946 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. «Навобод», «Субҳи ҷавонии мо», «Восеъ», «Фирдавсӣ», «Достонҳои Шоҳнома» ва дигар асару мақолаҳои С. Улуғзода ҳамчун ганҷинаҳои пурарзиш дар бойгонии адабиёт ҷой гирифтаанд. Аз рӯи драма ва асарҳои ин адиби забардаст чандин намоишномаҳо ва филмномаҳо таҳия гардидааст. Асарҳо ва мақолаҳои устод А. Лоҳутӣ имрӯзҳо ҳамчун ганҷинаҳои нодир дар хазинаҳои китобхонаҳо нигоҳдорӣ ва пешкаши хонандагон гардонда мешавад. Барои шиносоӣ ва тарғиби эҷодиёти шоир дар китобхонаҳо мунтазам маҳфилу конфронсҳо доир менамоянд.
Аз ҷумла ҳафати гузашта таҳти унвони “Шоҳсутуни насри тоҷик” дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба 105-солагии зодрӯзи адиби маъруф конференсияи хонандагон баргузор. Дар оғоз мудири шӯбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор Парвиз Пӯлодӣ ва директори Китобхона Савриниссо Мӯсоева ҳозиринро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин маҳфилҳоро дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавонон муфид арзёбӣ карданд.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Сотим Улуғзода муҳаққиқону устодон ба ҳозирини маҳфил, ки аксарияташон наврасону ҷавонон буданд, маълумот доданд. Қироати шеъру порчаҳои насрӣ ва барномаи консертӣ маҳфилро рангинтар гардонд.
Абдуҳалим Султонов, корманди китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор