Ё баҳри муаррифии он ва ҷалби сайёҳон чӣ бояд кард?
Соҳаи сайёҳӣ дар диёри зебоманзари мо сол то сол рушд меёбад. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода чанде пеш дар дуюмин Конфронси байналмилалии сайёҳӣ, ки таҳти унвони «Тоҷикистон гавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид, чунин баён кард: «Сайёҳӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти захираҳои бузурги табиӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат ба василаи эҷоди симои қавии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ даст ба иқдомҳое зад, ки ба рушди ин бахши муҳими хоҷагии халқ мусоидат кард. Сиёсати дарҳои кушода, тинҷиву оромӣ ва ваҳдати комил дар кишвар, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва ташкили инфрасохтори мусоид барои рушди сайёҳӣ ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон заминаи ҷиддӣ гузошт».
Яке аз пояҳои рушди сайёҳӣ мавҷуд будани меҳмонхонаҳои замонавӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо дар шаҳри Душанбе як қатор меҳмонхонаҳои хуштарҳу замонавӣ, аз қабили «Ҳаят реҷенси», «Серена — Душанбе», «Шератон», «Истиқлол», «Азия гранд» ва ғайра сохта шуданд, ки ба симои пойтахти мамлакат ҳусни тоза афзуданд.
- Бунёди силсилаи меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили инфрасохтори аввалиндараҷа дар манотиқи гуногуни мамлакат аз амалишавии нақшаҳои дурнамои хирадмандона ва дурбинонаи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ гувоҳӣ медиҳад, – гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Дар фаъолияти сайёҳӣ осори таърихиву фарҳангӣ ва мамнуъгоҳҳои таърихӣ – табиӣ нақши муҳим мебозанд. Ба гуфтаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода шомилшавии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО роҳро барои ривоҷу равнақи сайёҳӣ дар кишвари мо боз кард.
- Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо табиати зебои он зиёда аз 2020 ёдгорию мероси таърихӣ-фарҳангӣ ташкил медиҳад. Аз онҳо 1278 ададаш ёдгориҳои бостонӣ, 300 ададаш ёдгориҳои меъморӣ, 442 ададаш ёдгориҳои таърихӣ мебошанд, — мегӯяд Шамсиддин Орумбекзода.
Ҳоло аз ҷумҳурии мо Ёдгории бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид гардида, 13 ёдгории нодири таърихии дараҷаи ҷумҳуриявӣ, аз қабили Панҷакенти қадима, шаҳри Ҳисор, шаҳраки Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Ямчун ва ғайра тавассути силсилаҷоизаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Дар мамлакат беш аз 120 ёдгории мансуб ба таърих ва фарҳанги исломӣ вуҷуд дорад, ки онҳо аз мақбараву масҷид ва мадраса иборат буда, таърихи хеле куҳан доранд. Дар қатори ёдгориҳои таърихию меъморӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, инчунин объектҳои дорои эътиқоди динӣ-маросимидошта низ мавҷуданд, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд. Мақбараи Ҳазрати Султон, Имом Аскар, Зайнулобиддин, Бурхи Сармасти Валӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Муслиҳиддин, Махдуми Аъзам ва ғайра намунаи чунин ёдгориҳоянд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ таъмиру барқарорсозии зиёда аз 50 ёдгории таърихӣ-меъморӣ ба маблағи 35 миллиону 987 ҳазор сомонӣ аз Буҷети давлатӣ ба иҷро расонида шудааст.
Яке аз омилҳое, ки барои рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад, танзими рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он барои ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти мамлакат, инчунин ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешанд. Ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо мақсади содатар намудани тартиби рафтуомади сайёҳон, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ аз июни соли равон низоми раводиди электрониро ба роҳ мондааст.
- Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ буда, бо табиати рангину дилангез ба дили ҳазорҳо сайёҳ ҷой гирифтааст, — мегӯяд Маҳмадшариф Ҳақдод. Бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил кардани намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконпазир мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст, ки дар заминаи аксари онҳо осоишгоҳҳо фаъолият доранд. Бо мақсади такмили нақшаю чорабиниҳо доир ба сайёҳӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ ва баланд бардоштани ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон хуб мебуд, ки вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ, маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги кишвар сомонаҳои иттилоотии интернетӣ таъсис дода мешуд.
Иқдоми Вазорати корҳои хориҷии мамлакат доир ба судури раводиди электронӣ хеле саривақтист. Низоми мазкур имконият медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ, алалхусус сайёҳони кишварҳое, ки дар онҳо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон мавҷуд нест, ба осонӣ соҳиби раводиди Тоҷикистон шаванд. Ҳоло барои намояндагони 80 давлати ҷаҳон раводиди туристии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дар кӯтоҳтарин муҳлат ва бо харҷи камтарин (арзонтарин) судур карда мешавад. Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишварро зарур аст, ки бо воситаҳои ахбори омма ва ширкатҳои сайёҳии мамолики хориҷӣ робитаҳоро густариш дода, мавзеъҳои диданӣ, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои маъданиву гармчашмаҳои Тоҷикистонро тарғиб намоянд. Масалан, на ҳама медонанд, ки буғи Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм нодиртарин дар ҷаҳон аст. Лойқаи шифобахши Оқсукони ноҳияи Ашт бо сабаби аз микроэлементҳо бой будани таркибаш нисбат ба осоишгоҳҳои баҳри Миёназамину баҳри Мурда бартарӣ дорад, вале дар хориҷа он тараф истад, дар ҷумҳурӣ кам касон дар бораи ин мӯъҷиза маълумот доранд. Дар хусуси чашмаҳову лойқаҳои шифобахши Тоҷикистон даҳҳо филми мустанади тарғиботӣ таҳия кардан мумкин аст.
Пешрафти соҳаи сайёҳӣ яке аз пояҳои асосии пайдоиши ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади шаҳрвандон, воридоти асъор ба буҷети маҳал ва ташаккули инфрасохтори истеҳсолӣ мегардад ва ҳамзамон зарурати омӯзиши мутахассисони соҳибкасби миллиро тақозо менамояд. Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одиназода ҳоло дар ёздаҳ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии мамлакат аз рӯи 10 ихтисос мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тайёр карда мешавад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2500 мутахассиси ояндаи соҳа таҳсил мекунанд.
- Яке аз мушкилоти асосие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба он дучор мешаванд, ин бо ҷойи кор таъмин нашудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мебошад, — мегӯяд Бозоралӣ Одиназода, — Ҳамкории зич надоштани муассисаҳои таълимӣ бо кордиҳандагон, яъне ширкатҳои туристӣ ва инфрасохторҳо яке аз сабабҳои бекормонии мутахассисони соҳа аст. Камбудии дигар, ин набудани комплекси сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, кам будани мутахассисони варзидаи илмӣ дар бахши сайёҳӣ аз ҷумлаи мушкилоти соҳаи мазкур аст.
Рушди соҳаи сайёҳиро бе сармоягузорӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Сармоягузорӣ муҳаррики рушди инфрасохтор ва сабабгори беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Назар ба қавли корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода, тайи солҳои Истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуд, ки дар доираи он беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардиданд. Бунёди роҳҳо дар баробари афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли борҳо ва мусофиркашонӣ ба пешрафти соҳаи туризм низ мусоидат мекунад.
Соли гузашта дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Франсия терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд, ки он дар як соат ба 500 нафар мусофир хизмат мерасонад. Терминали нав бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, боиси беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон гаштааст. Ҳамчунин, бо ҷалби 300 миллион доллар Ширкати «Диёри Қатар» дар назди Кӯли «Ҷавонон»-и пойтахт шаҳраки замонавӣ бунёд намуд. Бо ҷалби сармояи дохилӣ тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ 225 адад меҳмонхонаи калону хурд, санатория ва тарабхонаҳо сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ моро лозим аст, ки ба рушди туризми дохилӣ низ таваҷҷуҳ намоем. Аз тарафи дигар, вақте кас аз давраи мактабхонӣ бо нозукиҳои туризм ошно мешавад, зимни таҳсил дар мактаби олӣ ба мазмуни гуфтаҳои устодони соҳа хубтар сарфаҳм меравад.
- Вақти он фаро расидааст, ки мо — мутахассисони соҳаи туризм, кӯдакону наврасонро аз хурдӣ бо асосҳои сайру саёҳат ошно кунем, — мегӯяд раиси Ассотсиатсияи мададгор ба ташкилотҳои туристии Тоҷикистон (ТАТО) Фаттоҳ Файзуллоев. — Бояд ширкатҳои туристӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ҳамкории зичро ба роҳ монанд. Масалан, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ метавонанд барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна оид ба туризм семинару тренинг гузаронида, чӣ будани сайру саёҳат ва маданияти истироҳатро ба онҳо фаҳмонанд.
Баҳри пешрафти соҳаи туризм дар мамлакат омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дар ин самт муваффақ, аз қабили Малайзия, Туркия, Ҳиндустон, Хорватия, Кипр ва зудтар амалӣ кардани таҷрибаи пешқадами онҳо самараи нек хоҳад дод.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»