Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

№65 (3050) 01.06.2013

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Нимаи дуюми рӯзи 28 майи  соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешем ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Россия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти   зимни сафари порсолаи Президенти Россия ба Тоҷикистон ҳосилшуда ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.

Доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.prezident.tj