Ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Дарвоз

№124 (3604) 01.10.2016

29870271302_c005f1d209_o28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Сағирдашт» — и ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвозро аз назар гузаронданд. Дар он намунаи ҳунарҳои дастиро, ки расму оини аҷдодии мардуми кӯҳистонро таҷассум мекард, ба тамошо гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои занҳои кадбону, ки бо пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, аҳсан гуфтанд.

Сардори давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо ҳунару маҳорат ва заҳмати меҳнаткашон шинос шуда, ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи занбӯриасалпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зикр шуд, ки сол то сол оилаҳои занбӯри асал дар минтақа бештар мегардад. Соли гузашта занбӯриасалпарварони ноҳия беш аз 60 тонна асали аз лиҳози экологӣ тозаю серғизо ҷамъоварӣ намуданд. Танҳо занбӯриасалпарварони деҳоти «Сағирдашт» дар мавсими имсола беш аз 40 тонна асали хуштамъ гирифтанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону хоҷагидорон суҳбати самимӣ намуда, доир ба самаранок истифода кардани ҳар ваҷаб замини доманаи кӯҳҳо ва обёрӣ намудани заминҳои санглоху бекорхобида маслиҳат доданд.

Ҷангалпарварони Дарвоз он рӯз намунаҳое аз гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахши мавзеъро пешниҳоди меҳмонон гардониданд.

Сардори давлат ҳамзамон бо маҳсулоти корхонаҳои «Карон мармар», «Гавҳарнигор» ва ёдгориҳои таърихии шаҳраки Карон, инчунин маҳсули дасти занону духтарони Корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» ошно шуданд.

Ба дастовардҳои хоҷагии кооперативии зотпарварии «Сағирдашт», ки ба парвариш ва нигоҳубини гӯсфанди маҳинпашм машғул аст, Президенти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати барқарор намудани шуҳрати пешинаи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ, махсусан қутоспарварӣ дар деҳоти «Сағирдашт», ки дорои имконияти фарох мебошад, дастур доданд.

28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти «Сағирдашт» бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» омода гардидааст ва фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи лоиҳа иншоот аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои технология, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷра барои ҷаласаҳои кумитаи падару модарон, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, ошхона барои 130 ҷой ва толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Арзиши лоиҳавии муассиса 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони масъул дастур доданд, ки муассисаро бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар маркази деҳоти «Сағирдашт» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо буридани лентаи рамзӣ варзишгоҳи «Карон-Арена»-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди «Муаллими кӯҳистон» бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ бунёд шудааст. Дар рафти сохтмони он 30 нафар мутахассису бинокори маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону сокинони деҳоти «Сағирдашт» арзёбӣ карданд.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда ва тарғиби тарзи ҳаёти солим  ба Сардори давлат изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори Ватан хоҳанд шуд.

Дар шафати варзишгоҳ Парчами давлатӣ бо пояи 20 метр баландӣ афрохта шуд.

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони деҳоти «Сағирдашт» мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Дарвоз босуръат рушд намуд ва буҷети ноҳия аз 38 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 19 миллион сомонӣ афзуд. Бахусус, дар ин давра ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногун ба деҳоти «Сағирдашт» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид ва ин раванд то кунун идома дорад.

Пешвои миллат аснои суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди чорвопарварӣ, равнақ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар деҳот ҷалб намуданд.

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими аз нав ба фаъолият оғоз намудани қисми ҳарбии 02011Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд.

Он пас аз таъмиру тармими пурра, ки дар он барои сарбозону афсарон шароити муосири хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити қисми низомӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуда, бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Тавре маълум гашт, хобгоҳҳои сарбозон низ дар дохили қисми низомӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, дар он китобхона ва хонаи хизматӣ-маишӣ ҷой дода шудааст. Вобаста ба шароити мавҷудаи қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳану ҷисман омода намудани онҳо барои ҳифзи марзу буми Ватан ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, дар қисми низомӣ ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои ҳарбиву тактикӣ ва варзишӣ, марказҳои таълимӣ ва дигар иншооти хидматии ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд.

Дар ин ҷо ротаи таъиноти махсуси лижаронҳо амал мекунад, ки ҳайати шахсии он омодагии хуби ҷангӣ дошта, дар фасли зимистон, бахусус ҳангоми зиёд гардидани барф, имкон доранд вазифаҳои ҷангиашонро сари вақт ва муваффақона иҷро намоянд.

Дар қисми низомӣ як бинои истиқоматӣ бо шароити зарурии зист низ сохта шудааст, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ истиқомат менамоянд. Дар назди ҳавлии бино барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи дилхушии кӯдакона низ бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат дар назди сарбозону афсарон суханронӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан даъват карданд.

Дар фарҷом афсарону сарбозони қисми низомӣ зери оҳанги оркестри ҳарбии нафасӣ аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузаштанд.

www. president. tj