Роҳбари маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод, ки сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард бо шароити муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 67-и шаҳр, ки 5 сол пеш бо маблағгузории ИМА бунёд ёфта, барои 460 хонанда пешбинӣ шудааст.
Сафир бо хонандагон суҳбат ва саволу ҷавоб намуд. Дар ин сафар номбурдаро муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева ҳамроҳӣ кард.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»