Бо ибтикори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар факултети забонҳои шарқи донишкада ду синфхонаи лингафонӣ муҷаҳҳаз бо технологияи муосир барои омӯзиши забони хитойӣ ва як синфхона барои устодони забони хитойӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ Маҳмадулло Раҷабзода, намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Сафири Хитой изҳор намуд, ки дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани забони Хитойӣ дар донишгоҳи мазкур саҳм хохад гузошт.
Ректори донишкада Раҷабзода Маҳмадулло бо изҳори ташаккур аз дастгирии масъулини Сафорати Хитой баҳри рушди фаъолияти донишкада зикр намуд, ки раёсати донишкада минбаъд низ ҳамкориҳоро бо сафорат густариш медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки омӯзиши забони хитойӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳанӯз соли 2004 ба роҳ монда шуда буд. Донишҷӯён барои табодули таҷриба борҳо ба ин кишвар фиристода шудаанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»