30 сентябри соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нахуст лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули ин санади муҳим баромад намуда, таъкид доштанд, ки бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ «Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз тарафи вазоратҳо бо ҷалби коршиносон таҳия гардид. Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои дар давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар — аз 17 то 45 миллиард соат, боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро номбар карданд.
Маълумотнок кардан, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кӯдак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар аз омилҳои дигари татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маънидод гардид.
Таъкид шуд, ки барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегия дар назди Давлату Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст.
Аъзои Ҳукумати мамлакат, инчунин лоиҳаи 5 қонун, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Ҳамчунин, ба Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои масъалаҳои баррасишуда ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj