Ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб

№126 (3606) 06.10.2016

29994310322_389f7a479a_oЧоруми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мардуми шарафманду меҳмоннавози ин сарзамини бостонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешвоз гирифтанд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти «Даҳана» бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони ин муассиса барои 624 ҷойи нишаст аз соли 1991 нотамом боқӣ монда буд. Идомаи сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2015 аз ҳисоби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, марҳилаи III» бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуд.

Мактаби нав дар масоҳати умумии 2,4 гектар сохта шудааст. Дар ҳавлии он варзишгоҳи калон барои бозии футбол ва як майдончаи хурд барои бозиҳои волейболу баскетбол воқеъ аст. Синфхонаҳои мактаб дар фасли зимистон тавассути маркази мустақили гармидиҳӣ, ки бо ангиштсанг кор мекунад, гарм карда мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ босифат ва пеш аз муҳлат аз ҷониби ҶДММ «Ёхсу»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфтаанд. Дар сохтмони бино аз 350 то 400 нафар коргари маҳаллӣ бо ҷойи кор ва музди меҳнати баланд таъмин гардидаанд. Маблағи умумии корҳои сохтмону васлгарӣ 16 млн. 639 ҳазор сомониро ташкил дод. Барои ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ашёи аёнии таълим ва дигар лавозимоти мактабӣ 2 млн. 398 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Бинои таълимии муассиса аз 2 ошёна ва 6 қисм иборат мебошад. Дар қисми якуми бино ду синфхонаи лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар ҳуҷраҳои маъмурӣ ҷойгиранд. Дар қисми дуюми бино синфхонаҳои махсус барои омӯзиши касбу ҳунар бунёд гардидааст. Дар синфхонаҳо, ки бо ашёи зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд, барои писарон имконияти аз худ кардани касбҳои дуредгарию харротӣ ва барои духтарон омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию қаннодӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи аввали қисми сеюми бинои мактаб ошхона барои 144 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм толори барҳавои варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Дар толори варзишӣ имконияти гузарондани машғулиятҳо доир ба намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштин вуҷуд дорад. Ҳамчунин, дар толор барои обутоби бадан таҷҳизоти дигари варзишӣ низ насб гардидааст.

Мактаби нав дорои толори бошукӯҳ барои гузарондани ҳар гуна ҷамъомадҳо мебошад. Дар толор, ки 300 ҷойи нишаст дорад, аз ҷониби дастпарварони мактаби мазкур ба Пешвои миллат як намоишнома пешниҳод шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд.

Он дар заминаи хоҷагии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 7 ҳазор гектар ташкил гардидааст, ки 5 ҳазору 500 гектари онро майдони зироати кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардиданд.

Ҳоло дар кооператив беш аз 1000 нафар кор мекунанд ва бо маоши хуб таъминанд.

Кишоварзон соли равон дар майдони 830 гектар пахта кишт карда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд.

Сардори давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо чинакчиён ва механизаторону саҳмдорон, ки ба ҷамъо­варии ҳосил машғул буданд, суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда даъват намуданд.

То имрӯз чинакчиён 700 тонна ҳосили ғундоштаи хешро ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарҳам», ки ашёи хоми кооперативро ҳамчун тухмӣ қабул ва коркард мекунад, супоридаанд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 190 тонна бештар мебошад.

Кишоварзон навъҳои тухмии серҳосили «Ирам», «Сорбон», «Ориё» ва ғайраро кишт кардаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, аз онҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнидан мумкин аст.

Айни замон кишоварзон аз майдони 800 гектар зиёда аз 400 тонна ғалладона ҷамъоварӣ намудаанд. Онҳо 15 номгӯйи тухмии гандум, аз ҷумла «Сарвар», «Садоқат», «Сонмез», «Иршка», «Краснодар 99», «Старшина», «Сомонӣ», «Ормон» ва ғайраро таҷриба намуда, барои истифода ба дигар хоҷагиҳо ба фурӯш баровардаанд.

Кишоварзони кооперативи тиҷоратӣ соли ҷорӣ 3 ҳазору 700 тонна ғалла рӯёнидаанд, ки аз ин нишондод 500 тоннаашро тухмӣ ташкил медиҳад.

Саҳмдорон соли равон аз кишти барвақтии сабзавот 6 ҳазору 440 тонна ҳосил рӯёнидаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 280 тонна зиёд аст.

Сардори давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо тарзи кори боғу токпарварони кооператив таваҷҷуҳ намуданд. Алҳол майдони умумии боғҳои кооператив 344 гектарро дар бар мегирад ва 75 гектараш боғҳои ҳосилдиҳанда мебошанд, ки соли ҷорӣ аз онҳо 130 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст.

Дар кооператив ба кишти полезиҳо — тарбузу харбуза ва каду диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Картошкапарварони ҳоҷагӣ зиёда аз 600 тонна картошка истеҳсол кардаанд, ки аз ҳар як гектар 250 сентинериро ташкил медиҳад.

Майдони кишти полезиҳо ба 35 гектар расонида шудааст ва имсол кишоварзон 420 тонна меҳсулоти полезӣ ба даст овардаанд.

Мутахассисони кооператив, инчунин гулу гиёҳҳои шифобахшро, ки дар хоҷагӣ васеъ парвариш меёбанд, дар намоишгоҳ ба тамошо гузошта буданд. Соли равон онҳо дар масоҳати 10 гектар кишт ва парвариши 22 номгӯйи гиёҳҳои давобахш, аз ҷумла «Нардсунбур», «Пудина», «Ноки заминӣ», «Қоқу», «Озариюн», «Лимӯгиёҳ», «Гули зарпоша»-ро ба роҳ мондаанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагидорони кооператив парвариши намудҳои беҳтарини чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти «Сиёҳало» мебошад.

Алҳол саршумори чорво дар хоҷагӣ ба 600 сар, аз ҷумла 110 сар модагов, 100 сар асп ва зиёда аз 1000 сар моли майда мерасад. Соли равон беш аз 400 тонна шир ва 25 тонна гӯшт истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ошно гардиданд.

Дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 сой мавҷуд ҳаст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расонидани зарар вуҷуд дорад.

Ҳоло аз тарафи Дирексияи сохт­мони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лои­ҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ва Маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Даҳана, Зиракӣ, Тебалай ва шафати дарёи Қизилсуву Ёхсу ҷараён дорад.

Дар маҷмӯъ, имрӯз наздик ба 500 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, бо истифода аз техникаву механизмҳои мавҷуда корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пеш мебаранд.

Корҳои лоиҳакашӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Инс­титути лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» ба анҷом расонида шудааст.

Барои таъмир ва барқарорсозии соҳили рост ва чапи сойи Даҳана 5 миллиону 643 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дарозии қисмати барқароршаванда 2721 метрро дар бар мегирад, ки бештар аз 1600 метраш ба анҷом расонида шудааст.

Маблағи ҷудогардида барои корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Зиракӣ (дарозиаш 1745 метр) 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Андок» мебошад.

Дарозии сойи Тебалай 13,2 километрро ташкил медиҳад, ки 5,7 километраш ба шаҳри Кӯлоб рост меояд. Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2016 оғоз шуда, барои пешбурди он 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, шумораи коргарон дар сойи Тебалай 140 нафар ва техникаву механизмҳои истифодашаванда 55 ададро ташкил медиҳад. То охири соли равон зиёда аз 3,5 километр қисматҳои харобгаштаи сой барқарор карда мешавад.

Барои анҷоми корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай бештар аз 21 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Баъди анҷоми корҳои соҳилмус­таҳкамкунӣ дар сойи Тебалай бештар аз 400 оилаи шаҳри Кӯлоб аз хатари обхезӣ эмин мегардад.

Ҳамчунин, барқарорсозии соҳили дарёи Ёхсу дар мавзеъҳои Сари ангур, Ғофилобод, Ҷаврез, Кафтархона ва барқарорсозии соҳилҳои харобгаштаи дарёи Қизилсу дар мавзеи Туғайи ноҳияи Восеъ идома доранд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби марказҳои татбиқи лои­ҳаҳои назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор барои бо истифода аз имконоти мавҷуда, сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Корҳои барқарорсозӣ дар мавзеъҳо дар асоси лоиҳа бо истифода аз техникаи муосир ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб то фасли сармо барқарорсозии қисматҳои харобгашта ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Даҳана, Зиракӣ ва Тебалай ба итмом расида, эҳтимоли хавфи зарари офати табиӣ ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел пешгирӣ карда мешавад.

Оянда марҳила ба марҳила корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ҷиҳати рафъ намудани хавфи расидани зарари офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома меёбад.

 www.president.tj