Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№66 (3051) 03.06.2013

 Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сокинони деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшанро таҳти унвони «Умед дорем, ки арзи моро мешунаванд», рӯзномаи «Садои мардум» аз 12 феврали соли 2013 №18 (3003) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, оид ба ваҷҳҳои он посухҳои зеринро пешниҳод менамояд.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар заминаи татбиқи усулҳои муосири идоракунии инфрасохтори роҳ механизми институтсионалию инноватсиониро ҷорӣ намудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷойгиркунии плазаҳои толлингӣ амалӣ шудааст ва ҷойгиршавии онҳо, бо назардошти пешниҳодоти мутахассисони соҳаи роҳдорӣ муайян гардида, аз нуқтаи назари техникию иқтисодӣ асоснок  шудааст.

Оид ба масъалаи баста шудани роҳҳое, ки аз шоҳроҳ ба дохили хоҷагиҳои деҳқонии ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷарқӯрғон» ва «Лакат» мебарад, инчунин нигоҳдории роҳҳои байнихоҷагӣ зикр карданием, ки чунин амалҳо бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо дар оғози фаъолияти плазаи толлингии «Истаравшан» дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» (собиқ «Коммунизм») иҷро гардида, барои даромад ва баромад ба хоҷагиҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Роҳҳои даромад ва баромаде, ки бе риояи шарти бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳифзи муҳити зист ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дар ин хоҷагиҳо иҷро гаштааст ва сабаби зиёдшавии нуқтаҳои садамавӣ, кам кардани имконияти гузариши роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок мегарданд, ба нигоҳдорию истифодабарии роҳ зарар мерасонанд ва ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №214 аз 6 майи соли 2006 «Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард» мухолифат доранд, аз байн бурда шудаанд. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои байнихоҷагии дар нома зикршуда, роҳи даромад ба деҳоти Ҷарқӯрғон- Маданият ба масофаи 4,3 км ва роҳи Истаравшан-Куркат даромад ба деҳоти Лакат – МТФ ба масофаи 8,5 км ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳҳои дохилидеҳавӣ ба уҳдаи соҳибони онҳо, яъне хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  шаҳри Истаравшан вогузошта шудаанд, ки назорат ва танзими ҳаракат дар ин роҳҳо аз тарафи кормандони БДА-и шаҳри Истаравшан ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Истаравшан қарор дорад.

Масъалаи дигаре, ки дар нома омадааст, ин гузариши сокинони деҳаҳои Мурғпарварӣ, Туққизчалак, Парчаюз, Уюлӣ, Боёвут ва Уяс тавассути плазаи толлингии Истаравшан мебошад, ки дар Шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» тарифҳои имтиёзнок барои аҳолии ҳамшафати роҳ пешбинӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин, аз оғози фаъолият филиали ширкат имтиёзҳои гузаришро барои аҳолии ҳамшафати роҳ пешниҳод карда буд, ки то имрӯз он риоя мегардад. Дар натиҷа, тарифҳо барои категорияи мазкури истифодабарандагони роҳ якчанд маротиба паст карда шудаанд (дар баъзе қитъаҳои роҳ то 93 фоизро ташкил менамояд), ки ин ҳам то андозае барои коҳиш додани сарбории молиявии сокинони деҳаҳои зикршуда мусоидат менамояд.

 Н. ШОКИРОВ,

директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»