Мо бояд дастовардҳоеро, ки ба онҳо ноил шудаем, таҳким бахшем

№127 (3607) 08.10.2016

14207834_1127717537298431_1994833019396211449_oСуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

5 октябри соли 2016

 

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои басо хотирмон, ки бо мардуми бонангу номус ва ғаюру далери шаҳри Кӯлоб мулоқот дорем, бори дигар тамоми халқи азизи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлобро бо ҷашни пуршукӯҳи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки баробари истиқлолу озодӣ сарвати гаронбаҳотарини ҳастии миллатамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони кулли мардуми тоҷик, аз ҷумла ҳар яки шумо, ҳозирини арҷманд, сулҳу оромӣ, саломативу сарбаландӣ ва файзу баракати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷашни муқаддаси миллии мо дар саросари мамлакат бо самимияти зиёд ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳоти мо мардум ин рӯйдоди тақдирсози  таърихиро бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол намуданд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои идона ба хурду бузурги мардуми шарифи мамлакат изҳори миннатдорӣ менамоям ва ба ҳар яки онҳо барори кору комёбиҳои аз ин бештарро орзу­мандам.

Ман дар тайи бисту панҷ сол аз пешрафту дастовардҳои сокинони шаҳри таърихӣ ва куҳанбунёди Кӯлоб ифтихор намуда, матонату ҷасорат ва ҳимматбаландии тоҷиконаи ҳар як сокини шаҳрро ҳаргиз фаромӯш накардаам. Хусусан, нақши басо арзишманди ҷавонмардони шаҳри Кӯлоб дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон аз хотири мо ҳеҷ гоҳ намеравад.

Маҳз ҳамин номуси баланди мардуми Тоҷикистон ва садоқати онҳо ба халқу Ватан, аз ҷумла кӯшишу ғайрати фидокоронаи сокинони Кӯлоби бостонӣ боис гардид, ки дар айёми бисёр вазнину сангини оғози солҳои навадуми асри гузашта миллати мо аз парокандагӣ наҷот ёфт, давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нобудшавӣ эмин монд ва имкон фароҳам омад, ки мо то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонему истиқлолиятамонро бо шукргузорӣ  таҷлил намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки дар қаламрави Кӯлоби бостонӣ аз қадим фарзандони парчамбардору шуҷоатманд ва далеру ғаюр зиндагӣ карда, барои ҳар як ваҷаб хоки ин марзу бум ҷоннисориҳо кардаанд.

Шаҳри бостонии Кӯлоб аз ҷумлаи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ корномаи фарзандони он бо некӣ ёд шуда, аз ин шаҳр мероси гаронбаҳое аз бостон то ба имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз Кӯлоби бос­тонӣ ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи кишварамон табдил ёфтааст.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, бисёр мушкилоти ҳаёти шаҳрро зина ба зина бартараф намоем ва барои рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии он заминаи мусоид фароҳам оварем.

Дар давраи Истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳр беш аз 30 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра соҳаи саноат босуръат рушд ёфта, ташкили корхонаҳои нав ва номгӯйи маҳсулот сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Шумораи корхонаҳо дар соли ҷорӣ ба 61 адад расидааст, ки нисбат ба соли 1991 – ум чоруним баробар зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаи сохтмони шаҳр соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 127 баробар, корҳои сохтмону васлкунӣ 207 баробар ва ба истифода додани фондҳои асосӣ 454 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин муддат қариб 400 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд ва дар 170 иншооти дигар сохтмон босуръат идома дорад. Ҳамзамон бо ин, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бинои маъмуриву таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, хонаи баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони он ва дар назди аксари муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот синфхонаву биноҳои иловагӣ сохта, барои таҳсили хонандагон тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда, зиёда аз 6000 ҷойи нави хониш муҳайё карда шуд.

Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ соли ҷорӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди 4 муассисаи нави таълимӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз ҷумлаи онҳо мо дирӯз ду мактабро ба истифода супоридем.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявии солҳои гузашта, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба масофаи 132 километр ва роҳи мошингарди Кӯлоб–Шоҳон-Кулма сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба шарофати ин иқдом ҳоло соҳибкорон ва тоҷирон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориҳои бевосита барқарор намуда, тамоми фаслҳои сол тавассути қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомад менамоянд.

Инчунин, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуд ва мақоми байналмилалиро гирифт.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба рушди фарҳанг аҳамияти калон зоҳир гардида, 25 иншооти гуногуни фарҳангӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ, Боғи миллии Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Баргузор гардидани ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои мардуми Кӯлоб ва умуман, сокинони кишварамон рӯйдодҳои воқеан таърихӣ ба шумор мераванд.

Бо мақсади самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда, таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019» тасдиқ гардидааст, ки татбиқи 262 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ дар бар мегирад.

Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба шумор меравад.

Дар давраи амалишавии барнома зиёда аз 18 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб, дар баробари тамоми заҳматкашони кишварамон, таҳти шиори созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи санаи мубораку муқаддаси миллӣ содиқона заҳмат кашиданд ва ҳамчун  намунаи заҳмати созандаи онҳо дар ҷараёни сафари кории имрӯзаи мо якчанд иншооти нав ифтитоҳ гардид.

Дар ин лаҳзаҳои бисёр фархундаи идона мехоҳам ба кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, муроҷиат карда, як масъаларо хотирнишон созам, ки барои кишвари мо баъди ҷамъбасти бисту панҷ соли истиқлолият давраи нави рушд оғоз мегардад.

Яъне, мо бояд дастовардҳоеро, ки то имрӯз ба онҳо ноил шудаем, таҳким бахшем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои олие, ки дар назди худ гузоштаем, боз ҳам бештар ва аҳлона заҳмат кашем, Тоҷикистони азизамонро дар даҳ соли оянда аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва давлати мутараққиву неруманд табдил диҳем.

Мо, ҳама фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созем, ки Ватанамонро нисбат ба имрӯз ободу зебо, давлатамонро пешрафтаву неруманд ва рӯзгори ҳар як хонадони мардумамонро осудаву бобаракат гардонем.

Ҳамватанони азиз!

Мехоҳам бо истифода аз фурсат хотирнишон созам, ки ҳамаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд ва акнун мо бояд бо илҳому неруи нав корҳои ҳаррӯзаи ободониву созандагии худро идома бахшем.

Хусусан, ки ҳоло фасли тирамоҳ фаро расидааст, зарур аст, ки суръати ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба киштукори тирамоҳӣ тезонида, ба захираи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва ба фасли зимистон омода намудани ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дар навбати аввал иншооти иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ҷодаи ободу пешрафта гардонидани Ватани соҳибистиқлоламон  ман ба ғайрату номуси мардуми ватандӯсти кишварамон, аз ҷумла ба ҳиммати ҷавонмардонаи сокинони шаҳри қадимаи Кӯлоб, итминону эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ бо дастгирии самимона аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат тамоми неруи худро барои ободии Ватан, пешрафти Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва боз ҳам зебову пешрафта гардидани диёри хеш равона месозанд.

Дар ин рӯзи пуршукӯҳу фараҳбахш бори дигар мардуми ватанпарвару фарҳангдӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва ҷашни Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, ки барои мо чун шири модар муқаддас мебошад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвар сулҳу субот, хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва дар роҳи обод гардонидани Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кор орзумандам.

Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!